07 Январ 2016
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қайроққум дар давоми соли 2015 фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонун) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Фармону Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба роҳ монда, баҳри муайян намудани роҳҳои инкишофи иқтисодию иҷтимоии шаҳр, истифодаи оқилонаи замину об ва дигар сарватҳои табиӣ, мусоидат ба шуғли аҳолӣ, таҳияи нақша ва барномаҳои рушди иҷтимоии маҳал, таҳкими тарғиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини амнияту осоиштагии шаҳрвандон, беҳбудии ҳифзи саломатии аҳолӣ, таъмини кӯмаки тиббию санитарӣ, баланд бардоштани шароити моддию маишӣ ва сатҳи зиндагии мардум ба роҳ монд.
Соли ҷорӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон ва таҳкими рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии кишвар соли пурфайз ба ҳисоб рафта, чун солҳои пешин дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқ қадамҳои устувор гузошта шуд. Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар тамоми табақаҳои ҷомеа мавриди ҳамовозӣ ва пуштибонӣ қарор гирифтааст, далели возеҳи он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи рушд собитқадам аст.
КОРҲОИ ТАШКИЛӢ, МАСЪАЛАҲОИ ҲУҶҶАТНИГОРӢ
ВА КОР БО КАДРҲО
Ба ҷараёни корҳои ташкилӣ, интизоми иҷроия ва масъалаҳои кор бо кадрҳо дар дастгоҳи раиси шаҳр эътибори хоса дода мешавад. Фаъолияти мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ба роҳ монда шуда, рафти иҷрои Барномаҳои давлатӣ ва дигар масъалаҳои ҳаётан муҳими ба рушди маҳал мусоидаткунанда дар маҷлисҳои мақомоти мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуда, санадҳои дахлдор қабул гардиданд.
Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ҷаласаҳои худро сари вақт гузаронида, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Қайроққум дар доираи ваколатҳои худ бо аҳолӣ пайваста вохӯриҳо гузаронида, дар ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳр фаъолона ширкат меварзанд. Дар ин давраи соли ҷорӣ, дар асоси ҷадвали тасдиқшудаи раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳр вохӯриҳои вакилон бо интихобкунандагон дар 35 ҳавзаи интихоботӣ гузаронида шуданд. Ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе дар шаҳр ва шаҳракҳо қабули шаҳрвандон аз тарафи вакилон гузаронида мешавад. Инчунин дастгирии табақаҳои ниёзманд низ ба роҳ монда шуда, аёдати иштирокчиёну собиқадорони ҷангу меҳнат аз тарафи вакилон ташкил карда шудааст.
Дар ин муддат чор маротиба иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, чор маротиба ҷаласаи ҷамъбастии фаъолони шаҳр ва 17 маротиба машваратҳои коллегиалии раиси шаҳр бо роҳбарони ташкилоту корхонаҳо гузаронида шуда, протоколҳои онҳо дар доираи талаботи қоидаҳои тартиб додан ва ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои ташкилию амрдиҳӣ таҳия шуданд. Инчунин кормандони шӯъба дар ташкили чорабиниҳо ва вохӯриҳои Раиси шаҳрро ба низом дароварда, оид ба тасвиб расонидани нақшаи чорабиниҳо ва тартиби бурдани ин вохӯриҳо саҳми арзандаи худро гузоштаанд.
Боз дар ин муддат баҳогузорӣ ба фаъолияти хизматчиёни давлатӣ фаро гирифта шуд, ки кормандони шӯъба тибқи нақшаи чорабинӣ корбарӣ намудаанд. Инчунин дар ин фосила Аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ гузаронида шуд, ки дар он 23 нафар хизматчии давлатӣ номнавис шуда, 19 нафар иштирок намуданд. Бо сабаби 2 нафар бемор, 1 нафар дар рухсатии меҳнатӣ, 1 нафар ба дигар вазифа гузаштан фаро гирифта нашуданд.
Коргузорӣ дар доираи талаботи Дастурамали коргузорӣ дар вазорату идораҳо, мақомотҳои давлатӣ ва ташкилоту корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст ба роҳ монда шудааст.
Татбиқи «Барномаи татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2016» дар самти амали намудани сиёсати давлатии кадрҳо як қатор корҳо ба иҷро расонида шуд. Иҷрои нақша чорабиниҳо сари вақт таъмин гардида, ҷалби кадрҳои ҷавони лаёқатманд ба кор, интихоби кадрҳои баландихтиссос ба фаъолияти хизмати давлатӣ, нашри маводҳо дар рӯзномаю маҷалаҳо ва дигар корҳои муҳим ба иҷро расонида шуданд.
Дар ин муддат ду маротиба озмун барои ишғоли ҷои холӣ дар мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ баргузор гардида, 14 нафар хизматчиёни давлатӣ ба мансабҳои маъмурии хизматӣ давлатӣ қабул гардиданд. Озмун дар асоси талаботҳои Низомномаи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли ҷоиҳои холии мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 майи соли 2009 таҳти № 659 тасдиқ шудааст ба роҳ монда шуда, озмунҳо бевосита бо иштироки намояндаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.
Дар асоси Нақшаи Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармоиши давлатии азнавтайёркунӣ ва такмили ихтиссоси хизматчиёни давлатӣ дар Донишкадаи такмили ихтиссоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015 тасдиқ шудааст, зиёда аз 28 нафар хизматчиёни давлатӣ ба курсҳои омӯзишии саӣёр ва такмили ихтисос ҷалб карда шуданд.
Истифодаи технологияи компютерӣ бошад ба таври васеъ ба роҳ монда шудааст ва қариб 90 фисади хизматчиёни давлатӣ аз технологияи муосири компютерӣ озодона истифода мебаранд. Дар Ҷамоати шаҳракҳо низ нисбати ин масъала тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд. Дар ҳамкори бо Маркази таълими калонсолон хизматчиёни давлатии Ҷамоати шаҳракҳо ба курсҳои омӯзиши технологияи компютерӣ ҷалб карда шуданд.
Сомонаи расмии шаҳри Қайроққум бо суроғаи www.kairokkum.tj дар домени TJ дар шабакаи интернет фаъолият дорад. Бояд қайд намуд, ки сомонаи мазкур тибқи талаботҳои дар бандҳои Тартиби талаботи ягона амал мекунад. Аз ҷумла, сайти шаҳрӣ бо мундариҷаи маълумотҳои асосӣ, сохтори мақомоти ҳокимияти иҷроияи шаҳр, санадҳои меъёри ҳуқуқӣ, иқтисодиёт, лоиҳаҳои сармоягузорӣ, навигариҳо ва аксҳо пахш гардида истода, ҳуқуқи дар ихтиёр доштани мундариҷа ва навкунии маълумотҳои онро дар бар мегирад. Инчунин дар сомона дархости ҷустуҷӯӣ омода карда шуда, маълумотҳо мувофиқи хоҳиши истифода-барандагон мухтасар ифода карда шудааст.
ВАЗЪИ ИҶРОИ БУҶЕТ
Дар давоми соли 2015 ба қисми даромади буҷети давлатӣ ба маблағи 80 млн. 559,6 ҳазор сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳо ворид гашт, ки он баробар ба 107,4 фоизи нақшаи пешбинишуда мебошад. Дар натиҷа ба буҷет 5 млн. 559,6 ҳазор сомонӣ аз нақша зиёд маблағ ворид гардид. Нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ 107,4 % ба иҷро расида, зиёда аз нақша 1 млн.667,9 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид. Аз ёздаҳ намуди андозҳо танҳо ду намуд: андози даромад аз шахсони воқеӣ ва андоз аз арзиши иловашудаи дохилӣ (НДС) таъмин карда нашуд.
Воридоти барзиёдии андозҳо ба қисми даромади буҷет имкон дод, ки маблағгузории соҳаҳои мухталифи иҷтимоии шаҳр саривақт таъмин карда шаванд, ки дар натиҷа нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ 98,8% иҷро шуд. Танҳо ба ду соҳҳои асосӣ - маориф ва тандурустӣ 16,4 млн. сомонӣ, ё 72,1% маблағи буҷет равона карда шуд. Пардохти маоши кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ бо пуррагӣ таъмин гардид.
Дар ин давра нақшаи андози иҷтимоӣ 34 млн. 407,9 ҳазор сомонӣ буда, иҷрои он ба андозаи 31 млн. 488,2 ҳазор сомонӣ таъмин гардид, ки он баробар ба 91,5% аст. Аз нақшаи пешбинишуда 2919,8 ҳазор сомонӣ маблағ кам ворид гардидааст.
ГАРДИШИ САВДОИ ЧАКАНА ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ПУЛАКӣ ба АҲОЛӢ
Дар давоми соли равон ҳаҷми гардиши фурӯши моли чакана 29 млн. 219,5 ҳазор сомонӣ мебошад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 109,0%-ро ташкил медиҳад. Яъне, дар ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми гардиши фурӯши моли чакана – 26 млн 806,4 ҳазор сомониро ташкил медод.
ХУСУСИГАРДОНИИ ФОНДИ МАНЗИЛ
Хусусигардонии фонди манзил дар соли равон бо масоҳати умумии 1605,95 метри мураббаъро ташкил дода, 29 хонаҳои истиқоматӣ хусусӣ гардонида шуд. Маблағи умумии воридшуда ба буҷети маҳаллӣ 5531 сомониро ташкил дод. Аз амволи давлатии ба иҷора додашуда дар ин давра 50522 сомонӣ маблағ ворид гарид.
Шумораи умумии соҳибкорони инфиродӣ – 718 нафар, аз он ҷумла бо шаҳодатнома 168 нафар ва бо патент 550 нафарро ташкил дод.
ҶАЛБИ САРМОЯГУЗОРӢ
Тибқи маълумотҳо дар давраи ҳисоботӣ ба иқтисодиёти шаҳр 342,3 млн. сомонӣ (соли 2014 - 190 млн. сомонӣ) инвеститсияҳо ҷалб гардидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,8 баробар зиёд, ва ё ба андозаи 180,2 фоиз зиёд мебошад. Аз он 271,9 млн. сомонӣ инвеститсияҳои хориҷӣ (саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой барои васеъ намудани сехи коркарди еонсентрати металҳои руҳ ва сурб ба маблағи 265 млн. 207 ҳазору 245 сомонӣ ва ба ҶСК «Колинҳои Қайроққум» ба маблағи 6 689,8 ҳазор сомонӣ дастгоҳи бофандагии «Ванд де Вил» аз давлати Белгия), ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,6 баробар афзуд ва ё ба андозаи 206,4 фоиз зиёд мебошад. Боқимонда 70,4 млн. сомонӣ инвеститсияҳои дохилӣ буда, аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 – 114,5 фоизро дар бар гирифта, зиёд мебошад.
СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА
Дар миқёси шаҳр асосан соҳибкорон дар самти савдо, хизматрасонии маишии аҳолӣ, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ фаъолият мебаранд. Шумораи шахсоне, ки ба соҳибкорӣ машғуланд ҳамасола каме бошад ҳам меафзояд. Соли 2014 шумораи соҳибкорони тариқи патент ва шаҳодатнома фаъолияткунанда 684 нафар буда, ҳоло бошад, шумораи он ба 718 нафар расидааст, яъне 105-% (34 нафар зиёд) афзудааст.
Дар инкишофи соҳибкории хурду миёна фаъолияти бонкҳо мавқеи хосаро ишғол менамояд. Айни ҳол, дар шаҳр филиалҳои БДА «Амонатбонк», ҶСК «Ориёнбонк» ва ҶСК «Тоҷиксодиротбонк»,ҶСК «Тоҷпромбонк», ҶСП «Имонитернешенал», ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» ва инчунин ҶСК «Бонки Эсхата» фаъолият доранд.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи иқтисодиёти шаҳр аз ҷониби бонкҳои дар шаҳр фаъолият дошта ба соҳибкорон, корхонаҳо ва аҳолӣ қарзҳои кӯтоҳмуддат дода мешавад. Чунончи дар давоми соли 2015 бонкҳои шаҳр пурсамар фаъолият намуда, баҳри дастгирии соҳибкорон 15 млн. 813,9 ҳазор сомонӣ қарз дода шуд. Дар баробари ин бонкҳои шаҳр баҳри ҷалб намудани маблағҳои озоди аҳолӣ ва корхонаву ташкилотҳо кӯшиш намуда, давоми соли 2015 зиёда аз 38 млн. 299 ҳазору 189 сомонӣ ҳамчун депозит қабул карданд.
Гарчанде, ки ҳамасола ҳаҷми умумии қарзҳои бонкӣ ба мизоҷон афзуда истода бошад ҳам, лекин фоизи қарзҳо хеле баланд буда (аз 30% зиёд солона), қарзҳои дарозмӯҳлат аз ҷониби бонкҳо ба мизоҷон пешниҳод карда намешавад, ки боиси суст тарақи ёфтани соҳаи соҳибкории истеҳсолӣ мегардад.
ВАЗЪИ СОҲАИ САНОАТ
Корхонаҳои саноатии шаҳри Қайроққум дар давоми соли 2015 фаъолияти истеҳсолӣ бурда, дар ин давра ба маблағи 1 млрд. 146 млн. 79,6 ҳаз. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 120,1 фоизро ташкил дод, ё ки ин нишондиҳанда ба маблағи 192,1 млн. 430,8 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Аз ин 98,3%-и ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолгардида ба корхонаҳои саноатӣ тааллуқ дошта, 1,7%-и он ба хизматрасонии пулакӣ ва ба сектори хусусӣ мансуб аст.
Дар давраи ҳисоботӣ аз 29 корхонаи саноатии шаҳр 20-тои онҳо афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро аз 100,0% то ба 219,9% расонида, иҷрои онро барзиёд таъмин намуданд. Мутаассифона, дар 6 корхонаҳо ин нишондиҳанда ба андозаи: ҶДММ «Сахо и К»-46,5%, Нерӯгоҳи барқи обӣ-98,9%, ҶДММ «Тафтекс»-9,3%, ҶДММ «Абадӣ»-21,1%, ҶДММ«Восили Тобон»-36,4%, ва ҶДММ «Таъминот и К»-37,6% буда, бо сабабҳои гуногун афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро дар давоми соли 2015 нисбати ҳамин давраи соли гузашта таъмин карда натавонистанд.
