28 Январ 2016
Қайроққум, 26.01.2016.(АМИТ “Ховар”).-Дар толори мақомоти маҳаллии шаҳри Қайроққум ҷаласаи васеи корӣ таҳти раёсати раиси шаҳр Матлубахон Амонзода бо иштироки фаъолон ва масъулини бахшу шуъбаҳои мақомоти шаҳр доир гардид.
Тавре ки ба хабарнигори АМИТ “Ховар” масъули хадамоти матбуотии мақомоти шаҳри Қайроққум Рустамҷон Одизода иттилоъ дод, яке аз масъалаҳои асосии ҷаласаи навбатӣ баёни нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди гуфтугузор қарор гирифт.
Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода баён дошт, ки Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат нисбат ба паёмҳои солҳои пешин боз ҳам фарогиртару пурмуҳтаво буда, он, пеш аз ҳама, далели барҷастаи рушди бомароми кишвар дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт мебошад. Паём ҳисси ифтихори аҳли сокинони Ватани маҳбубамонро аз сарзамини хеш, аз истиқлолияти он ва аз комёбиҳои барҷастааш то солҳои охир боз ҳам афзудааст.
Шаҳрдори Қайроққум таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба масъалаҳои роҳҳои пешрафти соҳоти гуногуни хоҷагии халқи шаҳр, баланд бардоштани сатҳи зисти шаҳрвандон, беҳбудӣ дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фаъолияти густурда дар амалисозии Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва фарогирии ҳарчи бештари нафарони бекор бо шуғли доимӣ ҷалб намуд.