01 Март 2016
Хушбахтона, бархе аз ҳамдиёрон дар корҳои хайру савоб бо мақсади ободкориву созандагӣ, рушди истеҳсолот, таъмини шаҳрвандон бо ҷойи кор, аёдати барҷомондагон, дастгирии ниёзмандон ва дигар корҳо саҳми шоиста доранд.
Яке аз чунин ашхоси саховатманд вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят, директори генералии ҶМ ТКММ «Апрелевка» Бахтиёр Маҷидов мебошад. Дар арафаи фарорасии Баҳори дилрабо тарбиятгирандагони кӯдакистони «Уқобак»-ро ӯ шодию нишот бахшид. Барои тарбиятгирандагон вакили мардумӣ Бахтиёр Маҷидов 120 адад маҷмӯи ҷиҳози фароғатро чун армуғон пеш овард. Аз чунин иқдому амалҳои неки Бахтиёр Маҷидов мо интихобкунандагон, кулли сокинони шаҳраки Консой шоду мамнунем.
Тавассути нашрияи дӯстдоштаам «Соҳил» мехоҳам ба Бахтиёр Маҷидов изҳори сипосу миннатдории падару модарони тарбиятгирандагон ва коркунони кӯдакистонро баён дорам.