ҶДММ «Сахо и К» бинобар зиёд будани бақияи маҳсулоти тайёр ва боздошти истеҳсоли зарфҳои шишагӣ, Нерӯгоҳи барқи обии ба номи «Дӯстии халқҳо» бо сабаби камоб будани обанбор ва таъмири агрегатҳо, ҶДММ «Тафтекс» бо сабаби кам ба фурӯш рафтани маҳсулоти истеҳсолӣ ва норасоии воситаи гардон, ҶДММ «Абадӣ» бо сабаби саривақт ҷудо нашудани ашёи хоми нафт ва ба фурӯш нарафтани маҳсулоти тайёр, ҶДММ «Восили Тобон» бо сабаби давом ёфтани баҳси судӣ байни муассис ва роҳбари корхона ва ҶДММ «Таъминот и К» бо сабаби ба фурӯш нарафтани миқдори ночизи маҳсулотҳои тайёри корхона натавонистанд дар давоми соли 2015 фаъолияти истеҳсолиро дуруст ба роҳ монанд. Имрӯзҳо бақияи маҳсулоти тайёри ба фурӯш нарафтаи корхонаҳои саноатии шаҳр 18 млн.049 сомониро ташкил медиҳад.
Се корхонаҳои дигар - ҶСП «Темурмалик» аз сабаби ба муҳлати 5 сол ба Агентии захираҳои моддӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷора дода шудан, ҶСК «Комбинати маъдантозакунии Адрасмон» бо сабаби паст рафтани нархи маҳсулоти истеҳсолиаш, ва Матбааи шаҳр бо сабаби фарсудаву кӯҳна будани таҷҳизотҳо ва паст будани сифати маҳсулоти истеҳсолиаш дар давраи ҳисоботӣ фаъолият истеҳсолӣ набурдаанд.
Ҳиссагузории корхонаҳои саноатии шаҳр дар давоми соли 2015 чунин аст: ШСКТХ – 74,4%, ҶМ«Апрелевка» - 12,1%. Ин ду корхонаи номбурда ҷамъ: 86,5%-и ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии шаҳрро таъмин намуданд, 11,8%-и ҳисагузориҳо ба дигар корхонаҳои саноатӣ ва 1,7%-и боқимонда ба сектори хусусӣ ва хизматрасонии пулакӣ вобастагӣ дорад. Дар ҳамин давраи соли 2014 дар ШСКТХ-73%, ҶМ «Апрелевка»-12,3%, ҷамъ: 85,3%-и ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ таъмин гардида буд.
Дар давоми моҳҳои январ-декабри соли 2015 корхонаҳои саноатии шаҳр 165,9 ҳазор тонна консентрати сурб, руҳ ва хокаи мис, 11,6 ҳазор тонна орд, 2,4 ҳазор тонна сабӯс, 1176,6 тонна комбикорм, 3172,9 метри мураббаъ сенвич панел, 25,6 тонна металлоконструксия, 1 млн. 843 ҳазор дона зарфҳои шишагии 1,0 лит. ва 2,0 литра, 3014 метри мукааб маҳсулоти оҳану бетонӣ, 659,1 млн. квт/соат нерӯи барқ, 14,0 ҳазор литр спирт, 6,7ҳазор дал машрубот, 7945,4 дал маҳлули антисептикӣ, 1 млн.187,3 ҳазор метри мураббаъ маҳсулотҳои қолинию тафтенгӣ, 30 тонна оканаи оташбардор, 1988,8 метри мукааб сангреза ва қуми шусташуда ва 792 тонна доломити азнавмайдакардашуда, маҳсулотҳои дӯзандагӣ ба маблағи 750,8 ҳазор сомонӣ, ба маблағи 49,2 ҳазор сомонӣ оксиген, 1290,1 грамм маҳсулоти заргарии тилло, 6720,7 грамм маҳсулоти заргарии нуқра, 1027,4 тонна пӯсти чорво, 67,4 тонна сӯзишвории дизелӣ, 7,8 тонна бензин ва 61,8 тонна мазут, 858,4 км кабел, 7289,5 метри мукааб рег, 8060,9 метри мукааб шағал, 50,9 км ноқили мисин, 576,7 тонна нахи пахтаю 944,5 тонна чигит ва дар корхонаҳои хурду миёна дар ҳаҷми 8687,5 тонна санги сохтмонӣ ва дигар маҳсулотҳои саноатию ниёзи мардум истеҳсол намуданд.
Мувофиқи ҳисоботҳои оморӣ дар давоми давраи ҳисоботӣ, шумораи миёнаи кормандони корхонаҳои саноатии шаҳр то санаи 1-уми декабри соли 2015, ки ба фаъолияти меҳнатӣ машғул буданд 3673 нафарро ташкил дод, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 206 нафар зиёд аст.
Музди маоши миёнаи кормандони корхонаҳои саноатии шаҳр дар ҳолати 1-уми декабри соли ҷорӣ 1982 сомонӣ буда, аз ҳамин давраи соли гузашта 125 сомонӣ зиёд, ё ки 106,7 фоизро ташкил медиҳад. Дар корхонаҳои саноатӣ аз ҳама маоши баландтарин 2343 сомонӣ дар ШСКТХ, 2194 сомонӣ дар ҶДММ КМ ТК “Апрелевка”, 1954 сомонӣ дар НОБ, 1475 сомонӣ дар ҶДММ «Ҷовид» ва 1225 сомонӣ дар ҶСП «Сидней Хуҷанд» мебошад. Аз ҳама маоши камтарин дар ҶДММ «Комбинати фулузоти нодири Ленинобод» 437 сомониро ташкил медиҳад.
Дар соли 2015 аз 8 коргоҳҳои истеҳсолии ба нақша гирифташуда, 8 коргоҳ ба фаъолият оғоз намуданд: ҶДММ «Дӯстон-1», коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ (тушпера) дар заминаи ҶДММ «Сахо и К», ҶДММ «Боғи Фирдавс», ҶДММ «Суғд кабел», корхонаи маҳсулоти нимтайёр дар заминаи Осоишгоҳи «Баҳористон», коргоҳи қаннодӣ-нонпазӣ дар шаҳраки Адрасмон, ҶДММ «Шурхат 2005» ва ҶДММ «Хайри Хуршед». Дар натиҷаи бунёди корхонаҳои навтаъсис дар соҳаи саноати шаҳр 108 ҷойҳои кори нави доимӣ ташкил гардид.
Саноатчиёни шаҳри Қайроққум барои рушду нимӯи соҳаи саноат кӯшиш ба харҷ дода, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро сол аз сол баланд бардошта, имрӯз 24,8%-и ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилояти Суғдро таъмин намуда, ҷойи аввалро ишғол менамоянд.
СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ
Баҳри иҷрои супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аз нав дида баромадани нақшаҳои кулли шаҳру ноҳияҳо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қайроққум барои таҳия намудани маҳсулоти илми техникӣ (лоиҳавӣ) бо ташкилотҳои дахлдор ба имзо расонид. То имрӯз 100% маблағи дар тендер муайяншуда ба андозаи 199 ҳазор сомонӣ пурра пардохт шуда, корҳои лоиҳакашӣ ба итмом расонида шуд. Хулосаҳои идораҳои дахлдор ва ташкилотҳои соҳавӣ тибқи Кодекси шаҳрсозӣ гирифта шуда, дар маҷлиси вакилони халқи шаҳр тасдиқ гардид.
Нақшаи кулли амалкунандаи шаҳр баъд аз заминларзаи соли 1985 ки аз тарафи паҷуишгоҳҳои лоиҳакашии «Гипрострой» қисми шарқии шаҳр ва аз тарафи «ТАШЗНИИП» қисми ғарбии шаҳр таҳия шуда, то имрӯз қисман амалӣ гардидааст. Яъне дар қисми ғарбии шаҳр мувофиқи лоиҳаи кулл маҳаллаҳои Қолинбофон ва Дустии Халқҳо бунёд карда шуда 37 хонаҳои 4-5 ошёна ва нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ сохта ба истифода дода шуд.
Ба шаҳри Қайроққум 6 шаҳрак ва 3 деҳа тобеъ мебошад ва маркази шаҳр ва шаҳраки Сирдарё бо нақшаҳои муфассали таҳррезии маҳал таъмин мебошанд. Шаҳракҳои Адрасмон, Зарнисор, Консой, Чоруқдаррон ва Навгазан солҳои 30-40 бунёд гардиа, тарҳрезиро талаб доранд, бинобар эълон шудани тендери байналмиллалии «Конимансури калон» дар шаҳраки Адрасмон сохтмон ҳамагуна иншоотҳо мавқуф гузошта шудааст.
Дар соли ҳисоботӣ як қатор корҳои сохтмону барқарорсозии бинову иншоотҳо ба роҳ монда шуда, ба истифода дода шуданд. Арзиши корҳои сохтмонӣ, аз ҷумла дар марказҳои тиҷоратию хизматрасонӣ, манзилҳои хусусӣ, биноҳои истиқоматӣ, истироҳатӣ ва сехҳои истеҳсолӣ дар ин давра ба маблағи 30 млн. 226 ҳазору 637,9 сомонӣ ба иҷро расонида шуданд. Масоҳати умумии иншоотҳои ба истифода додашуда 12109 метри мураббаъро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9256 метри мураббаъ (4,2 маротиба нисбати соли гузашта зиёдтар) ва ба маблағи 12 млн. 526 ҳазору 637 (170,8%) сомонӣ зиёд мебошад.
Бо иштироки Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлили тантанаҳо Наврӯзи байналмилалӣ аз тарафи ҶДММ “Дӯстон-1” корхонаи мурғпарварӣ барои 100 ҳазор мурғ бо арзиши 771 ҳазору 260 сомонӣ, аз тарафи ҶДММ “Фаровон-1” сехҳои истеҳсоли камбикорм ва сендвич-панелҳо бо арзиши 2 млн. 785 ҳазору 263 сомонӣ ва аз тарафи Бонки миллӣ сехи хӯроки нимтайёр дар ҳудуди Осоишгоҳи “Баҳористон”, дар маркази шаҳр хонаи истиқоматии панҷошёнаи 35 ҳуҷрадор аз тарафи соҳибкор Турсуной Зокирова ба истифода дода шуд. Инчунин бахшида ба 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси вилояти Суғд дар минтақаи саноатии шаҳр корхонаи истеҳсоли ноқилҳои симин мис аз тарафи соҳибкор Мирхолиқов З., дар маркази шаҳр кӯдакистони хусусӣ баъд аз таъмири асосӣ аз тарафи ҶДММ «Ариана-Л» ва боғи фарҳангию фароғатӣ бо дастгирии корхонаву муассисаҳо ва соҳибкорон ба истифода дода шуданд. Инчунин дар шаҳраки Сирдарё маркази таълимии адрасбофӣ ташкил карда шуда, бинои Ҷамоати шаҳрак таъмир бароварда, ба истифода дода шуд.
Мувофиқи низоми иҷозатномадиҳӣ соли ҷорӣ барои оғози сохтмон 44 иҷозати сохтмон дода шудааст, ки аз онҳо 9 ададаш барои фаъолияти соҳибкорӣ мебошад.
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои маҳалҳои аҳолинишин ба 480 оилаҳои эҳтиёҷманди шаҳр қитъаи замин аз ҳисоби заминҳои ноҳияи мазкур ҷудо ва тақсим карда шуданд.
ВАЗЪИ ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН
Ҳолати истифода ва ҳифзи замин дар шаҳри Қайроққум аз ҷониби Кумитаи заминсозии шаҳр таҳти назорат қарор дошта, мақомоти мазкур дар ин самт фаъолияташро тибқи санадҳои танзимкунандаи соҳа ба роҳ мемонад.
Дар давраи ҳисоботӣ 48 ҳолати қонунвайронкунӣ аз ҷониби шаҳрвандон бо масоҳати 15,38 га ташкил дода, ба маблағи 17000 сомонӣ ҷаримабандӣ гардидааст.
ҲИФЗИ ҲАВОИ АТМОСФЕРА ВА ЗАХИРАҲОИ ОБ
Ҳифзи ҳавои атмосфера, захираҳои об, наботот, захираҳои моҳӣ, истифода ва ҳифзи замин, канданиҳои фоиданоки маъмули умум ва муомилот бо партовҳо дар зери назорати қатъии бахши муҳити зист қарор дорад.
Дар давраи ҳисоботӣ 427 (соли 2014 - 402) маротиба санҷишҳои соҳавӣ гузаронида шуда. барои ислоҳи камбудиҳо 725 пешниҳодҳо дода шудааст. Нисбати 153 (соли 2014 - 148) нафар шахсони вақеӣ ва мансабдор протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ҷаримабандӣ карда шудааст, Дар соли 2015 маблағи ҷаримаи руйондашуда 663271,69 сомониро ташкил медиҳад, ки ин 104,3 фоизи нақшаро ифода мекунад.
НАҚЛИЁТ ВА КОММУНИКАТСИЯ
Дар маркази шаҳр ва шаҳракҳои Қайроққум 9 хатсайри микроавтобусҳои мусофиркашон(16, 40, 40а, 66, 91, 45, 337, 127 ва 117) фаъолият менамояд.
Бо мусоидат ба Барномаи вилоятии “Идомаи соли роҳҳои обод” соли ҷорӣ 62,05 км роҳҳои автомобилгард таъмиру тармим шуд. Аз ҷумла, 2,05 км таъмири асосӣ, 21 км таъмири ҷорӣ, 39 км шағалпӯш карда шуданд. Инчунин азнавсозии 1 кӯпрук дар Ҷамоати шаҳраки Консой иҷро гардид. Дар маҷмӯъ барои татбиқи ин барнома беш 880 ҳазор сомонӣ маблағ масраф шуд.
