Матни равон

Дар толори китобхонаи шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бо ташаббуси гурӯҳи ҷавонони "Авангард"-и шаҳр маҳфили илмӣ-алабии "Гулистони сухан" бахшида ба Рӯзи Модар бо иштироки навқаламони гурӯҳи "Авангард" ва иштирокчиёни даври ҷумҳуриявии озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" баргузор гардид.

Дар маҳфили илмӣ-адабӣ Гулнози Тоҳириён узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоири ширинкалом, Хуршеда Наҷмиддинова узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, аълочии маориф ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон нависандаи маҳбуб, Фаридуншоҳ Абдуллоев мутахассиси татбиқи забони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, Рухшона Содиқзода сардори кор бо ноболиғони ШВКД ҶТ дар шаҳр ва Ҷасур Ҳаитқулов роҳбари гурӯҳи ҷавонони "Авангард"-и шаҳр иштирок ва суханронӣ намуданд.

Тибқи нақшаи баргузории маҳфил дар оғоз бо Гулноз Тоҳириён суҳбати озоди иштирокчиёни маҳфил баргузор шуд. Навқаламон ҷиҳати рушди истеъдоди қалами худ доир ба шеър, шеърияти шеър, шоир, мондагории шеър, шеъри суннатӣ, шеъри сапед, шеъри озод, имконоти шоир, олами шоирӣ ва дигар суолҳои худ посухи мушаххас гирифтанд. Сипас адибони ҷавон Фаридуншоҳ Абдуллоев, Озодбек, Бону Ҷуманова ва дигарон аз эҷодиёти худ ҳикояву шеърҳо қироат намуданд. Ҳамчунин, иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" аз ашъори бузургон шеърҳо қироат намуданд. Сипас, риштаи суханро Хуршеда Наҷмидинова узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба даст гирифта доир ба эҷодиёти худ ва жанрҳои адабӣ ба ҳозирин маълумот дод. Аз ҷониби устодон шеъру ҳикояҳои навқаламон мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуда, ба навраҳони ҷодаи эҷод тавсияҳои муфид дода шуд. Сипас, аз ҷониби иштирокчиён намунаҳо аз ашъори меҳмонон қироат карда шуд.

Дар фарҷом ҳамчун рамзи эҳтиром ба меҳмонон маҷмуаи шеъри навқаламон ва китобҳои устодони сухан тақдим карда шуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:344
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2281
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:15491
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:28417
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:6991
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7739381

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?