30 Декабр 2015
Ҳамдиёрони азиз!
Соли 2015, ки мо онро дар китоби таърихи халқамон номнавис мекунем пур аз воқеоти сиёсӣ, рӯйдодҳои муҳими таърихӣ ва фаромӯшнашаванда. буд. Сокинони шаҳри мо низ дар роҳи татбиқи сиёсати оқилонаву файзбахши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ ба дастовардҳои назарраси меҳнатӣ муваффақ гашта, дар сарсабзу шукуфоии кишвар ва рушди ҷомеа саҳми муассир гузоштанд.
Баргузории интихоботи маҷлисҳои маҳалӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, таҷлили Наврӯзи Аҷам, 18-солагии Вахдати миллӣ, 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи муҳимтарин рухдодҳои соли сипаришуда мебошанд.
Фарорасии Соли нави мелодии 2016-ро аз номи худ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бароятон муборакбод гуфта, ба ҳамаи бошандагони шаҳр саодати рӯзгор, омади кор, дастархони пур аз нозу неъмат, саломатию хотирҷамъӣ ва дастовардҳои беназирро таманно дорам.
Ҳамшаҳриёни гиромӣ!
Ҳамаи шумо хуб медонед, ки соли нави омадаистода барои кишварамон соли махсус аст: 9-уми сентябри соли 2016 мо 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони озоду соҳибихтиёри худро таҷлил мекунем. Сарфи назар аз он ки бисту панҷ сол дар таърихи инсонӣ он қадар фосилаи зиёд нест, вале роҳе, ки миллати мо дар ин марҳалаи кӯтоҳ паси сар карду корҳоеро ба шарофати истиқлолият ба субут расонид бемуболиға бо даҳсолаҳои зиёд баробар мебошад.
Соли равон 8 корхонаҳои нави саноатӣ ба фаъолият оғоз карда, 108 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид.
Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли корхонаҳои саноатии шаҳр дар давоми соли сипаригардида бори аввал ба маблағи 1 миллиарду 115 млн сомонӣ расид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 123 млн зиёд ва ё 114 фоизро ташкил медиҳад.
Дар соли сипаригардида яке аз рухдодҳои дигару басо фараҳбахштарину хотирмон, ин бешубҳа, ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» мебошад, ки ба мақоми Пешвои миллат сазовор гардидани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.Мо қайроққумиён низ чун дигар аҳолии кишвар ин рӯйдоди фарахбахшро самимона пазируфтем, ки арҷгузориву эъзоз ба заҳматҳои фарзанди ҷонфидои миллат мебошад.
Бо истифода аз фурсати муносиб ва бо шукронаи ин неъмати бебаҳо аз оғози соли 2016-ум бояд кору фаъолияти ҳаррӯза ва саъю талоши ҳар як фарди бонангу номус, худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпарвар марбут ба бисту панҷумин солгарди истиқлолияти давлатамон, ободиву шукуфоии сарзамини биҳиштосоямон ва бунёдкориву созандагии Ватани азизамон анҷом пазирад.
Бо ҳамин ниятҳои нек ҳамаи шуморо ба муносибати Соли нави мелодии 2016-ум самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳар хонаводаи тоҷик тандурустиву хушбахтӣ ва нангу номуси ватандорӣ орзумандам.
Бигзор Соли нави мелодӣ барои мардуми Тоҷикистон соли сулҳу амонӣ, файзу баракат ва пешрафту дастовардҳои тоза гардад.
Соли нави мелодӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!