Дар соли 2015 аз тарафи кормандони қитъаи техникии қайроққумии ҶСК «Тоҷиктелеком» таъмири 8,5 км силкҳои тақсимоти гуногунтамға, 4,7 км силкҳои шоҳроҳӣ, 5 адад ҷевонҳои тақсимотӣ, рӯйпӯш намудани 5-то чоҳҳои алоқа ба сомон расонида шудааст. Инчунин 20 нуқтаҳои телефонӣ ба аҳолӣ, корхона ва ташкилотҳои дар ҳудуди шаҳр насб гардид.
Истифодабарандагони интернети баландсурат дар байни корхона ташкилот ва аҳолӣ 115 ададро ташкил медиҳад. Шумораи дастгоҳҳои телефонӣ 2319 адад мебошад.
ХИЗМАТРАСОНИИ КОММУНАЛӢ
Аз тарафи корхонаҳои коммуналии шаҳр корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, ҷиҳати хизматрасонии коммуналӣ барои таъмини мунтазами аҳолӣ бо қувваи барқ, гази моеъ ва дигар намуди хизматрасониҳо чораҳои зарурӣ андешида шуданд.
Корҳои ободониву кабудизоркунӣ ва хизматрасониҳои коммуналӣ аз ҷониби КВД «Хоҷагии манзиливу комуналӣ»-и шаҳр дар марказ ва дар шаҳракҳо бошад, аз тарафи корхонаҳои манзиливу коммуналии шаҳракҳо роҳандозӣ карда шуд.
Дар соли равон корхонаҳои коммуналии шаҳру шаҳракҳо дар асоси нақшаҳои молиявию истеҳсолӣ фаъолияти худро ба роҳ монда, ба маблағи 4млн. 458 ҳазору 649 сомонӣ корҳоро ба иҷро расонид. Дар самти тозагии санитарии шаҳру шаҳракҳо 35 нафар кормандон фаъолият намуданд. Аз ҳудуди шаҳр ба миқдори 18054 метри мукааб партовҳои сахти маишӣ бароварда шудааст.
Аз тарафи шуъбаи ободонии КВД «Хоҷагии манзиливу комуналӣ»-и шаҳр дар ҳудуди шаҳр ва минтақаи истироҳатӣ ба миқдори 3611 сӯзанбарг, 581 буттаи ардаҷ(моҷевелник), 400 сафедор, 3200 гули садбарг, 4 дона тӯс, 4 шоҳбулут(каштан), 4 буттаи ҷанубӣ(магнолия), 100 ёси ҳиндӣ(сирен), 1300 гули лола, 160 дарахтони мевагӣ, 65000 кӯчати гулҳои ороишии ҳарҳела коштаву шинонида шуд. Дар кӯчаи асосӣ бо мақсади ободу зебо ва равшан намудани қади роҳ фурӯзонакҳои ҳозиразамони диодӣ ба миқдори 105 дона ба маблағи 346000 сомонӣ васл карда, симчӯбҳо низ ба маблағи 2000 сомонӣ рангубор карда шуданд. Инчунин чароғакҳои ороишӣ ба маблағи 85900 сомонӣ васл гардиданд.
Боғи фароғатӣ истироҳатии 24-солагии Истиқлолият пурра ба истифода дода шуда, ҳудуди он ба масоҳати 7000 метри мураббаъ сабзапӯш (газон) карда шуд. Инчунин фаввора, муҷассамаи модар, шаршара сохта, ба миқдори 22 нишастгоҳ, 20 гулдон, 23 чароғҳои равшанидиҳандаи замонавӣ гузошта шуд. Дар секунҷаи даромади шаҳр барои аз навсозии фаввора ва чароғонкунии гирди он 14200 сомонӣ маблағ сарф карда шуд. Дар соли ҳисоботӣ 3 техникаи нав барои баровардани партовҳо харидорӣ гардид.
Дар корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва коррезии шаҳр 35 нафар кормандон кор мекунанд. Фаъолияти асосии корхона таъмин намудани аҳолии шаҳр бо оби нӯшокӣ, дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани рафъи партовоб, бастани шартномаҳо байни истеъмолкунандагон ва ҷамъоварӣ намудани маблағи хизматрасониҳо мебошад.
Корхона соли ҷорӣ ҳамагӣ ба маблағи 766249 сомонӣ хизмат расонид.
Дар ҳолати ногувор қарор доштани системаи ташноб аз муаммоҳои асосии шаҳр маҳсуб меёбад. Алҳол ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи барқарорсозии системаи ташноби шаҳр пешниҳод гардидааст.
ОМОДАГӢ БА ДАВРАИ ТИРАМОҲУ ЗИМИСТОН
Дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд аз 26 майи соли 2015, №267 «Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёти вилоят барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016», қарори раиси шаҳри Қайроққум аз 5 июни соли 2015, №124 ба имзо расида ҳайати ситоди шаҳрӣ ва нақша чорабиниҳо тасдиқ гардиданд.
Дар шаҳру шаҳракҳои Қайроққум айни ҳол 17 нуқтаи статсионарӣ ва сайёри фурӯши ангиштсанг аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ ташкил карда шудааст. Ҳамчунин аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бо воситаи нақлиётҳои сайёр ба шаҳрвандон ангишт ва гази моеъ дастрас карда мешавад. Нархи 1кг ангишти калонҳаҷм ба ҳолати 1 декабри соли равон аз 85 то 95 дирам ва ангишти майда аз 55 то 65 дирамро ташкил медиҳад. Дар давраи ҳисоботӣ 11 нуқтаи статсионарӣ ва 4 нуқтаи сайёри фурӯши нуқтаи гази моеъ ташкил карда шудааст.
Барои омодагии муташаккилона ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016 барои харидории ангишт ва сӯзишворӣ ба генератор ба муассисаҳои тандурустӣ, маориф ва фарҳанг 124 ҳазору 625 сомонӣ маблағ (аз он ҷумла 261,08тонна ангишт, нақша-225 тонна) аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ҷудо карда шуд, ки иҷроиши нақша 116%-ро ташкил медиҳад.
РОБИТА БО ҶОМЕА
Дар соли 2015 шуъбаву бахшҳои соҳаи иҷтимоӣ фаъолияти худро дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барномаву стратегияҳои миллии давлатӣ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору супоришҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва қарору нишондодҳои раиси шаҳр ба роҳ монда, корҳои муайян ва мушаххасро ба анҷом расониданд.
Бо мақсади тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, дар партави эълон гардидани соли 2015 ҳамчун - Соли оила, Соли идомаи роҳҳои обод, Соли гулҳо, ва Соли рушди фарҳанг, соли баргузории маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи Маҷлиси Олӣ ва вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, сазовор пешвоз гирифтани ҷашни Наврӯзи ҷумҳуриявӣ, 18-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, 24-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 21-умин солгарди қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пазироии меҳмонони олиқадр ва бахшида ба дигар санаҳои муҳими таърихии сол дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр шиору овезаҳои доимоамалкунандаи тарғиботӣ ба маърази умум гузошта шуда, чорабиниҳои мухталифи фарҳангӣ доир гардиданд.
Дар ин давра бо мақсади фаҳмондадиҳии вазъи сиёсӣ, таблиғоти ҳуқуқӣ, волоияти қонун, пешгирии ҷинояткорӣ, худкушӣ ва дигар ҳодисаҳои номатлуб, аз ҷумла гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундраву экстремистӣ, баланд бардоштан ва бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим чорабиниҳои гуногуни тарғиботиву ташвиқотӣ ба вуқӯъ пайвастанд. Дар Ҷамоати шаҳракҳо, корхонаву ташкилотҳо, идораву муассисаҳои шаҳр, новобаста аз шакли моликияташон бо ҷалби зиёди аҳолӣ бо иштироки намояндагони вилоят ва тарғиботчиёни маҳаллӣ 12 маротиба Рӯзҳои ягонаи ахбори сиёсӣ дар мавзӯъҳои «Натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят дар соли 2014 ва вазифаҳо барои соли 2015”, “Паёми Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Хизмат дар сафи Артиши миллӣ - қарзи виҷдон ва ҳаққи фарзандии ҳар як ҷавони шуҷоатманд», «Наврӯзи байналмиллалӣ - иди бузурги аҷдодӣ ва оғозбахши корҳои кишоварзӣ”, “Оилаи солим – ҷомеаи солим”, “Ҷавонон - тақдирсози роҳи имрӯзу фардо”, “Ваҳдат – омили муҳими пешрафти кишвар”, “Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон-ҷашни фархунда ва неъмати беназир”, “Забони миллат – ҳастии миллат”, “Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикоскунандаи орзуву омоли мардуми кишвар”, “Парчам рамзи давлатдорӣ” ва “Таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд омили асосии рушди иҷтимоӣ” гузаронида шуда, мазмуну муҳтаво ва ҳадафҳои онҳо ба мардум фаҳмонида шуд. Дар баробари мавзӯъҳои зикргардида аз ҷониби ҳам тарғиботчиёни вилоят ва шаҳр доир ба мубориза ба муқобили тероризму экстремизм, иштироки ҷавонон дар набардҳои мусаллаҳонаи Ироқу Сурия, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, аз ҷумла ҳизбу ҳаракатҳои радикалии динӣ - “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Ҳизби исломии Туркистон”, “Равияи салафия”, “Ҳаракати Ҷундуллоҳ”, “Ҳаракати Ансоруллоҳ”, “Ҷамоаи таблиғ”, “Давлат-ул-ислом”, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, сабабу омилҳои ҷанги таҳмилӣ дар Тоҷикистон, аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва монанди ин суханрониву баромадҳо намуда, корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд.
Омӯзиш ва тарғибу ташвиқи мазмуну муҳтавои Паёми навбатии Президенти Чумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гузаронидани суҳбату вохӯриҳо дар ҷамоатҳо, корхонаву муассисаҳо, ташкилоту идораҳо ба таври васеъ ба роҳ монда шуда, матни он дар нашрияи маҳаллии “Соҳил” аз 24 январи соли 2015, № 5 нашр гардида, манзури муштариён карда шуд.
Бо мақсади таъмини кафолати бехатарии аҳолии кишвар, тартиботу оромии ҷомеа ва амнияти давлатӣ, ҷиҳати ошкор ва пешгири таҳдиду хатарҳои тероризм ва экстремизми сиёсиву динӣ нусхаи протоколи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастраси раисони ҷамоатҳо ва маҳаллаҳо карда шуда, корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ дар Ҷамоату маҳаллаҳо ва корбарии инфиродии мушаххас бо сокинони шаҳр гузаронида шуд. Ғайр аз ин мақолаи “Акси садои хиёнатҳои наҳзатӣ”, ки дар ҳафтаномаи “Фараҷ” №37 (458) аз 9 сентябри соли 2015 чоп гардида буд, санаи 16 сентябр дар нашрияи маҳалии “Соҳил” таҳти № 33 (812) бознашр карда шуда, мутолеаи он санаи 17 сентябр дар корхонаву муассисаҳои қаламрави шаҳр ба роҳ монда шуд. Инчунин барномаи телевизионии “Афкор” дар мавзӯи “Сару либоси миллӣ ва худдорӣ аз тақлид ба бегонапарастӣ” бо ширкати фаъолони шаҳр сабт гардида, ба воситаи телевизиони вилоятӣ пахш карда шуд. Мақолаи Раиси Маҷлиси намояндагони МО ҶТ Шукурҷон Зуҳуров таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон халқро аз парокандагӣ ва миллатро аз нестшавӣ наҷот дод», ки дар рӯзномаи Ҷумҳурият аз 11 декабри 2015, №247 нашр гардида буд санаи 17 декабр дар мутолеаи он 42 корхонаву муассисаҳои шаҳр ба роҳ монда шуд. Ҳамзамон бо иштироки зиёда аз 300 нафар фаъолон, ходимони дин, раисони ҷамоатҳову маҳаллаҳо, омӯзгорону хонандагон ва аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ машварати фаҳмондадиҳӣ доир ба шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ доир гардида, филми мустанади “Масири гумроҳон” ба ҷамъомадагон намоиш дода шуд.
Тибқи нақшаи алоҳида дар Ҷамоати шаҳракҳо бо иштироки намояндагони мақомоти прокуратураи шаҳр ва кормандони масъули Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар шаш Ҷамоати шаҳракҳо вохӯриву мулоқотҳои судманд бо фаъолон баргузор гардид, ки дар онҳо мавзӯъҳои терроризму экстремизм, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарову иртиҷоӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуданд. Бо мақсади густариши корҳо дар самти пешгирии зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа, аз ҷумла дар атрофи масоили пешгирии равияҳои тундгаро ва ифротӣ, мубориза ба муқобили террроризм, экстремизм ва монанди ин маводҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, аз қабили “Терроризм рядом”, “Эктремизму и тероризму - нет!”, “Асрори пушди пардаи тиҷорати Кабирӣ, “Ҳизби тафриқапеша”, “Нома ба бародари Кабирӣ” “Тоҷикистони азиз шукуфон бошад, на ҷангзада...” дар нашрияи маҳаллии “Соҳил” ба табъ расонида, манзури мардум карда шуд.
Баъд аз мулоқоти Сарвари давлат бо фаъолзанони ҷумҳурӣ дар чорабинии Рӯзи Модар дар шаҳр доир ба масъалаи зиёдаравиҳо ва бегонапарастиҳо, аз ҷумла риояи фарҳанги либоспӯшӣ (сатру ҳиҷоб) ва чеҳраи миллӣ (ришҳои бенизоми номувофиқ ба синну сол) корҳои фаҳмондадиҳӣ васеъ ба роҳ монда шуда, 82 нафар бонувону занҳои хонанишини сатру ҳиҷобпӯш ва 19 нафар ҷавонони дорандаи ришҳои бенизом тарзи либоспӯшӣ ва симояшонро ба чеҳраи миллӣ баргардониданд.
Қобили қайд аст, ки аз ҷониби раиси шаҳр ба масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҷамоатҳо ҷиҳати бештар муассиру фарогир намудани корҳои ташвиқотӣ миёни аҳолии шаҳру шаҳракҳо, дуруст ташреҳ додани ҳадафҳои созандаи Пешвои миллат, тарғиби дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ, мубориза алайҳи хурофотпарастӣ, тундгароӣ, ва амсоли ин ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар соли 2016 дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуд.
