Матни равон

Санаи 19.09.2023 дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр ба муносибати Рӯзи шаҳри Гулистон ва 60-умин солгарди таъсисёбии шаҳри Гулистон чорабинии идона баргузор карда шуд.

Нахуст муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба ин муносибат манзури сокинони шаҳри Гулистон намуд.

Сипас, Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода сокинонро ба ба муносибати Рӯзи шаҳри Гулистон ва 60-умин солгарди таъсисёбии он табрику таҳният гуфт.

Зикр карда шуд,  ки пас аз таҷлили бошукӯҳи иди бузурги миллӣ   - Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлили рӯзи шаҳрамон, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои бузург ноил гардидааст, идомаи мантиқии шукӯҳу ҷалол ва шаҳомати Истиқлоли давлатӣ мебошад.

Дар ин рӯзҳои фараҳбахши фасли тирамоҳи заррин, ки дар партави сиёсати ояндасозу хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи шарифи кишвар қадамҳои устувори хешро дар эъмори давлати соҳибихтиёру соҳибмақом дар арсаи ҷаҳон мегузорад, мардуми шарифи шаҳри Гулистон бо рӯҳияи баланди ватандорӣ, хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ ба корҳои бунёдкорӣ ва созандагӣ камари ҳиммат маҳкам бастаанд.

Шаҳри Гулистон ҳамчун маркази маъмурии тобеи ҷумҳурӣ 4-уми январи соли 1963 таъсис ёфт. Дар муддати 20 соли баъди таъсисёбӣ рушди бемайлони шаҳр таъмин буд ва он ба яке аз шаҳрҳои стратегии замони шӯравӣ табдил ёфт. Мутаасифона охири солҳои ҳаштодуми қарни гузашта барои шаҳри ҷавони Гулистон мушкилиҳои зиёдро ба бор овард. 13 октябри соли 1985 заминларзаи даҳшатбор риштаи ҳаёти 29 нафар сокинони шаҳрро канда намуда, садҳо нафарро маъюб сохт. Бинову иншоотҳои гуногуни хизматрасониву маишӣ қариб пурра валангор гардида, хисороти калони ҷонию молӣ расонида шуд.

Новобаста аз он, ки ин мушкили дар як муддати кутоҳ бартараф шуд, аммо дар охири солҳои 80-ум ва солҳои аввали 90-ум бо иллати кандашавии равобити иқтисодӣ байни кишварҳои собиқ Шӯравӣ шаҳри Гулистон боз ба яке аз шаҳрҳои харобгашта муббадал гардид. Сокинони он, ки аксар халқиятҳои гуногунро дар бар мегирифтанд, мавқеи сукунати хешро иваз карданд ва мушкилиҳои мавҷуда боз ҳам дучанд гардид.

Шаҳри Гулистон дар зарфи 32 соли Истиқлоли давлатӣ ба яке аз марказҳои азими саноатӣ ва сайёҳии вилояту ҷумҳурӣ мубаддал гардида, дар пешрафти, махсусан соҳаи саноати кӯҳии кишвар ва туризм нақши арзандаи худро касб намудааст.

Дар даврони истиқлолият шумораи корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон аз 13 корхона то ба 43 адад расида,  номгўи маҳсулоти истеҳсолӣ низ аз 13 ба 89 номгўй баробар шудааст.

Дар доираи таҷлили бошукӯҳи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабинии иншооти ҷашнӣ тасдиқ гардида, 117 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 70 адади он мавриди истифода қарор дода шудааст ва боиси  ифтихору сарфарозист, ки 9 адади он бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки таҷлили Рӯзи шаҳри Гулистон барои ҳар яки мо мояи ифтихор гардида, моро барои вусъати корҳои ободониву созандагӣ дар партави зиндагиафрӯзи Истиқлоли давлатӣ ҳидоят хоҳад кард.

Дар қисми фарҳангии чорабинӣ сарояндагони номдори вилоят ва шаҳр бо суруду таронаҳои дилнишин табъи иштирокдорони чорабинии идонаро болида гардониданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1125
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1114
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:3699
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:11245
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:17604
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:71451
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8075307

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?