04 Март 2016
Дар партави Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, беҳдошти тарзи ҳаёти солим, баланд гардидани сатҳи маърифатнокӣ ва маънавиёти ҷавонон баҳри эмин будани онҳо аз хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир, худкушӣ, пешгирии шомилшавии ноболиғону ҷавонон ба гурӯҳҳои ҷиноятпеша, тамоилҳои бегонапарастӣ ва бо ин васила тарбия намудани насли наврас дар рӯҳияи баланди ватандорӣ, муқаддасоту арзишҳои миллӣ вохӯрии намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар толори муассисаи таълимии №3-и Ҷамоати Консой бо ҷавонон баргузор гардида, дар он зиёда аз 200 нафар ҷавонони фаъол, омӯзгорони ҷавон, пирони рӯзгордида, падару модарон, варзишгарон ва раисони маҳаллаҳо ширкат варзиданд.
Мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳй Саида Ғоибова, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ вар обита бо ҷомеа Фахриддин Бегов, сармутахассиси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Наимҷон Шарифов ва директори мактаби варзишии бачагону наврасон Темур Қаюмов роҷеъ ба муҳтавои Паёми Пешвои миллат, тағйиру илова ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, худшиносии миллӣ, ҷалб намудани ҷавонон ба варзиш, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва амсоли ин баромад намуданд. Мулоқот бо ибрози андешаи тарафайн ва саволу посухҳо ба анҷом пазируфт.