29 Январ 2016
Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон аст.
Эмомалӣ Раҳмон
Кумитаи иттифоқи касабаи маорифи шаҳри Қайроққум пайваста ба ташкили табобату фароғат ва истироҳати аъзои иттифоқи касабаи маорифи шаҳр ғамхорӣ зоҳир менамояд. Тибқи нақшаи Кумитаи иттифоқи касабаи маорифи шаҳр бахшида ба ифтихори 25-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2016 ҳамчун «Соли фарди солим» ва ба хотири дар сатҳи баланди маънавӣ, маърифатӣ ва ташкилию тарбиявӣ гузаронидани истироҳату табобати аъзои иттифоқи касаба ва зермаҳфили «Дармон»-и «Корвони маърифат» дар осоишгоҳи «Шифо» баргузор гардид. Дар он омӯзгорони маркази шаҳр ва шаш Ҷамоати шаҳракҳо ширкат варзиданд. Ҳамчунин, дар маҳфил намояндаи МИҲД-и шаҳри Қайроққум Эраҷ Шодиматов, сардухтури осоишгоҳи «Шифо», номзади илмҳои тиб Шарифҷон Абдуллоев иштирок доштанд.
Дар ибтидо сарвари маҳфил, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Акбаралӣ Усмоналиев роҷеъ ба нақшаҳои маҳфил маълумот дод. Мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Эраҷ Шодиматов суханронӣ намуда, доир ба ҳадаф ва мақсадҳои маҳфили амалкунанда ибрози андеша намуд. Сипас, омӯзгори МТМУ № 8-и шаҳраки Сирдарё Рисқӣ Сатторова дар рафти маҳфил иброз дошт, ки дӯстии байни кормандони муассисаҳои шаҳри Қайроққум ба туфайли маҳфили «Дармон» боз ҳам пурқуввату устувортар хоҳад шуд. Ҳамчунин дар маҳфил омӯзгори МТМУ № 3-и Нилуфар Мурзалиева ба Кумитаи иттифоқи касабаи маорифи шаҳр арзи сипос намуда, шароити хизматрасонии Осоишгоҳи «Шифо»-ро нисбати мизоҷон хуб арзёбӣ намуд. Иштирокчиёни аъзои маҳфили «Дармон» шукронаи тинҷиву оромии Ватан карда, қайд намуданд, ки маҳз тавассути ғамхорӣ ва дастгирии пайгиронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин рӯзҳои хотирмон насибамон гардидааст. Ҳамзамон дар раванди маҳфил доир ба фаъолияту муносибати кормандони истироҳатгоҳ ва беҳтар намудани фаъолияти маҳфили «Дармон» мубодилаи афкор ба вуқӯъ пайваст.
Дар фарҷоми маҳфил сардухтур, номзади илмҳои тиб Шарифҷон Абдуллоев суханронӣ намуда, роҷеъ ба ширкат ва пешниҳоди ҷолиби истироҳаткунандагон барои беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонӣ изҳори минатдорӣ баён намуд.