Матни равон

Имрӯз, 31.05.2023 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и маркази шаҳр тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр вобаста ба пешгирии падидаҳои номатлуб, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, пешгирии ҷинояткорӣ, пешгирии таълимоти ғайрирасмии динӣ ва пешгирии ҳодисаҳои нохуши ғарқшавӣ дар мавсими тобистон вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов, сардори бахши РКҲФ ва МГ вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон Шуҳрат Алиев, нозири калони ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон оид ба ноболиғон ва ҷавонон Рухшона Содиқзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки ҳаёт ба сар бурдан дар раванди босуръати ҷаҳонишавӣ ва ҳаводиси ҷаҳони муосир аз шахс масъулияти бузургро талаб менамояд, зеро рушди бемайлони илму технология метавонад инсонҳоро бо ҳам наздиктар намуда, дар миёни онҳо афкори гуногунро ба вуҷуд орад, ки на ҳамаи унсурҳои он барои ҷомеаи мо манфиатовар аст.

Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо, ки ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, албатта наметавонад аз ин гуна бархурдҳо ва тазодҳои печидаи ҷаҳони муосир дар канор монда, нисбати онҳо бетараф бошад. Бо назардошти ин, масъалаҳои таълиму тарбияи насли наврасу ҷавони кишвар, омӯзиши ҳамаҷонибаи таърихи халқи тоҷик, санаҳои муҳими таърихии даврони соҳибистиқлолӣ, ҳифзи арзишҳои миллию давлатӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти давлатӣ ва дастовардҳои замони истиқлол, доштани ҳисси баланди ифтихори миллӣ, гирифтани пеши роҳи таассубу ихтилоф, пешгирии падидаҳои номатлуб, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳо ва пойдор нигоҳ доштани сулҳу ваҳдати миллӣ аз муҳимтарин арзишҳои худшиносӣ мебошанд, ки беш аз пештар дар ҷомеаи шаҳрвандии мо аҳамият пайдо намудаанд. Бинобар ин баргузории чунин чорабинии муҳим ба манфиати кор мебошад.

Сипас, баромадкунандагон доир ба пешгирии падидаҳои номатлуб, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, пешгирии ҷинояткорӣ, пешгирии таълимоти ғайрирасмии динӣ, пешгирии ҳодисаҳои нохуши ғарқшавӣ дар мавсими тобистон  суханронӣ намуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1213
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2331
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:10207
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:43806
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7685726

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?