31 Март 2016
30-юми март дар толори МИҲД-и шаҳр ҷаласаи навбатии Шӯрои методӣ оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон баргузор гардид. Дар ҷаласа рафти татбиқи Қонунҳои ҶТ “Дар бораи озодии виҷдон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи маориф” мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода ҷаласаро оғоз намуда, қаблан сардори нави шуъбаи ВКД ҶТ дар шаҳри Гулистон Хуршед Мирзозодаро ба ҳозирин муаррифӣ кард. Баъдан дар бораи ҳифзи пойдории истиқлолият, ватандӯстӣ, ҳуввияту ваҳдати миллӣ ва ваҳдати содиқона ба давлату миллат ҳарф зад. Таблиғгарони ҷараёнҳои бегона аз сатҳи пасти маърифатнокии сиёсии ҷавонон истифода бурда, таваҷҷуҳи ононро ба худ ҷалб менамоянд. Мазҳабу ҷараёнҳои тундгаро бо фитнаву иғвогарӣ оташи ҷангу ҷидолро барангехта ба пешрафту иқтисодиёти кишварҳо зиён меоранд. Имрӯз дастовардҳои замони истиқлолиятро нодида гирифта ба гирдоби ҷараёнҳои бегона ғӯтавар гардидани бархе шаҳрвандон, бахусус ҷавонон боиси нигаронист, - иброз дошт Раиси шаҳр.
Пешвои муаззами кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромадҳои хеш ҷавононро қувваи бузург арзёбӣ карда, таъкид медоранд, ки ба ин қишри ҷомеа бояд пайваста ғамхорӣ шавад, то аз гаравидани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои тундраву ифротӣ пешгирӣ шавад.
Доир ба таъмини иҷрои Қонуни ҶТ “Дар бораи озодии виҷдон” сардори шуъбаи дар шаҳри Гулистон будаи Раёсати КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд Хаёл Ҳакимов баромад кард. Мавсуф оид ба паҳншавии тафаккури харобиовари ифротгароӣ, қувватгирии фаъолиятҳои ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ва монанди инҳо, ки суботу амнияти ҷаҳонро, дар маҷмӯъ ба таҳдиди ҳатарҳои ҷиддӣ оварда мерасонад изҳори нигаронӣ намуд. Мубориза ба муқобили экстремизму терроризми байналмилалӣ дар асл мубориза барои ҳифзи давлат, истиқлолият, арзишҳои миллӣ ва зиндагии озоду осудаи халқ мебошад, - таъкид дошт баромадкунанда.
Мудири шуъбаи маорифи шаҳр Муассар Ҳайдаров роҷеъ ба рафти татбиқи Қонуни ҶТ “Дар бораи маориф” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ибрози андеша намуд.
Дар фарҷом Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода ашхоси масъулро муваззаф кард, ки бобати густариши тадбирҳои фаҳмондадиҳӣ бо дарки қадру қимат ва арзиши таърихии истиқлолият, дастгирии ҳамаҷонибаи сиёсати давлату Ҳукумат, ҳифзи сулҳу ваҳдату амният чораҳои мушаххасро роҳандозӣ намоянд.