Дар давоми соли 2015 дар марказ ва Ҷамоати шаҳракҳо тибқи нақшаи махсус маҳфилҳои “Лоиқхонӣ”, “Рӯдакихонӣ”, “Мавлавихонӣ” ва “Туғралхонӣ” ба вуқӯъ пайвастанд, ки дар онҳо шоирону нависандагон ва донишмандони маъруфи тоҷик, аз қабили Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазод, номзади илмҳои филология Тоҷибой Султонӣ ва дигарон, ҳамзамон қаламкашони қайроққумӣ ширкат варзиданд. Бахшида ба 70-солагии Ғалаба дар ҶБВ китоби Улуғбек Хоҷаев бо номи “Онҳо барои Ватан ҷангидаанд” ба табъ расонида шуд.
Дар ҳудуди шаҳри Қайроққум 4 ҳизбҳои сиёсӣ - Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ва Ҳизби аграрии Тоҷикистон фаъолият доранд, ки мунтазам бо онҳо корбарӣ ба роҳ монда шудааст. Моҳи июн дар Шӯрои ҷамъиятӣ фаъолияти ҲХДТ дар соли 2014 ва нимсолаи якуми соли 2015 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар қаламрави шаҳр 13 иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва 9 иттиҳодияҳои динӣ фаъолият бурда, дар давраи ҳисоботӣ ҷаласаҳои васеи Шӯрои Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Иттифоқи чернобилчиён, Иттифоқи собиқадорони ҷанги Афғонистон ва муҳофизони сохти конститутсионӣ моҳҳои май-июни соли равон доир гардида, дар он масоили марбут ба фаъолият ва густариши он, иштироки фаъолонаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар чорабиниҳои умумишаҳрӣ мавридӣ баррасӣ қарор гирифтанд.
Мутобиқи қарори раиси шаҳри Қайроққум аз 20 августи соли равон таҳти рақами 201 “Дар бораи муташаккилона гузаронидани маъракаи қабули обуна ба рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ барои соли 2016 ба ҳолати 4 январи соли 2016 ба тариқи зайл натиҷаи ниҳоӣ додаст: дар маҷмӯъ ба нашрияҳои ҷумҳуриявӣ ба теъдоди 1056 нусха рӯзномаву маҷаллаҳо обуна ба вуқӯъ пайвастааст. Ба нашрияҳои расмии вилоятӣ корхонаву муассиса ва ташкилоту идораҳо ба теъдоди 690 нусха обуна гардида, обунаи рӯзномаи маҳаллӣ 1014 нусхаро ташкил дод. Дар маҷмӯъ бо рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, ҳизбӣ ва шаҳрӣ ба 3643 нусха нашрияҳо обуна қабул гардид.
Роҷеъ ба татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои таҳлиливу танқидии воситаҳои ахбори омма” аз 7 феврали соли 2009, № 622 дар давоми соли 2015 дар нашрияи шаҳрии “Соҳил” 4 маводҳои таҳлилӣ оид ба масъалаҳои гуногун ва 13 маводи танқидӣ нисбати шахсони мансабдор, инчунин дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” як маводи таҳлилӣ-танқидӣ дарҷ гардиданд, ки ба онҳо аз ҷониби мутасаддиён ва ашхоси соҳибмансаб ҷавобҳо дода шуд.
МАОРИФ
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба фаъолияти соҳаи маориф дар таъмиру нигоҳдошти муассисаҳои таълимӣ, муҷҷаҳазгардонии мактабҳо, таъмини кадрҳои соҳибтахассус, бозомӯзонӣ ва ба такмили ихтисос фаро гирифтани омӯзгорон, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия диққати аввалиндараҷа дода истодааст.
Дар шаҳр 15 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият мебаранд, ки аз ин шумора 14 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва як гимназия буда, дорои 8136 нафар хонандагон мебошанд, ки аз онҳо 3905 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Тамоми хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар 358 синф тақсим карда шудаанд. Синфҳои ибтидоӣ 3484/1650 нафар, синфҳои 5-9 3356/1634 нафар, синфҳои 10-11 1147/560 нафар мебошанд.
Теъдоди хатмкунандагони синфи 9 дар соли хониши 2014-2015 637/314 нафарро буда, шумораи хатмкунандагони синфи 11 бошад 527/279 нафар мебошанд. Аз онҳо 248 нафар, ё 47 фисад ва 63 нафар собиқ хатмкунандагон - ҳамагӣ 311 нафар барои дохил шудан ба донишгоҳҳои олӣ ва касбии миёна бо низоми нави қабули довталабон – тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои худро супоридаанд ва 181 нафар ба донишгоҳҳои олии кишвар дохил гардиданд. Инчунин 39 нафар хатмкунандагон бо донишгоҳҳои хориҷи кишвар дохил гардиданд. Ба зинаи сеюми таҳсилот аз 661 нафар 605 нафар хонандагон ҷалб карда шуд, ки 91,5%-ро ташкил медиҳад.
Ба ҳолати 31 декабри соли 2015 шумораи омӯзгорон 648/540 нафар буда, 483/380 нафарашон бо маълумоти олии педагогӣ, 70/66 нафар бо маълумоти олии нопурра, бо маълумоти миёнаи махсус 95/88 нафар фаъолияти педагогӣ доштанд. Аз рӯи тахассус бошад 190/143 нафар дараҷаи олӣ, 142/126 нафар бо дараҷаи якум, 117/100 нафар бо дараҷаи дуюм, 19/14 нафар ғайри тахассус ва 199/171 нафар бе дараҷаи тахассусӣ фаъолият мебаранд. Дар шаҳр бо маълумоти миёна омӯзгорон фаъолият намебаранд. Дар давоми сол 109 нафар омӯзгорон аз аттестатсия гузаронида шуда, ба 17 нафар дараҷаи тахассуси олӣ, 18 нафар дараҷаи якум, 28 нафар дараҷаи дуюм дода шуда, боқимонда ба вазифаашон мувофиқ дониста шуданд. Дар ин давра 102 нафар (110%) ба курси бозомӯзии Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони маорифи вилоят ҷалб карда шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ 16 нафар омӯзгорон дар осоишгоҳи «Шифо» ба маблағи 10 ҳазору 380 сомонӣ табобату истироҳат гирифтанд.
Дар давоми сол зиёда дар 340 соат дарсҳои омӯзгорон мавриди санҷиш қарор дода шуда, сифати дарс, тарзу усул, корбарии омӯзгорон ва дараҷаи дониши хонандагон мавриди омӯзиш қарор дода шуд.
Дар давраи сеюми олимпиадаи вилоятӣ 24 нафар хонандагони синфҳои 11-ум иштирок намуда, Бӯрибоева Малика хонандаи синфи 11-уми МТМУ № 1-и шаҳр аз фанни забон ва адабиёти рус ҷойи якум, Ҳомидова Лайло хонандаи синфи 10-и МТМУ №1 сазовори ҷойи сеюм гардида, гардиданд. ӯ дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни номбурда иштирок намуда, сазовори ҷойи дуюм ва медали нуқра гардид. Муҳассилини шаҳр дар Олимпиадаи байналмилалӣ дар шаҳри Толяттии Федератсияи Руссия аз фанҳои ҷамъиятшиносӣ иштирок намуда, се нафар: Каримов Акмал-хонандаи синфи 11-и МТМУ №8 бо гирифтани дипломи дараҷаи 1, Азизов Саидмуҳаммад хонандаи синфи 11-и МТМУ№1 бо гирифтани дипломи дараҷаи 2 ва Холиқов Бахтовар хонандаи синфи 11-и МТМУ №14 бо гирифтани дипломи дараҷаи 2 ноил гаштанд. Инчунин Очилова Шаҳнура хонандаи МТМУ №14 дар озмуни вилоятии “Оби тоза” сазовори ҷойи аввал ва Эркаева Шаҳноза хонандаи МТМУ №3 дар озмуни вилоятии “Сапеда” аз бахши актёрӣ сазовори ҷойи сеюм гаштанд.
Дар назди шуъбаи маориф муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо» бо ҷудо шудани се воҳиди корӣ таъсис дода шуда, дар он 2 гурӯҳи ройгон барои фанҳои химия ва физика амал мекунад. Аз муассисаҳои таълимии шаҳр 382 нафар толибилмони фаъолу боистеъдод сарҷамъ оварда шуданд. 38 нафар хонандагон дар озмуни Академияи хурди фанҳо дар ҳама марҳилаҳо иштирок намуда, 2 нафарашон Эшматова Сабрина хонандаи синфи 10 МТМУ №14 ва Эркаева Меҳрафрӯз хонандаи синфи 10-и МТМУ №14 барандаи ифтихорномаи вилоятӣ ва Очилова Шаҳнура хонандаи синфи 10-и МТМУ №14 сазовори ҷойи якум гардид. Соли равон 4 нафар хонандагон дар чемпионати кушоди Осиёи Марказӣ оид ба каратэ-до сазовори ҷойҳои 1-кум, 2-юм нафар сазовори ҷойи 2-юм, 1 нафар дар мусобиқаи Ҷоми Ҷаҳон сазовори ҷойи 2-юм ва 1 нафар дар мусобиқаи вилоятӣ оид ба бокс сазовори ҷойи 2-юм гардиданд. Ҳоло дар шаҳр 497 хонандагони болаёқат муайян гардида, барои давраи дуюми олимпиада омодагӣ дида истодаанд.
Айни замон 2 нафар гирандагони идрорпулии Президентӣ ва 25 нафар мактабиён гирандагони идрорпулии Раиси шаҳр мебошанд.
Теъдоди умумии компютерҳо дар назорати Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи (МТИК) назди шуъбаи маорифи шаҳр 410 компютер ва 72 принтер, 3 пректорро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 129 ададашон ба барномаҳои таълимӣ ҷавобгӯ намебошанд. Бояд қайд кард, ки бо назардошти шумораи умумии компютерҳо як компютер ба 9 нафар хонанда рост меояд. Дар муассисаҳои таълимии шаҳр 22 кабинети технологияи информатсионӣ ташкил карда шуда, бо таҷҳизотҳои нави замонавӣ ва аёниятҳои дарсӣ таъмин гардидаанд. Дар давоми сол 5 ноутбук, 5 компютер ва як проектор харидорӣ карда шудааст. Пайвастшавӣ ба шабакаи интернет дар муассисаҳои таълимии шаҳр 94%-ро ташкил менамояд.
Дар давраи ҳисоботӣ ба мактабҳои шаҳр 7997 нусха китобҳои дарсӣ ворид шудааст, ки 33,2 %-и дархостро (24188) ташкил медиҳад. Қарзи иҷораи китобҳо 103 ҳазор сомониро ташкил дод, ки то ба имрӯз 95752 сомонӣ ба суратҳисоби Вазорати маориф фиристонида шудааст.
Дар шаҳр маркази таҳсилоти иловагӣ амал менамояд, ки дорои 14 маҳфил бо ҷалби 480 нафар хонанда буда, нисбати соли гузашта 50 нафар зиёд мебошад. Дар мактабҳои шаҳр бошад 46 маҳфил амал мекунад, ки аз онҳо 24 маҳфили касбӣ, 8 маҳфили касбу ҳунар ва 14 маҳфили варзишӣ мебошанд. Дар ин маҳфилҳо 738 нафар хонандагон ҷалб шудаанд, ки нисбати соли қаблӣ 303 нафар зиёд мебошанд.
Барои эҳёи анъанаҳои миллӣ ва бедор намудани шавқу рағбати ҳунармандии мактабиён маҳфилҳои дӯзандагӣ, бофандагӣ, гулпарварӣ ва пазандагӣ дар муассисаҳои таълимӣ амал менамояд. Барои муассисаҳои таълимии шаҳр 25 дастгоҳи гилембофӣ ва 77 намудҳои асбобҳои мусиқии миллӣ аз қабили доира, танбур, ғиҷҷак, думбра, най ва ғайраҳо харидорӣ карда шуд.
Дар шаҳр 9 муассисаи томактабии (аз ин як кӯдакистони хусусӣ) 60 гурӯҳ амал мекунад, ки дар онҳо 1459 нафар кӯдакон тарбия мегиранд. Ин нишондод 30 фоизи кӯдакони синни томактабии шаҳрро ташкил дода, нисбати нуҳмоҳа 40 нафар зиёд мебошад. Дар ин давра 2 гурӯҳи иловагии аз фаъолият бозмонда аз нав барқарор карда шуда, барои фаро гирифтани 50 нафар кӯдакон омода карда шуд. Бояд қайд кард, ки ҳоло дар шаҳр 962 нафар кӯдакон барои қабул шудан ба кӯдакистонҳо дар навбат меистанд.
Тибқи Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ барои солҳои 2012-2016 ба миқдори 32000 (сию ду ҳазор) сомонӣ маблағ барои таъмири ошхонаи муассисаи томактабии №2, 9000 сомонӣ барои муассисаи томактабии № 9-и Ҷамоати Зарнисор ва ҳамчунин 9980 сомонӣ ба муассисаи томактабии № 11-и Ҷамоати Консой аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷудо гардида, аз таъмири кулл бароварда шуд. Бо дастгирии кумитаи падару модарон тариқи ҳашар як гурӯҳи аз фаъолият бозмонда ба маблағи 5000(панҷ ҳазор)сомонӣ дар кӯдакистони №22 аз таъмир бароварда шуда, ба фаъолият шурӯъ намуд. Аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба маблағи 2000 (ду ҳазор)сомонӣ ин гурӯҳ муҷаҳҳаз гардонида шуд. Ба маблағи 5000 сомонӣ барои майдончаҳои варзишии кӯдакистонҳо таҷҳизотҳои бозӣ (алвончак, турникҳо, ғеҷонак) харидорӣ гардида, насб карда шуд. Аз тарафи сарпарасти МТМУ №3-и шаҳраки Консой ҶМ ТК ММ “Апрелевка” барои таъмири кулли толори варзишӣ 6000 сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст. Дар маҷмӯъ барои рушди соҳаи муассисаҳои томактабӣ дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 184 ҳазору 955 сомонӣ маблағ аз буҷети маҳаллӣ ҷудо гардид. Ҳоло муассисаҳои таълимӣ барои давраи тирамоҳу зимистон омода буда, 107 тонна ангишт ва 145 метри кубӣ ҳезум захира карда шудааст, ки 100%-и нақшаро ташкил медиҳад.
