Матни равон

Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри гулистон семинари омӯзишӣ дастурдиҳӣ ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани коргузорӣ ва риояи “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ”, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №268 қабул гардидааст бо иштироки роҳбарон ва коргузорони шуъбаву бахшҳо, ҷамоати шаҳракҳо ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр баргузор гардид.

Дар семинар роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр Искандар Муродов, мудири бахши умумӣ Гулбаҳор Алимова ва мутахассиси татбиқи забони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев иштирок ва суханронӣ намуданд.

Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр Искандар Муродов ҳадафи баргузории семинарро ба самъи иштирокдорон расонида, таъкид намуд, ки раванди ҳуҷҷатгузорӣ дар шуъбаву бахшҳо, ҷамоати шаҳракҳо ва ҳамаи ташкилоту муассисаҳо тақвият бахшида шавад.

Сипас, мудири бахши умумӣ Гулбаҳор Алимова ҷиҳати тақвияти раванди коргузорӣ ва дар ин замина таъмини гардиши доимии ҳуҷҷатҳои корӣ, иҷрои саривақтӣ ва босифати асноди назоратӣ, инчунин пешбурди назорати риояи талаботи марбут ба таҳияи дурусти ҳуҷҷатҳо аз ҷониби масъулин суханронӣ намуд.

Зикр гардид, ки бо мақсади пешбурди дурусти коргузорӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2017, №358 Дастурамали намунавии коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, муассиса, корхона ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, ба аҳли ҷомеа дастрас гардидааст.

Ҳамчунин, доир ба тарзи таҳияи ҳуҷҷатҳо, роҳ надодан ба хатоҳо, дар бланки шакли ягонаи тасдиқшудаи идоравӣ таҳия намудани ҳуҷҷат,бо риояи ҳуруф, андоза ва  меъёри  муақарраргардида таҳия намудани ҳуҷҷатҳо, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудан ба мазмуну моҳияти ҳуҷҷатҳо, пешгирии ҳолатҳои ба тавои қалбакӣ гузоштани рақам ва санаҳои қаблии бақайдгирӣ ва сари вақт дастарс гардидани ҳуҷҷатҳо тиби тартиби муқарраргардида ба ҳозирин маълумот дода шуд.

Мутахассиси татбиқи забони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев доир ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳими “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои  китобати забони тоҷикӣ” бо воситаи муаррифӣ (презентатсия) ба иштирокдорон маълумоти муфассал дод.

Зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни кишвар дар таърихи 5-уми октябри соли 2019 доир ба таҳияи лоиҳаи нави “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ” ба Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода буданд. Бо ин мақсад Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба олимону донишпажӯҳони забоншинос доир ба баёни андешаву назарҳо доир ба таҳрири нави имло расман муроҷиат намуда буд. Дар тайи ду сол Кумитаи забон ва истилоҳот якҷо бо дигар вазорату идораҳо ва донишмандони соҳа лоиҳаи нави “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои  китобати забони тоҷикӣ”-ро омода намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Дар натиҷа лоиҳаи пешниҳодгардида дастгирӣ ёфта, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №268 “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои  китобати забони тоҷикӣ” ба тасвиб расид. Сипас, нуктаҳои муҳими ва дар фаъолияти рӯзмарра зиёд дучоршаванда ба иштирокдорони семинар шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Дар фарҷом ба иштирокдорон маводҳои таблиғотӣ тақсим карда шуд.

 

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1902
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2281
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:15234
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:27707
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:8549
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7740939

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?