Матни равон

17 феврал дар Кохи Истиқлол таҳти раёсати Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода оид  ба лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Канститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда ва нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот доир шуд.

Дар мулоқот сардорони ташкилоту корхонаҳо, мудирони шуъбаю бахши МИҲД, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони ҷангу меҳнат, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, раисони Ҷамоати шаҳракҳо, намояндагони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва соҳоти дигар ширкат доштанд.

Нахуст Раиси шаҳр аз зарурати ворид кардани тағйиротхо ба Конститутсияи Тоҷикистон дар шароити кунунии ҷаҳони имрӯза ибрози назар карда, таъкид дошт, ки  ҳадаф аз ин иқдом боз ҳам мустаҳкам намудани асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳким ёфтани ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона шудааст.

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарогири тамоми масоили иқтисодиву иҷтимоии кишвар буда, ҳар нуктаву дастуру пешниҳодот баҳри беҳбуд бахшидан ба сатҳи зиндагии мардум мебошад, ,- гуфт Матлубахон Амонзода, Раиси шаҳри Қайроққум.

Баъдан номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, устоди ДДҲБСТ Нарзулло Ахмедов, ёрдамчии бахш оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгохи иҷроияи Президенти ҶТ Шуҳрат Бӯриев, сардори шуъбаи шаҳрии дар Қайроққум будан Раёсати КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд Хаёл Ҳакимов, сардори Раёсати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ Тоҳирҷон Баротов ба сухан баромада, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба тағйиру иловаҳои Конститутсия, муҳтавои Паём, яке аз мушкилоти умдаи ҷаҳони имрӯз – экстремизм ва терроризм ҷалб намуданд.

Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат Муҳаммадҷон Файзуллоев, омӯзгори МТМУ-и №1 Иноят Азизова, хонандаи ҳамин мактаб Неъматҷон Неъматов ва муаллимаи МТМУ-и №8 Дилбар Қосимова ба музокира баромада, эътирози хешро оид ба зуҳуроти хатаровар – терроризм ва экстремизм баён дошта, ҳамзамон ҷонибдориашонро аз тағйироту иловаҳо ба Конститутсия ва дастури таҷассумгари ҳаёти босаодат Паём  андешаҳои ҷолиб иброз намуданд.

Раиси шаҳр изҳори боварӣ кард, ки фаъолони шаҳр тадбирҳои фаҳмондадиҳиро нисбат ба зуҳуроти номатлуби ҷомеа вусъат дода, дар татбиқи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат, ки дар Паём ироа шудааст, саҳми шоён хоҳанд гузошт.


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3030
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:14686
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:3030
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:29213
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:54167
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8263679

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?