27 Январ 2016
Қарори Раиси шаҳри Қайроққум аз 15 январи соли 2016, таҳти №2 доир ба тасдиқи нақша - чорабиниҳои МИҲД шаҳр бо ҳадафи таъмини Барномаи вилоятии «Соли 2016 – Соли маҳалла, деҳа ва шаҳраки обод» ба тасвиб расид.
Таваҷҷуҳ ба ободии маҳалли зист, ташкили ҳашарҳои дастаҷамъона дар маъракаҳои ниҳолшинонӣ, бунёди иншоотҳои фароғатию варзишӣ, азнавбарқароркунии хатҳои обу барқ, эҳёи анъанаҳои сабзкорӣ, таъмиру тармими роҳҳои автомобилгарду пайроҳаҳои одамгузар, саривақт супоридани маблағҳои хизмати коммуналӣ, чароғонкунии кӯчаҳо ва риояи Қонунҳои ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз умдатарин тадбирҳои нақша-чорабинӣ ба шумор меравад.