Дар ин давра ошёнаи дуюми маркази таҳсилоти илова ба маблағи 4000 сомонӣ ва толорҳои варзишии МТМУ-ҳои №3,7,8 аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд. Дар МТМУ №12 ба тариқи ҳашар аз тарафи падару модарон 2 синфхона бунёд гардида, ба истифода дода шуд. Инчунин барои кушодани гурӯҳи иловагӣ ба кӯдакистони №11 аз тарафи волидон 2 дари байни ҳуҷрагӣ, қолин, пардаву дигар ашёҳо ва аз тарафи ҶМ ТК ММ “Апрелевка” 2 мизу 8 курсӣ харидорӣ гардида, хати об гузаронида шуд.
Дар давоми сол баҳри дастгирии мутахассисони ҷавон ба 5 нафар мутахассисони ҷавони муассисаҳои таълимӣ ба маблағи 6000 (шаш ҳазор) сомонӣ ба ҳар як нафар қарзи имтиёзнок аз Бонки давлатии «Амонатбонк»-и шаҳр дода шуд. Моҳи майи соли ҷорӣ ба 13 нафар омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ қитъи замини наздиҳавлигӣ аз минтақаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷудо гардид.
Баҳри амалӣ гардонидани қарори раиси шаҳр № 9 аз 20 январ “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2015” барои ташкил ва гузаронидани таътили тобистонаи кӯдакон ва наврасон ба 15 мактабҳои шаҳр дар ҳаҷми 89760 сомонӣ барои 935 нафар кӯдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маблағгузорӣ карда шуд, ки ин нисбат ба соли гузашта 9760 сомонӣ зиёд аст. Аз ҷониби кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи буҷетӣ бо ҳамин мақсад 2 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Аз санаи 15 то 29 июн дар ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳр басти якуми истироҳати тобистонаи мактабиён бо фарогирии 680 нафар мактабиён ба анҷом пазируфт.
Дар шаҳр “Маркази нутқи бармаҳали кӯдак” амал менамояд, ки ҳоло ба он 310 нафар кӯдакон фаро гирифта шудааст, ки ҳафтае 2 маротиба машғулиятҳо гузаронида мешавад.
Дар қайди мақомоти васояту парастории назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қайроққум 84 нафар кӯдакон меистанд, ки аз онҳо 48 (30 нафар ятими кулл) нафар кӯдак ба васию парасторӣ ва 38 нафар кӯдак ба фарзандхонӣ гирифта шудаанд. Ҳамаи кӯдакони ба васию парасторӣ гирифта шуда, бо кӯмакпулӣ таъмин карда мешаванд.
Дар қайди ШВКД–и шаҳри Қайроққум 10 нафар ноболиғони душвортарбия меистанд, ки бо онҳо мунтазам корбарӣ карда шуда истодааст. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби 6 нафар ноболиғ 6 ҳолати ҷиноятсодиркунӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳамин давраи соли 2014 аз ҷониби 8 нафар ноболиғ 8 ҷиноят содир шуда буд. Як ҳолати даст ба худкушӣ задании ноболиғ низ ба қайд гирифта шудааст. Бо мақсади пурзӯр намудани корҳои пешгирикунанда, аз тарафи кормандони ШВКД-и шаҳр бо ҳамкории дигар шуъбаву бахшҳо дар мактабҳои шаҳр 15 маротиба вохӯриву суҳбатҳо гузаронида шуд.
Дар ин давра 21 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба онҳо омӯзгорони фаннӣ вобаста гардидааст. 14 нафар кӯдакони шаҳр дар мактабпарваришгоҳҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ таълиму тарбия мегиранд. Инчунин 17 нафар кӯдакони ятим, ки дар мактабҳо таҳсил карда истодаанд бо ҷубронпулӣ таъмин карда шуда истодааст. Ҳоло дар шаҳр 122 нафар маъюбони синни то 18-сола ба қайд гирифта шудааст, ки онҳо бо нафақа таъмин карда шудаанд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи аъзои Комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак 18 маротиба бо волидону кормандони муассисаҳои шуъбаи маориф ва сокинони шаҳр вохӯриҳо доир ба амалигардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» гузаронида шуд. 18 маротиба амалиётҳои муштарак бо мақсади муайян намудани ноболиғоне, ки баъд аз соати 20:00 бе ҳамроҳии шахсони ба балоғат расида дар қаҳвахона, нуқтаҳои савдо ва марказҳои бозиҳои компютерӣ гаштугузор мекарданд, гузаронида шуда, нисбати волидайни ноболиғон ва маъмурияти мактабҳо чораҳои дахлдор андешида шуд.
Бояд қайд кард, ки дар арафаи Рӯзи кӯдакон аз ҷониби Раиси шаҳр ба 122 нафар кӯдакони маъюб ба маблағи 6100 сомонӣ ва 30 нафар ятимони кулл ба маблағи 1500 сомонӣ кӯмаки яквақтаи пулӣ расонида шуд. Инчунин аз ҷониби соҳибкорзан Турсуной Зокирова ба 150 нафар кӯдакони ятиму маъюб дастурхони идона ороста шуда, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ аз номи раиси шаҳр ва соҳибкор дода шуд. Ҳамзамон 6 нафар ятими кулл ба муҳлати 12 рӯз дар дар Маркази солимгардонии наврасону ҷавонон “Шоҳин” ба таври ройгон истироҳат карданд.
СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
Дар ин давра баҳри пешрафти соҳаи тандурустии шаҳр, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ, амалигардонии Барномаҳои миллии соҳа диққати ҷиддӣ дода шуд. Ҳоло дар ҳудуди шаҳр 20 муассисаи тиббӣ, аз он 5 беморхона, 7 маркази саломатӣ, 3 хонаи саломатӣ, як маркази ташхисиву табобатӣ, як маркази назорати давлатию санитарӣ, 3 осоишгоҳ ва маркази тибби хусусӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Теъдоди табибон 105 нафар буда, аз он 26 нафар дар сохтори госпиталӣ, 51 нафар дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ, 9 нафар дар маркази назорати санитарию эпидемиологӣ, як нафар дар маркази тибби хусусӣ ва 18 нафар дар осоишгоҳҳо фаъолият мебаранд. Кормандони миёнаи тиб бошад 276 нафар буда, аз он 106 нафар дар сохтори госпиталӣ, 92 нафар дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ, як нафар дар тибби хусусӣ, 12 нафар дар МНДЭС ва 65 нафар дар осоишгоҳҳо ифои вазифа менамоянд. Дараҷанокии табибон 75% ва кормандони миёнаи тиб 38,7%-ро ташкил медиҳад. Дар ин давра 8 нафар табибон (табиби осебшинос, табиби чашм, табиби оилавӣ, ҷарроҳ, асабшинос, силшинос) ба кор қабул карда шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ таъмири системаи обу ташноби Маркази саломатии шаҳр ба маблағи 80 ҳазор сомонӣ гузаронида шуд. Ғайр аз ин барои таъмири шуъбаҳои амрози занона ва сироятии беморхонаи марказии шаҳр 232000 сомонӣ аз буҷети маҳаллӣ ҷудо гардида, корҳои таъмирӣ ба анҷом расонида шуд. Бо дастгирии Раиси вилоят аз тарафи Раёсати тандурустии вилоят ба беморхонаи шаҳраки Зарнисор ба маблағи 17500 сомонӣ таҷҳизоти нафаси сунъӣ дастрас карда шуд. Инчунин ба маблағи 5000 сомонӣ бо дастгирии соҳибкорон дар якҷоягӣ кормандони беморхона ба беморхонаи шаҳраки Консой хати оби нӯшокии доимӣ ва дар шаҳраки Адрасмон таъмири ҷории шуъбаи ҷарроҳӣ гузаронида шуд. Дар ин давра хонаи саломатии деҳаи Навободи шаҳраки Зарнисор, ки қаблан дар бинои клуби деҳа қарор дошт, ба бинои алоҳида таъмин карда шуд. Инчунин дар ин давра 5 борхалтаи тибби оилавӣ, 16 лампаҳои бактериосидӣ, 5 ширма ба маблағи 34068 сомонӣ ва мизу курсиҳо ба маблағи 12000 сомонӣ харидорӣ карда шуда, ба марказҳои саломатии шаҳракҳои Сирдарё, Адрасмон, Консой, Зарнисор, Чоруқдаррон ва хонаи саломатии деҳаи Навобод дастрас гардид. Ба маркази саломатии шаҳр лавозимотҳои ташхисӣ ва тасмаҳои рентгени флюографӣ ба маблағи 3850 сомонӣ, як анализатори биокимиёвӣ ба маблағи 34957 барои таҳлилгоҳ ва яхдон ба маблағи 2010 сомонӣ харидорӣ карда шуд.
Ҳамчунин бо қарорҳои раиси шаҳр ба соҳаи тандурустӣ дар соли 2015 барои таъминоти иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ашхоси ба онҳо баробаркардашуда 15912 сомонӣ, таъминоти кӯдакони синнашон то 3-сола ва маъюбони модарзод бо дорувориҳо 7000 сомонӣ, барои расонидани кӯмаки антениталӣ занҳои ҳомила 17750 сомонӣ, барои хуни бехатарии донорӣ 4000 сомонӣ ва барои зимистонгузаронӣ 17000 сомонӣ маблағ аз буҷети маҳаллӣ ҷудо карда шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва байналмиллалӣ чунин ёриҳои башардӯстона ворид гардиданд: ба беморони гирифтори бемории сил ва наздикони онҳо аз ҷониби Барномаи озуқавории Созмони Миллали Муттаҳид 11 кг намак, 86 кг нахӯд, 32 л равған, 864 кг орд, 120 кг чечевитса, аз ҷониби ташкилоти байналмиллалии ғайридавлатии лоиҳаи ХОУП 50 ҳазор дона сулфати оҳан, аз Маркази солимии репродуктивии вилоят маводҳои контрасептивӣ, маводҳои иттилоотӣ, сумкаи акушерӣ ба маблағи 177235 сомонӣ, аз ташкилоти байналмиллалии ғайридавлатии лоиҳаи ХОУП барои беморони гирифтори диабети қанди инсулин новобаста ба маблағи 22126,36 сомонӣ сӯзандоруҳои қандпасткунанда, аз ХБК - и вилояти Суғд барои кӯдакони то 1 сола ба маблағи 1970,18 сомонӣ дорувориҳо ворид гашта, ба беморон бо таври ройгон тақсим карда шудааст.
Дар ин давра дар беморхонаҳои шаҳр 6671 нафар беморон бистарӣ гардиданд ва ин нишондод дар соли гузашта 7243 нафарро ташкил дода буд. Фавти кӯдакони то синни яксола 15 ҳодиса ба қайд гирифта шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 7 ҳодиса зиёд мебошад. Таҳлили фавти кӯдакон дар соли 2015 нишон дод, ки 4 нафар дар беморхона, 3 нафар дар шуъбаи таваллуд, 8 нафар дар хона вафот кардаанд. Фавти кӯдакони то 5-сола бошад ду ҳодиса ба қайд гирифта шуд. Ҳолатҳои фавти модарӣ дар давоми сол ба қайд гирифта нашуда, фавти бармаҳали неонаталӣ бошад 3 ҳодисаро ташкил медиҳад. Дар ин давра нишондиҳандаи исқоти ҳамл 35,7%-ро ташкил дод ва ин нишондод дар соли 2014 64,7 %-ро ташкил дода буд.
Ҳоло дар шаҳр донори хун 62 нафар буда, дар давоми сол аз 30 нафари онҳо 12л 300мл хун ҷамъ карда шудааст ва ба 4 нафар беморон ба тариқи ройгон хун гузаронида шудааст.
Дар соли ҳисоботӣ 11 нафар сироятшудагон бо бемории ВНМО ба қайд гирифта шудааст. Дар шаҳр то ба имрӯз ҳамагӣ 79 нафар гирифтори вируси норасоии масъунияти дар қайд буда, аз онҳо 31 нафарашон занон мебошанд. Аз рӯи таҳлилҳо 38 нафар ба тариқи сузандору (нашъаманд), 29 нафар бо роҳи алоқаи ҷинсӣ ва 12 нафар номаълум гирифтори ин беморӣ шудаанд. Дар ин муддат дар муассисаҳои тиббии шаҳр 7104 нафар аз таҳлили лабаратории хун барои ҚW гузаронида, тамоми занони ҳомила бо усулҳои нави тиббӣ (методи экспрессӣ) муоина карда шуданд. Бо мақсади пешгирии ин беморӣ 734 маротиба суҳбат, 16 маротиба вохӯрӣ ва 27 маротиба лексияҳо гузаронида шуд. Дар давоми сол 7 нафар беморони гирифтори саратон ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати соли гузашта 12 нафар кам мебошад. Ҳамагӣ дар қайди диспансерӣ 88 нафар беморон меистанд. 10 нафар бо сабаби иваз намудани ҷойи зист аз қайд бароварда шуд. Дар қайди ҳуҷраи сил бошад 70 нафар беморон меистоданд, ки бо сабаби беҳтаршавии вазъи саломатиашон 22 нафар аз қайд бароварда шуд. Ҳоло дар қайди ҳуҷраи диспансерӣ 48 нафар бемор меистанд, ки 16 нафарашон дар давраи ҳисоботӣ ба қайд гирифта шудааст. Айни ҳол ин 16 нафар табобати зиддисилӣ гирифта истодаанд. Аз бемории сил дар ин давра як нафар фавтид.
