Матни равон

22 январ дар шаҳри Қайроққум Рӯзи ягонаи ахбор доир шуд. Тарғибгарони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр ба ташкилоту корхона, Ҷамоати шаҳракҳо рафта оид ба мӯҳтавои асосии нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар назди ҷомеаҳои меҳнатӣ баромад намуданд.

Нахуст онҳо оид ба дастовардҳои хоҷагии халқи мамлакат дар ҳамаи самтҳо, талошу тараддудҳои роҳбарияти кишвар ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани иқтисодиёти ҷумҳурӣ, беҳбуди бахшидани рӯзгори мардум сухан гуфта, роҳҳои ҳаллу фасли мушкилиҳои феълӣ назари хешро баён намуда, аз нақшаҳои нави ободониву созандагӣ таваққуф карданд. Яке аз мушкилиҳои имрӯзи ҳаёти Тоҷикистон, ин норасоии қувваи барқ аст, ки дар ин самт соли 2016 дар ҳаҷми 300 мегаватт иқтидорҳои иловагии энергетикӣ ба истифода супорида мешавад, баробари ин дар давоми сол ба кор андохтани иқтидорҳои нави саноатиро дар ҳаҷми 350 мегаватт ба нақша гирифта шудааст.

Дигар аз масъалаҳои муҳим бо ҷои кор таъмин намудани аҳолӣ мебошад. Тибқи барномаҳои давлативу соҳавӣ беш аз 205 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст. Қайд гардид, ки солҳои 2016-2017 беш аз 300 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ва барқарор карда шаванд.

Дар Паёмашон Президенти мамлакат як проблемаи доғи рӯз-масъалаи ятимонро ёдрас шуданд. Ба хубӣ огоҳ ҳастем, ки Ҷаноби Олӣ дар тамоми давраи фаъолияташон дар ҳаққи бенавоён, бепарасторон, тифлакони масъум ва ятимон ғамхорӣ зоҳир менамоянд, таъкид мекунанд, ки онҳо бенигоҳубин намонанд, аз ҳолашон пайваста бохабар бошем. Дасти навозишу меҳрубонӣ ба сари ятимону бепарасторон мебаранд. Борҳо ба мушоҳида расидааст, ки барояшон дастархон густурда, бо онҳо ҳамроҳ нишастаанд ва ба ҳарфашон гӯш додаанд.

Дар Паём, инчунин, баҳри осудаҳолӣ ва боз ҳам беҳтар гардидани сатҳи зиндагӣ тадбирҳо пешбинӣ шудаанд.

Ҳамаи ин мазмуну мундариҷаи Паёми навбатии Сарвари давлат аз тарафи тарғиботчиён ба аҳолӣ шарҳу эзоҳ дода шуд.

Гурӯҳи тарғиботии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти сарварии Болтубой Юлдошев, директори ширкати давлатии суғурта дар вилояти Суғд ва Хайрулло Сабуров, декани факултаи педагогикаи ДД Хуҷанд, ба номи академик Б.Ғафуров, Алиҷон Одинаев, дотсенти кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар назди кормандони тибби Маркази саломатӣ ва омӯзгорони МТМУ-и №1 оид ба ҳамаи паҳлӯҳои Паёми Президент баромадҳои пурмӯҳтаво доштанд.

Дар зиёда аз 40 муассисаю ташкилотҳои шаҳр Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ  дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронида шуд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1750
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:14686
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:16436
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:16310
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:52887
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8262399

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?