Матни равон

12 январи соли 2016, дар нишасти матбуотии Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода, ки ба натоиҷи фаъолияти хоҷагии халқ дар соли 2015 бахшида шуду дар он теъдоди зиёди кормандони васоити ахбори умуми ҷумҳуриву хориҷӣ ва маҳалӣ ширкат доштанд чунин хулосабардорӣ шуд.

Раиси шаҳр минҷумла зикр дошт, ки бори нахуст дар даврони соҳибистиқлолӣ корхонаҳои саноатии шаҳр сарфи назар аз моликияташон ба маблағи 1 миллиарду 149 миллиону 79 ҳазору 600 сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нишондиҳандаи баландтарин дар солҳои охир маҳсуб меёбад. Ҳамзамон дар ин радиф дар фосилаи соли 2015 8 корхонаи хурду миёнаи тавлидотӣ бо таъсисёбии 108 ҷойҳои нави корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Дастоварди дигари иҷтимоии шаҳр дар он ифода меёбад, ки музди миёнаи маоши кормандон ба 1408 сомонӣ расидааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2014 151 сомонӣ зиёд мебошад.

Хабарнигорон дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ба ҳамаи масоили иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, варзишии ҳаёти шаҳри Қайроққум мароқ зоҳир карда, суолҳои худро ба Раиси шаҳр ироа доштанд, ки бо таври мӯъҷаз онҳоро манзури шумо мегардонем.

қдоми ба даҳ нафар оилаҳои камбизоату серфарзанд ҷудо кардани 10 манзили истиқоматӣ бо таври ройгон аз ҷониби соҳибкор Турсуной Зокирова моро ба ваҷ овард,- иброз дошт Санавбар Мақсудова, хабарнигори радиои Тоҷикистон дар вилояти Суғд,- ва оё чунин ибтикор минбаъд низ аз худи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қайроққум низ роҳандозӣ мешавад?

- Дар мувофиқа бо соҳибкорон пасон низ аз ҳисоби манзилҳои сохташаванда панҷ дар сади онҳо ба ихтиёри Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷудо карда шуда, онҳо ба кормандони соҳаи буҷавӣ, ҳуқук тақсим мешавад,- посух гуфт Раиси шаҳр.

Суоли корманди телевизиони мустақили «СМ - 1»-и шаҳри Хуҷанд Мафтуна Шукурова дар масъалаи вазъи  бунёди оилаҳои ҷавон буд.

Ба ин суол посух шуд, ки хушбахтона, муяссар гардид, дар соли сипаришуда сатҳи бекоршавии ақди никоҳ дар шаҳр боздошта шавад. Ин муваффақият бо шарофати баргузории ҳамоишҳои гуногун бо ширкати оилаҳои рӯзгордидаи намунавӣ, сӯҳбатҳои собиқадорони ҷангу меҳнат, доиркунии вохӯриву мизҳои мудаввар ба даст омадааст.

Маъсуми Муҳаммадраҷаб, бо намояндагӣ аз радиои «Озодӣ» аз он суол кард, ки тақдири баъдии нафақахурони кафолатии ҶСШК «Адрасмон», ки чандин моҳҳо инҷониб пардохта намешавад чи тадбирҳо андешида шуданд?

-Мутаассиф,- посух гуфт Раиси шаҳр,- бо дарназардошти он ки корхонаи мазкур соли сеюм аст фаъолият надорад, ин масъала ҳанӯз аз ҷониби соҳибмулкони қазоқ ҳалли худро наёфтааст. Феълан ҷиҳати тақдири минбаъдаи корхона ва бозпас аз ин соҳибмулкон гирифтану ба ин ё он ширкатҳо фурӯхтан гуфтушунидҳо идома доранд ва танҳо он ҳолате, ки соҳибмулки корхона муайян гашт, албатта, ин масъала низ мусбӣ арзёбӣ хоҳад шуд.

Дар посух ба суоли хабарнигори рӯзномаи хусусии «Дам» Ҷӯра Юсуфӣ оид ба вазъи роҳи мошингард миёни Бӯстон- Зарнисор Раиси шаҳр иброз дошт, ки ин роҳ дар тавозуни ноҳияи Мастчоҳ қарор гирифта, бояд таъмири он ҳам асосан аз тарфи онҳо анҷом ёбад. Аммо Ширкати саноатӣ-кӯҳии Тоҷикистону Хитой аз ин қазия худро дар канор нагирифтааст ва то қадри имкон ҷиҳати таъмиру тармим дасти мадад дароз мекунад. Зиёда аз ин фақат соли сипаришуда ширкати мазкур ба ноҳияи Мастчоҳ зиёда аз 40 миллион сомонӣ маблағи андоз супоридааст, ки масъулини ноҳияи Мастчоҳ метавонанд аз он барои таъмири роҳи мазкур истифода баранд.