Дар ин давра дар шаҳр дар қайди назорати диспансерӣ 36 нафар нашъаманд, 69 нафар майзада буда, дар давраи ҳисоботӣ ягон нафар майзада ва нашъаманд ба қайд гирифта нашудааст. 114 нафар беморони рӯҳӣ ба қайд гирифта шуда, бурдани корҳои табобативу профилактикӣ байни онҳо мунтазам ба роҳ монда шудааст.
Дар соли 2015 баландравии сатҳи бемориҳои сироятӣ ба монанди: бемории хоришак 2 ҳодиса (2-4), обакон 36 ҳодиса (25-61), бемории шадиди роҳи нафас 57 (1127-1184), трихафатия 2 ҳодиса (11-13) ба қайд гирифта шудааст. Нисбати соли 2014 пастравии як қатор бемориҳои сироятӣ ба монанди: ҷароҳатбардорӣ 3 ҳодиса (65-62), бемории сӯзок 2 ҳодиса (3-1), бемории шадиди рудаву меда 21 ҳодиса (76-55), дорандаи ҳепатити “В” 13 ҳодиса (28-15), бемории сил 6 ҳодиса (19-13), лейшманиоз 3 ҳодиса (5-2) ва оташак 1 ҳодиса (1-0), бемории гиҷҷа 5 ҳодиса (346-341) ва зардпарвини “А” 94 ҳодиса (190-96) ба қайд гирифта шудааст. Дар шаҳр дар ин давра бемориҳои сироятӣ ба монандӣ вабо, тоун, хорӣ, сухтанӣ, фалаҷ, минингит, қузоз, сурхакон, буғумдард, сулфаи кабудак, домана, вараҷа ба қайд гирифта нашудааст.
Дар давоми сол ҳодисаи заҳролудшавии одамон аз маводҳои хӯрокаи пастсифат ба қайд гирифта нашудааст. Аз 371 иншоотҳои дар зери назорат буда, дар маҷмӯъ 647 санҷишҳои санитарӣ гузаронида шудаанд. Барои қоидавайронкунии санитарӣ-гигиенӣ 96 парвандаҳо тартиб дода шуда, ба маблағи 17940 сомонӣ ҷаримабандӣ гардида, парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд ва фаъолияти 12 иншоот муваққатан боздошта шуданд. Аз нуқтаҳои савдои шаҳр 63 кг маҳсулотҳои муҳлати истифодаашон гузашта ба маблағи 1200 сомонӣ аз фурӯш боздошта шуд. Ғайр аз ин масъулини 9 муассисаҳои томактабӣ ба маблағи 2080 сомонӣ ва масъулини 8 МТМУ-ҳои шаҳр ба маблағи 2800 сомонӣ оид ба иҷро накардани қоидаҳои санитариву гигенӣ ҷаримабандӣ карда шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз санаи 1 майи то санаи 1 сентябр истеҳсол ва фурӯши маҳсулотҳои қаннодии киремдор ва дигар маҳсулотҳои зудвайроншаванда манъ карда шуд.
Баҳри таъмини амнияти озуқавории шаҳрвандони шаҳр назорати байторӣ ва таъмини талаботҳои байторию санитарӣ дар нуқтаҳои савдо, мағозаҳо ва бозорҳо, инчунин ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ санҷишҳои байторӣ гузаронида шуда, барои ба талаботҳои байторию санитарӣ ҷавоб надодан 32 кг асал, 507,5 кг шир ва маҳсулоти ширӣ, 69 кг равғани растанӣ, 2203 дона тухм, 152 кг гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, 896 кг меваю сабзавот аз фурӯш боздошта, безарар гардонида шуд. Барои риоя накардани қоидаҳои бойториву санитарӣ 14 нафар соҳибкорон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, 1800 сомонӣ ҷарима ситонида шуд.
Бояд қайд кард, ки дар ин давра аз ҷониби 62 сар ҳайвонот ба одамон осеб расидааст. Ҳамаи осеббардоштагон ба муолиҷа ҷалб гардидаанд. Дар ин давра ҳолати ба бемории ҳорӣ гирифторшавии одамон ба қайд гирифта нашуда, 348 сар сагу гурбаҳои дайду ва бесоҳиб безарар гардонида шуд.
Бо мақсади ташкили марказҳои хизматрасонии “Зообайторӣ” ба 3 нафар шаҳрвандон қитъаҳои замин ҷудо карда шуда, як нуқта ба истифода дода шуд.
Қайд кардан зарур аст, ки соҳаи тандурустии шаҳр айни замон ба чунин мутахассисон: - 1 нафар тибби кӯдакона, 1 нафар табиби эҳёгар, 2 нафар табиби ренгенолог, 1 нафар табиби рӯҳӣ-наркологӣ, 1 нафар асабшинос ва эҳтиёҷ дорад.
Ба ҳолати 31 декабри соли 2015 талабот ба духтури тибби оилавӣ 100%-ро ташкил дода, 70%-и табибони тибби оилавӣ ба борхалтаи тибби оилавӣ таъмин карда шудааст.
Дар ин давра аз ҷониби кормандони соҳаи тандурустӣ баҳри баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ ва пешгирии ҳар гуна бемориҳо дар байни аҳолӣ, баланд бардоштани дониши тиббӣ доир ба ташаккули тарзи ҳаёти солим 15248 суҳбатҳо, 421 маротиба лексияҳо, 38 мақола дар рӯзномаи «Соҳил» ва 80 маротиба вохӯриҳо ба роҳ монда шуд.
ФАРҲАНГ
Дар давоми соли 2015 дар шаҳр бахшида ба идҳои расмӣ ва касбӣ чорабиниҳои оммавӣ-фарҳангӣ баргузор гардиданд. Аз ҷумла, ҷашнҳои Соли нави мелодӣ, 22-солагии таъсисёбии Артиши Миллӣ, Рӯзи модар, Иди байналмилалии Наврӯз, Иди ҳамраъйии меҳнаткашон, 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзҳои забони давлатӣ, Сарқонун ва Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса ва бо иштироки васеи сокинони шаҳр таҷлил гардиданд.
Дар маҷмӯъ дар давоми сол аз тарафи муассисаҳои фарҳангии шаҳр беш аз 180 чорабиниҳои гуногун барпо гардиданд.
Ба ҳолати 31 декабри соли 2015 дар шаҳри Қайроққум 245 муассисаҳои фарҳангӣ ба мардум хизмат мерасонанд. Аз ин 10 китобхонаи оммавӣ, 8 муассисаи клубӣ, 4 мактаби мусиқии бачагона, мактаби рассомӣ, осорхонаи шаҳрӣ ва боғи фарҳангиву фароғатӣ мебошад. Инчунин дар назди бахши фарҳанг ансамбли “Фалак” фаъолият дорад.
Дар ин давра зиёда аз 97 маротиба саёҳатҳо ба осорхонаи шаҳр ташкил карда шуда, 13 намоиши ҳунарҳои халқӣ ва 3 намоиши корҳои расомии ҷавонон ба роҳ монда шуд. Миқдори нигоараҳо ҳоло 2844 ададро ташкил медиҳад.
Дар мактабҳои мусиқии бачагонаи шаҳр синфхонаҳои фортепиано, скрипка, виоленчел, корнай, чанг, рақс, бофандагӣ, рассомӣ дутор амал менамояд, ки дар онҳо 315 нафар хонандагон таълим мегиранд.
Ҳоло дар китобхонаҳои шаҳр 111422 теъдод китобҳо мавҷуд буда , китобдиҳӣ 41890 теъдодро ташкил медиҳад. Дар давоми соли 2015 179 теъдод китобҳои нав ба китобхонаҳо ворид гашт.
Барои эҳёи муассисаҳои фарҳангии шаҳр дар соли равон барои таъмиру тармим, харидани таҷҳизотҳои саҳнавӣ, гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ ва обуна намудани муассисаҳои фарҳангӣ 148 ҳазору 992 сомонӣ маблағ аз буҷети маҳаллӣ ҷудо гардидааст. Аз он ҷумла дар соли 2015 ба соҳаи фарҳанг асбобҳои мусиқӣ, аз қабили 2 адад рубоби қошғарӣ, 2 адад дойра, 1 адад қушнағора, 2 адад дутор, 2 адад скрипка, 1 адад каларнет, 1 адад карнай, 1 адад танбур, нотбук, таҷҳизоти овозӣ, таҷҳизотҳои равшанидиҳандаи замонавӣ, таҷҳизотҳои саҳна, чангкашак, ратсия, компютери овозӣ, микрафон, микшер, сару либосҳо барои санъаткорону раққосаҳо ва ғайраҳо харидорӣ карда шуд. Инчунин барои обуна намудани муассисаҳои фарҳангӣ 8036 сомонӣ аз ҳисоби буҷет маблағ ҷудо карда шуд.
КОР БО ЗАНОН ВА ОИЛА
Дар самти кор бо занон ва оила фаъолият тибқи Барномаҳои давлатӣ, ки баҳри баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, тайёр ва пешбарӣ намудани занону духтарони лаёқатманд ба вазифаҳои роҳбарӣ, ба шуғлу таҳсил фаро гирифтани онҳо, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ равона шудааст. Алҳол дар шаҳр ва шаҳракҳои тобеи он 44.400 нафар аҳолӣ сукунат дошта, 51%-и аҳолиро занон ташкил медиҳанд. Имрӯз дар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр теъдоди бонувон афзуда, онҳо дар вазифаҳои гуногун пурсамар кору фаъолият доранд. Тибқи маълумоти оморӣ дар соҳаҳои асосии хоҷагии халқи шаҳрамон 60%-и кормандонро занон ташкил медиҳанд. Аз он ҷумла, дар соҳаи маориф 87%, дар соҳаи тандурустӣ 81%, хизматчиёни давлатӣ 47%, соҳибкорон 40%, дар соҳаи фарҳанг 54% бонувон фаъолият мебаранд. Шумораи занони роҳбар бошад беш аз ба 50 нафар расида, 37%-и роҳбаронро ташкил медиҳад. Алҳол дар шаҳр 1 нафар зан намоянваи Маҷлиси вакилони халқи вилоят, 10 нафар занон намояндагони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва 17 нафар занон намояндагони Маҷлиси Ҷамоатҳои шаҳракҳо интихоб шудаанд ва ин нишондод 15% афзудааст. Қобили тазаккур аст, ки раиси шаҳр ва раиси суд бонувон буда, 2 нафар роҳбари бонк ва 3 нафар раисони ҷамоатҳои шаҳр аз ҳисоби занон мебошанд. 53,7%-и аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистонро дар шаҳр бонувон ташкил медиҳанд.
Алъон 411 нафар донишҷӯдухтарон аз шаҳри Қайроққум дар донишкадаву донишгоҳҳои олии кишвар таҳсил менамоянд.
Дар доираи эълон гардидани Соли 2015 - Соли оила дар шаҳр як қатор корҳо ба сомон расонида шуд. Аз ҷумла, таъсиси маҳфили доимоамалкунандаи “Оилаи тифоқ”, гузаронидани озмуни шаҳрии “Модар-ганҷи бебаҳо”, “Фарҳанги оиладории ҷавонон”, “Тарроҳи беҳтарини либосҳои миллӣ” озмуни шаҳрии мақолаи беҳтарин дар васфи зан-модар таҳти номгӯи “Муҳаббати модар”, мусобиқаҳои варзишӣ байни, маҳфили адабии “Оилаи солим-ҷомеаи солим”, гузаронидани вохӯриҳо дар муассисаҳои таълимӣ ва коллеҷи тиббӣ таҳти шиори “Модар чароғи оила” ба роҳ монда шудаанд. Боиси хушнудист, ки дар озмуни вилоятии “Тарроҳи беҳтарини либосҳои миллӣ ва хандаи ҳусн” аз намуди либоси расмӣ ҷойи аввал насиби бонуи қайроққумӣ гардид. Санаи 14-уми майи соли равон дар Осоишгоҳи «Баҳористон» Рӯзи байналмиллалии оила таҳти унвони «Оила пайванди наслҳо» бо иштироки роҳбарони корхонаву муассисаҳо, 15 оилаҳои намунавӣ аз маркази шаҳр ва ҷамоатҳо таҷлил карда шуд. Дар ин давра бахшида ба “Соли оила” 8 маротиба вохӯриҳо, 4 маротиба миззи мудаввар ва 2 маротиба семинари омузишӣ бо занон гузаронида шуда, 40 мақола дар нашрияи маҳалии “Соҳил” ба табъ расонида шуд.
Дар давоми соли 2015 дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмон, Консой, Сирдарё, Чоруқдаррон Маркази таълимии қолинбофӣ ва адрасбофӣ кушода шуд, ки дар он духтарону бонувон ҳунари қолинбофӣ ва адрасбофӣ меомӯзанд. Ҳоло дар шаҳр 17 дастгоҳҳои адрасу атласбофӣ гузошта шудаанд, ки 120 занону духтарон машғули кор ва касбомӯзӣ мебошанд. Дар шаҳраки Адрасмону Сирдарё 420 метр матои бофташудаи адрасу атлас ба фурӯш бароварда шуд.
Дар ин давра барои гузаронидани маҳфили “Кошонаи саодат” аз буҷети маҳаллӣ 2000 сомонӣ, барои гузаронидани семинари омӯзишӣ таҳти унвони “Солимии зан-солимии ҷомеа” 1500 сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд.
Дар ин давра як нафар ҳунарманд Абдулфайзова Мадина аз рӯи намуди гулдӯзӣ ба маблағи 8000 сомонӣ ба гранти Раиси вилоят соҳиб гардида, дар маркази шаҳр ба занони хонанишин ҳунар омӯзонида истодааст. Ҳоло дар шаҳр 17 нафар занон ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд.
Боиси нигаронист, ки ҳудуди шаҳр аз ҷониби 33 нафар занон 34 ҷиноят содир карда шудааст, ки нисбати соли гузашта 10 ҷиноят зиёд мебошад. Инчунин дар ин давра 2 ҳодисаи сӯиқасд ба ҷони худ аз ҷониби занон ба вуқӯъ пайвастааст.
