08 Январ 2016
Дар толори МТМУ-и №14 бо намояндагони маҳаллаи №3 вохӯрии раиси КИ шаҳрии ҲХДТ Каромат Қосимова ва аъзои Раёсати кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ, директори МТМУ-и №14 Муяссар Раҳимова дар мавзӯи “Пешвои миллат-кафили сулҳу субот дар ҷомеа” баргузор гардид.
Муяссар Раҳимова зимни баромад оид ба хизматҳои шоиста ва шоёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба талошҳои ӯ дар ба даст овардани сулҳу субот дар кишварамон, ҷони худро ба хатар гузошта доиркунии вохӯриҳо бо намояндагони мухолифин, заҳматҳо баҳри пойдории миллат ва давлати тоҷикон, аз арсаи нестӣ раҳо додани он бо истифода аз хираду нерӯи нотакрор ҳарф зад.
Оид ба моҳият ва мӯҳтавои баромади Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар, ки санаи 9 декабри соли 2015 дар назди вакилони Маҷлиси намояндагон изҳор дошта буд, раиси КИ шаҳрии ҲХДТ Каромат Қосимова ибрози назар намуд. Дар бораи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” Каромат Қосимова, таъкид дошт, ки шахсияти барои халқаш сулҳ оварда, лоиқи ҳамаи мақомҳост.
Чанде дар толор будагон ба сухан баромада хизматҳои Сарвари давлатро баҳри гул-гулшукуфоии миллату давлат бузургу беназир ҳисобида ҳамовозӣ ва хуш пазируфтани қонуни мазкурро эътироф намуданд.
Дар маҳфил зиёда аз 90 нафар ширкат доштанд, ки байни онҳо фаъолон ва аъзоёни Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ низ буданд.