25 Феврал 2016
Дар рӯзҳои иду арафа ва ҷашну маросимҳо аёдати табақаҳои ниёзманди ҷомеа ба ҳукми анъана даромадааст. Тавре дар яке аз баромадҳои хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд “дасти сахо доштан яке аз беҳтарин хислатҳои неки инсонӣ буда, дар тарғиби ғояҳои инсондӯстӣ, ҷавонмардӣ ва саховатпешагӣ дар байни ҷомеа нақши бузург мебозад”.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қайроққум ин дастури Президенти кишварро раҳнамои фаъолият қарор дода, ҷиҳати беҳтар намудани вазъи иҷтимоии рӯзгори онон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.
Натиҷаи чунин амали нек буд, ки бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ собиқадорони ҷангу меҳнат, ҷанговарони башардӯст, муҳофизони сохти конститутсионӣ ва табақаҳои ниёзманди ҷомеа бо иқдоми Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода бо маводҳои хӯрока ва туҳфаҳои идона аёдат карда шуданд. Аз чунин дастгириву ғамхорӣ табақаҳои зикр гардида изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.