Дар соли 2015 баҳри пешгирии ҳамагуна падидаҳои номатлуб дар байни занону духтарон, аз қабили даст задан ба худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ, ҷинояткорӣ, хариду фурӯши одамон, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон 21 маротиба вохӯриву суҳбатҳо, 4 мизи мудаввар ва 2 семинари омӯзишӣ гузаронида шуд.
Дар соли 2015 дар шаҳр чунин нишондодҳои сабти ҳолатҳои шаҳрвандӣ ба назар мерасад:
Намуди сабтҳо |
Дар соли 2014 |
Дар соли 2015 |
фарқият
|
таваллуд |
1073 |
1068 |
5 адад кам |
вафот |
197 |
203 |
6 адад зиёд |
никоҳ |
385 |
359 |
26 адад кам |
ҷудошавӣ |
88 |
72 |
16 адад кам |
муқаррар кардани падарӣ |
72 |
78 |
6 адад зиёд |
фарзандхонӣ |
3 |
6 |
3 адад зиёд |
мурдатавваллуд |
0 |
0 |
0 |
фавти то яксола |
7 |
15 |
8 адад зиёд |
тағйири ному насаб |
170 |
100 |
70 адад кам |
Дар давоми сол бо мақсади пешгирии ҷудошавии оилаҳо, муқаддас будани оила, тарзи ҳаёти солим, оқибатҳои никоҳи хешутаборӣ бо мактаббачагону аҳолӣ 11 маротиба вохӯриҳо гузаронида шуд. Инчунин 5 маротиба маҳфили аъзои клуби хушдоманҳои «То пир нест, тадбир нест» бо оилаҳои ҷавон ва ноустувор оид ба якдигарфаҳмӣ ташкил карда шуд. Дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ 14 оилаҳои ноустувор бо ҳам оштӣ дода шуданд.
КОР БО ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ
Барои рушду нумӯи самти кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ аҳамияти хоса дода шуд. Дар асоси қарори раиси шаҳр аз 5 январи соли 2015, №1 “Дар бораи варзиш ва солимгардонии аҳолӣ” ва бо мақсади тарғибу тошвиқӣ варзиш, ҷалби бештари аҳолӣ ба варзиш ҳар шанбеи чоруми моҳ Рӯзи варзиш эълон шуда, дар доираи он чорабиниҳои гуногуни варзишӣ ба роҳ монда шуд
Бо мақсади хотирмон таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар асоси қарори раиси шаҳр санаҳои 19 то 21 май дар шаҳракҳои шаҳри Қайроққум чорабиниҳои фарҳангӣ таҳти шиори «Ҷавонон давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар» баргузор карда шуданд. Санаи 20 май вохурии раиси шаҳр ва намояндаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳииназди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуров Ҷ. Бо ҷавонони шаҳр баргузор кардашуда, ба 15 нафар ҷавонони пешқадам тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Санаи 22 май дар маркази шаҳр чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти шиори «Ҷавонон давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар» бо роҳпаймоии зиёда аз 1350 нафар ҷавонон сурат гирифта, ба 25 нафар ҷавонон шаҳодатномаҳои идрорпулии Раиси шаҳр супорида шуд. Санаи 17 май дар шаҳр Рӯзи дави миллӣ бо иштироки Раиси шаҳр ва тамоми кормандони корхонаву муассисаҳои шаҳр гузаронида шуд. Инчунин санаи 23 ноябр бахшида ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санаи 21 декабр ба ҷонибдории Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат” дар маркази шаҳр роҳпаймоии ҷавонони шаҳр ба роҳ монда шуд. Ҳамчунин санаи 15 декабр дар Қасри Арбод бо дастури Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ вохурии Раиси шаҳр бо 300 нафар донишҷуён, ки аз шаҳри Қайроққум дар муассисаҳои олии вилояти Суғд таҳсил менамоянд баргузор гардида, ба 70 нафар донишҷуёни фаъол кӯмаки яквақтаи Раиси шаҳр ба маблағи 100 сомонӣ супорида шуд.
Бо мақсади рушди туризми дохилӣ дар доираи чорабиниҳои рӯзи ҷавонони Тоҷикистон санаи 23 майи соли 2015 кӯҳнавардии 50 нафар ҷавонон ба кӯҳҳои шаҳраки Адрасмон барои афрохтани Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ва навиштани шиори «Тоҷикистон – Ватани ҷавонон» ташкил гардид. Дар доираи чорабиниҳои вилоятӣ баҳри рушди туризми дохилӣ санаҳои 5-7 июни соли 2015 шаш нафар ҷавонони шаҳри Қайроққум дар ҳайати гурӯҳи вилоятӣ ба шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Кӯлоб, Восеъ ва Данғара сафар намуданд.
Санаи 13 июн дар шаҳри Қайроққум маросими ботантанаи қабули меҳмонон - иштирокчиёни Фестивали дӯстии ҷавонони Тоҷикистон таҳти шиори «Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман» баргузор гардид. Дар доираи чорабиниҳои банақшагирифташуда санаҳои 14 ва 16 июн бо ҷалби иштирокчиёни Фестивал Рӯзи варзиш эълон гардид ва аз рӯи намудҳои волейбол, шоҳмот, баскетбол ва футбол мусобиқаҳо ташкил гардид.
Бо мақсади солимгардонии ҷисмонии насли наврас дар шаҳр як мактаби варзишии бачагон ва наврасон фаъолият дорад, ки дар он 18 нафар мураббиён фаъолият доранд. Дар мактаби варзишӣ аз рӯӣ 10 намуди варзиш: футбол, волейбол, бокс, каратэ-до, дастхобонӣ, гӯштини юнонӣ-румӣ, якҳарбаи шарқӣ, варзиши сабук, тенниси рӯӣ миз ва шоҳмот сексияҳо амал менамоянд. Дар 45 гурӯҳҳои машқӣ бо ҷалби 452 нафар наврасону ҷавонон, аз он ҷумла 65 нафар духтарон, машқҳои варзишӣ гузаронида шуда истодаанд. Боиси қайд аст, ки дар машғулиятҳои ҳамарӯза иловатан зиёда аз 250-260 нафар ҷавонону наврасон ҷалб гардида, бо онҳо низ машғулиятҳо гузаронида мешаванд.
Барои таъминоти дастаи футболи шаҳр бо лавозимоти зарурӣ ва гузаронидани мусобиқаи футбол дар 6 моҳи соли 2015 аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 10 ҳазор сомонӣ барои харидории лавозимоти машқӣ ва сару либоси варзишӣ, пардохти маблағи сафархарҷӣ ҷудо гардидааст. Боиси қайд аст, ки бо дастгирии корхонаи ҶМ ТК ММ “Апрелевка” ба дастаи мазкур 15 ҳазор сомонӣ маблағ барои иштирок дар чемпионати ҷумҳурӣ низ ҷудо гардид.
Дар ин давра дар шаҳр 76 мусобиқаҳои варзишии шаҳрии гуногун гузаронида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 14 мусобиқа зиёд мебошад. Аз натиҷаи он ба ғолибон туҳфаҳову ифтихорномаҳои кумитаи тадорукот супорида шуд.
Варзишгарони қайроққумӣ дар мусобиқаҳои вилоятӣ ба гирифтани 84 медал, дар мусобиқаҳо ва чепианати Ҷумҳуриии Тоҷикистон ба гирифтани 115 медал, дар як мусобиқаҳои байналхалқӣ ба гирифтани 3 медал ва дар як мусобиқаи Осиёи Марказӣ ба гирифтани 38 медал сазовор гардидаанд.
Бояд қайд намуд, ки дар ин давра барои барқарорсозӣ ва таъмири иншоотҳои варзишӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ 320 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд. Аз ҷумла 1 толори варзишӣ ба истифода дода шуда, ҳавзи шиноварӣ таъмир карда шуда истодааст. Инчунин барои гузаронидани чорабиниҳои варзишӣ аз буҷети маҳаллӣ 3750 сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд.
Дар давоми сол мураббиёни шаҳр дар мусобиқаҳои байналмиллалӣ дар намуди каратэ-до дар шаҳри Бишкек Қамбаров В. сазовори ҷойи сеюм ва Истамов Х. аз намуди дастхобонӣ дар шаҳри Атлантаи Туркия сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Барои иштироки Истамов Х. дар мусобиқаи байналмиллалӣ аз ҳисоби буҷет 3000 сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд.
Сол аз сол туризм дар шаҳри Қайроққум рушд намуда, имкониятҳои мусоид барои истироҳату табобат фароҳам оварда мешавад. Маълумотҳои оморӣ нишон медиҳад, ки теъдоди меҳмонони ташрифоваранда барои истироҳату табобат ба шаҳр рӯз то рӯз меафзояд. Дар шаҳр дар як вақт имконияти қабул намудани 1044 нафар истироҳаткунандагону табобатгирандагон дар осоишгоҳҳои «Баҳористон», «Шифо», «Соҳил» ва урдугоҳи «Шоҳин» мавҷуд аст. Инчунин 4 меҳмонхонаҳо фаъолият мебаранд, ки имконияти дар як вақт қабул намудани 83 нафар меҳмононро доро мебошанд. Соли равон пас аз таъмири асосӣ меҳмонхонаи «Далер-777» ба кор шурӯъ намуд ва дар айни ҳол дар 15 ҳуҷраҳои замонавӣ 40 нафар мизоҷро дар як вақт қабул карда метавонад.
Бояд тазаккур дод, ки тасвиби қарори раиси шаҳр аз 5 феврали соли 2015 №17 “Дар бораи амалӣ намудани нақша-чорабиниҳои “Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017” дар шаҳри Қайроққум” баҳри густариш ва равнақи туризм дар қаламрави шаҳр такони ҷиддӣ дода, дар соли 2015 барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва ободонии минтақаи истироҳатӣ мусоидат намуд.
Дар соли 2015 ба минтақаҳои истироҳатию фароғати шаҳр расман 14884 нафар, аз он ҷумла 874 нафар хориҷиён ташриф оварданд. Маблағи воридшуда аз ташрифи сайёҳон 17 млн. 142,3 ҳазор сомониро ташкил дод.
Боиси зикр аст, ки осоишгоҳҳои шаҳр дар дар ярмакаҳои вилоятии туристӣ фаъолона иштирок намуда истодаанд. Асоишгоҳи Баҳористон дар 3 намоишгоҳи турустии хориҷӣ иштирок намуда, соҳиби ҷоизаи “Сифат” шуд. Бо мақсади тарғиби имкониятҳои туристии шаҳр 1230 дона буклетҳои иттилоотӣ тақсим карда шуда, мунтазам дар шабакаҳои телевизион роликҳо ва дар фурудгоҳ иттилоотҳо насб карда шудааст.
Дар ин давра барои тозаву озода нигоҳ доштани минтақаи истироҳатии шаҳр 3 маротиба аксияҳои “Тозагӣ ва корҳои ободонӣ” ва 6 маротиба шанбегиҳо бо ҷалби ҷавонон гузаронида шуд.
ВАЗЪИ СОҲАИ МЕҲНАТ, ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ
ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
Дар соли ҷорӣ музди маоши миёнаи кормандони тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр 1408 сомониро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 151 сомонӣ зиёд мебошад. Музди миёнаи меҳнати кормандон дар муассисаҳои тандурустӣ 695 сомонӣ, хизмати иҷтимоӣ 557 сомонӣ, маориф 681 сомонӣ ва фарҳанг 779 сомониро ташкил медиҳад.
Шумораи умумии кормандони дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр 10003 нафар буда, алъон ба фаъолияти меҳнатӣ 8009 нафар машғуланд.
Дар давраи сипаригашта ба шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳр 1121 нафар шаҳрвандон оид ба масъалаҳои мухталиф муроҷиат намуданд, ки аз онҳо 540 нафарро занон ташкил медиҳанд. Аз ин теъдод 686 нафар ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шуд, ки 283 нафарашон занон мебошанд. Аз шумораи шаҳрвандони дар қайдбуда 334 нафар (152 нафар занҳо) бо ҷои кори доимӣ таъмин карда шуд. Ба корҳои ҷамъиятии музднок дар асоси шартнома 63 нафар, аз онҳо 33 нафар зан ҷалб карда шуда, қисми музди меҳнати онҳо аз ҳисоби маблағи буҷети шаҳрӣ пардохт гардиданд. Дар давраи ҳисоботӣ ба таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯи тахассусҳои гуногун фаро гирифта шуда, 60 нафар барои омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла қолинбофӣ ва адрасбофӣ ҷалб гардиданд. Барои таъмин намудани шаҳрвандони бекор ва аз муҳоҷирати меҳнатӣ омадагон 38 нафар аз қарзҳои имтиёзнок ба маблағи 128400 сомонӣ бархурдор шуданд. Зиёда аз 143 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ дар корхонаи «Ғаюр-семент» бо кор таъмин гаштанд.
Дар шаҳр аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо бо ҳисоби қарзҳои бонкӣ маҷмӯъан соли ҷорӣ 1932 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуд. Бояд қайд намул, ки қисми асосии ҷойҳои кории таъсисдодашуда муваққатӣ ва мавсимӣ мебошад.
Дар давоми моҳҳои январ-декабри соли равон аз ҳисоби сокинони шаҳр 1969 нафар ба хориҷа сафар карданд. Аз онҳо мардҳо 1461 нафар ва занҳо 508 нафарро ташкил менамоянд. Ҳамзамон дар қаламрави шаҳр 888 нафар хориҷиён фаъолияти меҳнатӣ доранд.
Дар қайди шуъбаи Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳр 3189 нафар нафақахӯрон буда, нафақапулӣ саривақт пардохт карда мешавад. Ҳаҷми миёнаи моҳонаи нафақаи нафақахӯрон 249,99 сомониро ташкил медиҳад. Аз 1 январи соли 2013 таъини нафақа тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаи суғуртавӣ ва давлатӣ» амалӣ шуда, аз 1-уми августи соли 2013 ин ҷониб нафақапулӣ ва кӯмакпулиҳо, тариқи кортҳои бонкӣ амалӣ шуда истодааст. Имрӯз дар қаламрави шаҳр қарзи пардохти нафақа мавҷуд нест ва маблағгузорву пардохти саривақтӣ, моҳ ба моҳ ба роҳ монда шудааст.