- Лоиҳаи таъмини оби нӯшокӣ дар кадом сатҳ қарор дорад?- пурсид Мирзоаъзам Мақсудов, хабарнигор аз нашрияи ҳизбии «Минбари халқ» дар вилояти Суғд.

- Ин лоиҳа хеле бо мушкилӣ татбиқи худро ёфта, акнун марҳилаи аввалаш ба охир расидааст, интизорӣ меравад, ки соли равон кулли мардуми шаҳри Қайроққум пурра бо оби нӯшокии босифат таъмин мешавад,- посух шуд аз ҷониби Раиси шаҳр.

То чи андоза ба муҳити зисти гирду атроф безарару бе хавф будани корхонаи нави коркарди дуюмбораи маъдани партовгоҳ, «Шӯҳрат-2005», ки дар шаҳраки Чоруқдаррон ба истифода дода шудааст пурсон шуд ӯрунбой Усмонов, хабарнигори нашрияи «Халқ овозӣ» дар вилояти Суғд.

- Коргоҳи мазкур қадами басо ҷиддӣ ва қобили дастгирӣ ҷиҳати коркарди такрории партовгоҳҳои маъдан буда, дурнамои хуби иқтисодӣ дорад,- гуфт Матлубахон Амонзода, -зеро ба ин васила шароит фароҳам меояд, ки тавассути технологияи муосири японӣ боз оҳан, нуқра истеҳсол шавад. Ҳамзамон дар марҳилаи аввал 50 нафар бо ҷои корӣ таъмин шуда, аз лиҳози экологӣ хавфе надорад.

Саидҷон Сулаймонов, хабарнигори нашрияи «Согдийская правда» таваҷҷуҳи Раиси шаҳрро ба беҳтар кардани хизматрасонии мусофирон аз ҷониби масъулини хатсайрҳои мавҷуда ҷалб сохт.

Аз посухи Раиси шаҳр маълум гашт, ки феълан 9 хатсайр мавриди амал қарор дошта, муштариёнро аз Қайроққум ба самти Хуҷанд,  Ғафуров, Чкалов ва чандин Ҷамоати шаҳракҳо ба манзил мерасонад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаҳд дорад, ки пешниҳоду дархости донишҷӯёнро, ки ба самти Хуҷанд равонанд ба инобат гиранд.

- Чаро нақшаи хароҷоти соҳаи тандурустӣ пешниҳодшуда дар соли 2015 ба иҷро нарасид,- суол пеш овард Лумониддин Камолиддинов, хабарнигори ҳафтаномаи «Саломат бошед».

- Ваҷҳи асосӣ дар ин самт, ин басанда набудани мутахассисони тиббӣ аст,- гуфт Раиси шаҳр.

Суоли хабарнигори нашрияи вилоятии «Суғд ҳақиқатӣ» Облоқул Мӯсоев ба маъракаи обуна ба рӯзномаҳо дахл дошт.

Рӯшан гашт, ки иҷрои обуна ба ҳамаи номгӯи нашрияҳо, дар маҷмӯъ 89,5 дар садро ташкил дод, ки дар қиёс ба соли 2014 беҳтар мебошад.

Таъмири баъдии роҳи мошингард миёни Қайроққум-Адрасмон аз саволи хабарнигори оҷонсии «Азия плюс» Мавлуда Рофиева дар вилояти Суғд буд.

- Ҳаллу фасли мусбии ин масъала бо тақдири минбаъдаи Кони Мансури калону ба фаъолият оғоз кардани ҶСШК «КМА» вобастагӣ дорад,- гуфт Матлубахон Амонзода.

Дар поёни нишасти матбуотӣ Раиси шаҳр ҷиҳати иштироки фаъолонаи хабарнигорон дар инъикоси масъалаҳои гуногуни ҳаёти шаҳри Қайроққум дар саҳифаи рӯзномаҳо изҳори сипос дошта, боз дар соли равон ба ҳамкории судманд даъват ба амал овард.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1812
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:14686
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:16498
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:16310
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:52949
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8262461

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?