22 Январ 2016
Санаи 22 январ тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар мавзӯи «Паёмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – раҳнамо ба сӯи фардои ободу дурахшон» дар толори муассисаи кӯмаки аввалияи тиббӣ-санитарии шаҳри Қайроққум рӯзи ягонаи ахбор муташаккилона ба вуқӯъ пайваст.
Дар хониши сиёсӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, директори ширкати давлатии суғуртаи вилоят Б. Юлдошев, декани факултаи педагогикаи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Х. Сабуров, дотсенти кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ А. Одинаев, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр И. Мадализода иштирок ва баромад намуда, доир ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухаронӣ намуданд.
Худи ҳамин рӯз дар беш аз 40 корхонаву муассиса, ташкилоту идораҳои рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ дар фазои рӯҳбаландии сиёсӣ ва муташаккилона баргузор гардида, дар он тарғиботчиён ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр иштирок ба баромадҳо карданд.
Ҳамзамон, тазаккур бояд дод, ки дар маҳфилҳои сиёсӣ иштирокдорони он суханронӣ карда, аз дастгириашон нисбати сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди ободонии кишвар, амнияту осоиши мардум, ба меҳнати созанда даъват намудани аҳли ҷомеа ва дастгириву пуштибонии якдилонаашон нисбати сиёсати созандаву бунёдкоронаи давлати тоҷикон ва кӯшиши халалдор намудани зиндагии осоиштаву ороми давлатамонро маҳкум намуда, ибрози андеша карданд.