28 Январ 2016
Тавре раиси Ҷамоати шаҳрак иттилоъ дод, дар ин ҷо созмони ҷавонон таъсис ёфт.
Ҷавонони шаҳрак Фирӯза Раҷабоваро сарвар ва 9 нафар фаъолони соҳоти гуногунро ба узвияти ин ташкилот интихоб намуданд.
Фаъолияти созмон аз тарғибу ташвиқи паҳлӯҳои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ дар байни бошандагони шаҳрак оғоз ёфт.