19 Феврал 2016
Муассисаи давлатии “Мактаби варзишии бачагон ва наврасони шаҳри Қайроққум” спартакиадаи мактаббачагони шаҳрро оид ба шоҳмот ва шашка гузаронид. Зиёда аз 25 нафар хонандагон аз муассисаҳои таълимии рақамҳои 1, 14, 5 ва 7 дар чорабинӣ ширкат варзиданд.
Дар мусобиқаи шоҳмотбозӣ мақоми аввалро Абдумаҷид Рустамов, ҷойҳои минбаъдаро дугоникҳо аз шаҳраки Адрасмон Ҳасан ва Ҳусейн Мадаминовҳо сазовор гаштанд.
Дар намуди шашка ҷойи якум насиби Яхшибой Бердиев (аз МТМУ-и №1), ҷойҳои дуюму сеюмро бошад Абдумаҷид Рустамов (аз МТМУ-и №14) ва Б.Файзуллозода (аз МТМУ-и №1) ишғол намуданд. Ғолибон бо Ифтихорномаҳои МВБН сарфарозонида шуданд.