Дар шуъбаи Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 122 нафар маъюбони то синни 18 сола ба қайд гирифта шуда, ба ҳамаи онҳо нафақа таъин ва пардохт карда мешавад.
Бо мақсади баланд бардоштани вазъи иҷтимоиву иқтисодии маъюбон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробардонисташуда, ҳимоятгарони сохти конститутсионӣ, оилаҳои бесаробонмондаи дар ҷангҳо ҳалокшуда, иштирокчиёни садамаи Чернобил ҳар моҳ ба 38 нафар 1780 сомонӣ аз буҷети маҳаллӣ маблағ ҷудо гардида ба онҳо дастрас мегардад. Инчунин ба 5 нафар нафақахӯрони барои хизматҳои махсус дар назди вилоят ҳар моҳ 320 сомонӣ кӯмак расонида мешавад. Дар арафаи иди Наврӯз ба 3 нафар нафақахӯрони хизматҳои махсус дошта дар назди ҷумҳурӣ аз ҷониби Президенти кишвар ба ҳар яке 1000 сомонӣ ва ба 2 нафар аз ҷониби Раиси вилоят 500 сомонӣ кӯмакҳои яквақтаи пулӣ дода шуд. Бахшида ба Рӯзи Ғалаба аз ҷониби Президенти мамлакат кумаки яквақтаи молиявӣ ба маблағи 1500 сомонӣ, ба 9 нафар иштирокчиии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, заҳматкашони ақибгоҳ барои хизматрасонии тиббӣ ва дастгирии моддӣ аз ҷониби Раиси вилоят 7400 сомонӣ маблағ ҷудо гардида, барои ин ашхос аз ҳисоби фонди захиравии раиси шаҳр 8073 сомонӣ маблағ барои дастгирии моддӣ интиқол дода шуд.
Ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ба 53 нафар кӯдакони маъюби то 18-сола ва 14 нафар ятимони кулл кӯмаки яквақтинаи молиявӣ дар ҳаҷми 50 сомонӣ ба ҳар як нафар ва дасторхони идона дар маркази “Маниҷа” ороста шуд. Дар соли 2015 ба 5 нафар ашхоси имконияташ маҳдуд чор аробачаи маъюбӣ дода шуд.
Бо мақсади дасгирӣ намудани 10 нафар шаҳрвандони ниёзманд аз ҳисоби барзиёдии даромади буҷет ба ҳолати 1 январи соли 2015 4700 сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд. Бахшида ба Рӯзи артиши миллӣ ба 10 нафар нафақахурони камбизоат, бахшида ба Рӯзи модар ба 10 нафар модарони нафақахур аз ҷониби Раиси шаҳр ба ҳар яке 120 сомонӣ кӯмаки яквақта расонида шуд. Бахшида Рӯзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи атомии Чернобел ба 16 нафар иштирокчиён 100 сомонӣ, бахшида ба Рӯзи кӯдакон ба 949 нафар мактаббачагон аз оилаҳои камбизоат ҷубронпулӣ ба маблағи 18980 сомонӣ, дар арафаи Иди Наврӯз ба оилаҳои камбизоат, бепарасторону ятимон ба маблағи 27784 сомон, дар арафаи 70 солагии Ғалаба дар ҶБВ ба 1 нафар иштирокчӣ 1500 сомонӣ ва ба 9 нафар иштирокчиёни ақибгоҳ ба маблағи 7400 сомонӣ кӯмакҳои моддӣ расонида шуда, дастурхони идона ороста шуд. Умуман дар соли 2015 бо мақсади баланд бардоштани вазъи иҷтимоиву иқтисодии 3430 нафар маъюбон, собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ашхоси ба онҳо баробар, маъюбони модарзод, шахсони яккаву танҳо ва оилаҳои камбизоат ба маблағи 165004 сомонӣ аёдат карда шуда, кӯмакҳои моддӣ расонида шуд.
Дар арафаи иди Наврӯз аз ҷониби Сарвари давлат бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва соҳибкор Турсуной Зокирова ба 10 оилаҳои камбизоат, ятимони кулл ва маъюбдошта хонаҳои истиқоматӣ ройгон дода шуд.
130 нафар оилаҳои камбизоат ва эҳтиёҷманд ба корхонаву муассисаҳои шаҳр вобаста карда шудааст, ки дар арафаи иду ҷашнҳо аёдат карда мешаванд.
Ҳоло дар шаҳр 864 нафар оилаҳои камбизоат ба қайд гирифта шудаанд, ки онҳо аз ҷубронпулӣ барои истифодаи қувваи барқ бархурдоранд. Дар ин давра маблағи ҷубронпулӣ барои истифодаи қувваи барқ 77444 сомониро ташкил дод, ки саривақт пардохт карда шудааст.
Дар давоми соли 2015 ба 82 нафар ниёзмандон дар хона ёрии иҷтимоӣ ва хизмати хонагӣ расонида шуд. 23 нафар нафақахурону эҳтиёҷмандон бинобар надоштани шароит ҳар ҳафта ройгон аз ҳамоми маркази шаҳр истифода менамоянд.
БОЙГОНӢ
Дар соли 2015 барои мустаҳкам кардани базаи моддӣ-техникии бойгонии байнисоҳавии ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсии шаҳри Қайроққум аз ҳисоби маблағҳои ҷаъшудаи бойгонӣ ба маҳфузгоҳи бойгонӣ 2 тиреза ва 2 дари оҳанини махсус созонида насб карда шуд. Инчунин пештоқи бино, зинапояҳоои даромад ва бинои иловагӣ аз таъмир бароварда шуд.
Дар ин давра бо сабаби ба охир нарасидани таъмири бинои иловагӣ танҳо аз чор як ҳисаи ҳуҷатҳои ба нақшагирифташудаи корхонаву муассисаҳо қабул карда шуд. Ҳоло 40 ҳазор ҳуҷатҳои ҳайати шахсӣ ба бойгонии шаҳр қабул карда шудааст, ки ин аз чор як ҳиссаи тамоми ҳуҷатҳои ҳайати шахсии шаҳрро ташкил медиҳад.
ВАЗЪИ ТАЪМИНИ ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ
Сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба татбиқи барномаҳои давлатии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ корҳои муайянеро ба анҷом расонида истодаанд. Баҳри иҷроиши Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 543 аз 2 ноябри соли 2007 «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлати мобориза бо ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015» нақша чорабини барои амалӣ сохтани Барномаи мазкур таҳия карда шудааст.
Дар давоми соли ҳисоботӣ 174 ҷинояткорӣ ба қайд гирифта шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9-то зиёд мебошад. Сатҳи кушодашавии ҷиноят беҳтар гардида, 93,53%-ро ташкил медиҳад. Аз ҷониби 6 нафар ноболиғ – Саидов Расулбердӣ, мутаваллиди соли 1997, сокини ноҳияи Айнӣ, Рустамов Хуршед, мутаваллиди 2000, сокини шаҳри Қайроққум, кӯчаи Дӯсти халқҳо 7-3, хонандаи синфи 9 МТМУ №1, Ҳоҷиматов Бахтовар, мутаваллиди 1998, сокини шаҳраки Консой, муҳассили маркази касбомӯзии Хуҷанд, Шамсиддинова Сабина, мутаваллиди 1998, сокини шаҳраки Чоруқдаррон, Пулотов Умед, мутаваллиди 1998, сокини шаҳри Қайроққум, хонандаи мактаби №1 ва Расулов Ҷаҳонгир, мутаваллиди 1998, истиқоматкунандаи шаҳри Қайроққум 6 ҷиноят содир карда шудааст, дар ҳамин давраи соли 2014 бошад, аз ҷониби 8 нафар ноболиғ 8 ҷиноят содир шуда буд. Дар ин давра як ҳодисаи худкушӣ аз ҷониби ноболиғ – Исманов Фаррух, мутаваллиди 1997, сокини шаҳраки Адрасмон, деҳаи Зарчашма, донишҷӯи коллеҷи ноҳияи Ашт ба қайд гирифта шудааст,
БАРРАСИИ МУРОҶИАТҲОИ ШАҲРВАНДОН
Дар самти кор бо мактуб ва муроҷиати шаҳрвандон фаъолияти мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» ба роҳ монда шудааст ва он дар маркази таваҷҷӯҳ ва назорати доимии кормандони дастгоҳи Раиси шаҳр ва сохторҳои таркибии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дорад.
Аз тарафи роҳбарияти шаҳр ҳар ҳафта рӯзҳои чоршанбе ва шанбе қабули шаҳрвандон гузаронида мешавад ва муроҷиатҳои шаҳрвандон дар асоси талаботҳои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд.
Дар давоми соли равон ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳамагӣ 929 аризаҳои шаҳрвандон ворид гардидаанд ки нисбати соли гузашта 12 адад кам мебошад.
Аризаҳои аз ҷониби шаҳрвандон ворид гардида, аз рӯи моҳият ва мазмун чунин ташреҳ дода мешаванд:
- Оид ба ҷудо кардани қитъаи замин –443 адад
- Расонидани кӯмаки моддӣ – 79 адад
- Масъалаҳои манзилию рифоҳӣ – 139 адад
- Иҷозат гирифтан барои сохтмони ҷузъӣ – 37 адад
- Масъалаҳои боғдорию полезкорӣ – 1 адад
- Оид ба эътирофи ҳуқуқи соҳибмулкӣ – 1
- Масъалаҳои гуногун – 229 адад
Аз он ҷумла:
- Аз иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ – 1 адад
- Аз мақомоти иҷроияи вилоят –45 адад
- Аризаҳои дастаҷамъона – 13 адад
Аз муроҷиатҳои хаттии воридгардида 230 ариза таҳти назорат гирифта шуда, асосан масъалаҳои ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмонҳои ҷузъӣ ва истироҳатгоҳҳоро дар бар мегиранд.
Аризаҳои воридшуда чунин ҳал шудаанд:
- Ба таври мусбӣ – 407 адад
- Шарҳу эзоҳ дода шуд – 413 адад
- Мӯҳлати баррасӣ дорад – 14 адад
- Рад карда шуд – 95 адад
Айни замон қабули шаҳрвандон аз рӯи принсипи «Равзанаи ягона» ба роҳ монда шудааст. Дар ин давра бо масъалаҳои шахсии шифоҳӣ аз ҷониби Раиси шаҳр 215 нафар шаҳрвандон қабул гардидаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 109 муроҷиат зиёд мебошад. Бояд қайд намуд, ки дар ин давра рӯзи қабули Раиси шаҳр дар Ҷамоати шаҳракҳои Адрасмон, Консой, Чоруқдаррон ва Зарнисор ташкил ва гузаронида шуданд.
Муроҷиатҳои мазкур чунин ҳаллу фасл гардидаанд: 95 муроҷиати шифоҳӣ ҳалли худро ба таври мусбӣ ёфтаанд, 104 мутобиқи қонунҳои амалкунанда фаҳмонида шудаанд ва 14-тои онҳо рад карда шудаанд. Ду муроҷиат муҳлати баррасӣ доранд.
ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМҲО
Дар соли 2015 аз ҷониби Комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳои МИҲД-и шаҳри Қайроққум санҷиши фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятии Коллеҷи тиббӣ, КДФХМК, КДФОК-и, Маркази саломатӣ, Беморхонаи маркази шаҳр, муассисаҳои таълимии № 1, 14, 8, 2 ва гимназияи №1 ва инчунин комиссияи доимии Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон гузаронида шудааст. Оид ба амалӣ намудан ва иҷрои талаботҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» дар Ҷамоатҳо, корхонаву муассисаҳо, дар маҳаллаҳо 12 маротиба вохӯриву суҳбатҳо баргузор гардиданд. Дар давоми нуҳ моҳи аввали соли ҷорӣ аз тарафи комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар 158 маъракаҳо рейдҳо гузаронида шудааст.
Дар соли 2015 дар шаҳр 363 адад тӯйҳои домодию арӯсӣ, 105 маъракаи хатнасур, 61 маросими чил ва 36 маъракаи сол баргузор гардида, барои доир намудани онҳо 3024048 сомонӣ маблағ масраф гардидааст. Дар баргузории 571 маъракаҳои асосӣ 262 сар чорвои хурд забҳ карда шудааст.
Дар арафа ва рӯзҳои ид дар шаҳр хатнасури хайриявии 25 нафар писарон ва тӯйи арусиву домодии як ҷуфт ҷавонон аз оилаҳои эҳтиёҷманд бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва соҳибкорон гузаронида шудаанд.
Дар қаламрави шаҳр 3 масҷиди ҷомеъ, аз ҷумла як ҷомеи марказӣ ва 6 масҷиди панҷвақта фаъолият мекунанд ва дар ҳамаи масҷидҳои ҷомеъ насби камераҳои мушоҳидавӣ ба роҳ монда шудааст. Бахши кор бо дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ бо масҷидҳои ҷомеи шаҳр мунтазам дар робита буда, мавъизаҳои имомхатибон дар рӯзҳои намози ҷумъа оид ба пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои бегона ва ифротӣ, оид ба тарбияи фарзанд, никоҳи хешу таборӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳали зист ва ободонии диёр ва амсоли ин ба намозгузорон хонда мешавад.
Дар давоми соли 2015 Комиссияи шаҳрии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо 8 ҳолати вайронкунии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро муайян намуд ва барои баррасӣ ба суд парвандаҳои дахлдорро ирсол намуд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар иди “Рамазон” ва “Қурбон” аз ҷониби иттиҳодияҳои динӣ ва намозгузорон ба 227 ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоат ба маблағи 28470 сомонӣ кӯмак расонида шуд.
Дар соли 2015 26 нафар шаҳрвандон аз шаҳри Қайроққум барои сафари Ҳаҷ намудан тибқи квота фиристонида шуд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр минбаъд низ иҷрои қарору фармоишоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазифагузориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва дигар мақомотҳои болоиро ба роҳ монда, тамоми имкониятҳои мавҷударо комилан ва самаранок истифода мебарад ва баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати зандагии шоиста ва босаодати мардум равона месозад.