Матни равон

11 январи соли равон дар Кохи Истиқлол таҳти раёсати Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода ҷаласаи васеи фаъолони шаҳр баргузор гардид, ки дар кори он натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар давоми соли 2015 мавриди баррасии амиқу ҳамаҷониба қарор  гирифт.

Дар ҷаласа вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, сардорони раёсат, мудирони шуъбаву бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, намояндагони ташкилоту корхонаҳои саноатӣ ва дигар сохторҳои шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони Ҷамоати шаҳракҳо ва дигарон ширкат варзиданд.

Доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар давоми соли сипаришуда муовини Раиси шаҳр Ғайратҷон Оқилов гузориши муфассал дод.

Баъдан мудири бахши саноат ва энергетика Фазлиддин Орифов, мудири шуъбаи маориф Муяссар Ҳайдаров, сардухтури беморхонаи марказӣ Санобар Бойматова, раисони Ҷамоати шаҳракҳои Адрасмон Сафар Нурматов, Чоруқдаррон Мансур Боқиев, Зарнисор Шаҳло Шарифова ба музокира баромада, аз фаъолияти кории худ ҳарф заданд.

Дар соҳаи маориф ба таъмини китобҳои дарсӣ, компютерҳои муосир, ҷо ба ҷокунии кадрҳои соҳибтахассус, таъмири босифати муассисаҳои таълимӣ, иштироки фаъолонаи толибилмон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилал, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, ҳалли норасоии таҷҳизотҳои варзишӣ ва назорати мунтазам аз ҷониби раисони Ҷамоати шаҳраку шуъбаи маориф ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ чораҳои таъсирнопазир бояд андешид.

Дар шаҳри Қайроққум дар соли 2015 ҳамаги 8 нафар кӯдаки синни то 1 сола дар хона фавтиданд, ки ин нишонаи фаъолияти сусти муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ – санитарӣ ва маърифатнокии номукаммали аҳолӣ оиди нигоҳубини кӯдакон мебошад.

Масъалаҳои гузаштан ба усулҳои нави хизматрасонии тиббӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи тандурустӣ, ҳифзи саломатии модару кӯдак ва наврасон, вогирии бемориҳои сироятӣ, ки паҳншавии онҳо ҷомеаро нигарон сохтаанд, бояд мавриди таваҷҷӯҳи махсуси мутахассисону роҳбарияти соҳаи тандурустии шаҳр қарор гирад. Баробари ин Раиси шаҳр таъкид дошт, ки минбаъд низ нисбати шаҳрвандон муносибати самимона, хизмати шоиста ва замонавии тиббӣ, муомила ва фаъолияти инсондӯстонаи табибон ва кулли кормандони соҳаи тандурустӣ, ки ин омили асосии беҳтаршавии саломатии беморон мебошад, боз ҳам хубтар роҳандозӣ гардад.

Раиси шаҳр дар хусуси норасоиҳои пардохти маблағи қувваи барқ, хизмати коммуналӣ, ки боиси нигаронист ва қарз аз хизмати коммуналӣ 478 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ҳарф зад.

Зикр намуд, ки 6 корхонаи саноатӣ бо сабабҳои гуногун афзоиши маҳсулоти истеҳсолиро таъмин накарданд. 18 миллион бақияи маҳсулотҳои истеҳсолшуда дар соли 2015 бо фурӯш нарафт, ки дар ин самт масъулинро зарур аст тадбирҳои фаврӣ андешанд.

Раиси шаҳр таваҷҷуҳи масъулинро ба назорат ва иҷрои муроҷиатҳои шаҳрвандон, ки яке аз самтҳои асосии фаъолият ба ҳисоб меравад, расонидани кӯмак ва дастгирии иҷтимоии табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолиро дар арафаи иду дигар санаҳои таърихӣ ба оилаҳои камбизоат, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, маъюбон ва ниёзмандон, масъалаи интихобу ҷобаҷогузорӣ ва тарбияи кадрҳо ҷалб сохт.

Дар ҷараёни чорабинӣ ҳамчунин Раиси шаҳр тазаккур дод, ки вазъи корҳои ободонию сабзкориро дар ҳудуди шаҳр вусъат бахшида, ҷиҳати  афзун намудани нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва дар ин замина фароҳам овардани вазъи иҷтимоии мардум бо ҳадафи ноил гардидан ба зиндагии шоиста марҳила ба марҳила тадбирҳои иловагии судманд амалӣ карда шаванд.

Дар рафти ҷаласа ҳамчунин Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода аз масъулин дар иртибот ба камбудию норасоӣ ва мушкилоти ҷойдошта пурсиш ба амал оварда, роҳбарони соҳаҳои марбутаро ҷиҳати таъмини самаранокии самтҳои фаъолият, иҷрои саривақтӣ ва босифати таъмини буҷети маҳаллӣ ва амсоли ин ҷиддан муваззаф намуд.

Ҳамзамон Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаҳои вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2015 ва муайян намудани вазифаҳои асосӣ барои соли 2016 ҷалб намуда, дар назди масъулин доир ба ҷоннок кардани корҳо ва бартарафсозии камбудию нуқсонҳои мавҷуда вазифаҳои мушаххас гузошт.

Бояд гуфт, ки сарфи назар аз корҳои иҷрошуда масъалаҳои ҳалталаб дар шаҳр бисёранд,–таъкид дошт Матлубахон Амонзода.

Прокурори шаҳр Абдулло Абдуллозода оид ба иҷрои нақшаҳо ва рафъи фаврии камбудиҳои ҷойдошта пешниҳодоти хешро иброз дошт.

Дар ҷаласа муовини Раиси вилояти Суғд Заробиддин Файзуллозода иштирок ва суханронӣ намуда, баҳри рафъи камбудиҳо ва иҷрои саривақтии нақшаҳои пешбинишуда дастурҳои муфид дод.

Дар интиҳо Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода изҳори боварӣ кард, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар соли 2016 барои амалӣ гардонидани Барномаҳои амали Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳоро боз ҳам вусъати тоза бахшида, ба дастовардҳои нав ба нав ноил хоҳанд шуд.

Соли 2015 барои сокинони шаҳри Қайроққум бо комёб гардидан ба нишондиҳандаи аз ҳама баланди саноатӣ дар миқёси вилоят, бунёди корхонаҳои истеҳсолию марказҳои хизматрасонӣ, қомат афрохтани биноҳои хуштаҳру замонавии истиқоматӣ ҳамчун соли бобарор дергоҳ фаромӯш нахоҳад шуд.


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1758
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:14686
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:16444
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:16310
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:52895
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8262407

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?