01 Март 2016
Ба ифтихори пешвози арзандаи ҷашни чорякасраи Истиқлолият дар вилояти Суғд «500 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» эълон шудааст.
Мардуми шаҳри Қайроққум ин иқдомро пайгирӣ намуда, баробари вусъати корҳои ободкориву созндагӣ ҳамзамон ба ҳашарҳои дастаҷамъона мебароянд. Рӯзҳои истироҳат сокинони кӯчаи ба номи С.Айнӣ ба ҳашари навбатӣ баромада ҷӯю рӯдхонаҳоро тоза, бехи дарахтону навниҳолонро нарм карда қариб 50 бех ниҳолони шафтолую зардолу ва сафедор шинониданд. Бошандагони маҳалла аз ташаббуси Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода бобати ҳар ҳафта гузаронидани шанбегӣ бо ҳадафи таъмини тозагӣ, чун огаҳӣ ёфтанд ҳама ин иқдомро пайравӣ намуда бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва маърифати баланди шаҳрдорӣ ба ҳашар баромаданд, - ҳини сӯҳбат иброз дошт, яке аз сокинони маҳал, ҷанговари байналмилал Қурбонбой Бозоров.
Аз баракати ҳашар ва меҳнати хуби Шодӣ Ашӯров, Иброҳим Мамадҷонов, Анвар ва Эркин Ашировҳо, Румис Мирсалимов, Мавлуда Худойназарова, Олимҷон Баротов, Гулсияҳ Авзалова, Фаридун Султонов, Марина Луткова ва дигарон корҳои бисёррӯза дар ду рӯз анҷом дода шуд, ки фаъолияти онҳо шоёни таҳсин аст. Умед бар он дорем, ки сокинони дигар маҳаллаҳо низ ба ташаббуси Раиси шаҳр ва сокинони кӯчаи ба номи С.Айнӣ ҳамовозӣ намуда, дар таъмини тозагии ҳудуди зист нақши бориз мегузоранд.