23 Феврал 2016
Субҳи 23-юми феврал бахшида ба 23 - солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маросими тӯҳфасупорӣ ба ҷанговарони байналмилал аз ҷониби Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода доир гардид. Баъдан дар толори “Кохи Истиқлол” ҳамоиши иди ҳомиёни кишвар бо ҳузури намояндагони ниҳодҳои қудратӣ ва ташкилоту корхона, Ҷамоати шаҳракҳо баргузор гашт.
Ҷамъомади идона бо ворид шудани Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода, ворид кардани Парчами миллӣ ба толор ва садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт.
Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода дар суханронии хеш ҳозиринро ба муносибати ҷашни фархунда табрик намуда, артишро сипари боэътимоди мамлакат, кафили амният ва зиндагии осоиштаи мардум ном бурд.
Зимни суханронӣ Раиси шаҳр таъкид дошт, ки таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими заминаи сиёсиву ҳуқуқии сохтори ҳарбии кишвар муваффақ шудем. Маҳз туфайли ғамхории пайвастаи Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳ имрӯз Артиши Миллии мо ба қувваи боэътимоди муҳофизкунанда табдил ёфтааст.
Имрӯзҳо садҳо нафар ҷавонписарони қайроққумӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландона қарзи Ватан-Модарро ба иҷро мерасонанд. Соли гузашта дар даъвати баҳорона ва тирамоҳӣ даҳҳо нафар ҷавонписарони баору номуси шаҳр ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар вазъияти тантанавор гусел карда шуданд, - изҳор намуд, Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода.
Консерти идона бо иштироки санъатварони бахши фарҳанг чорабинии ҷашниро шукуҳи тоза бахшид.
Дар фарҷоми ҷамъомади тантанавӣ ба кулли иштирокдорон туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супорида шуд.