30 Октябр 2025
Имрӯз, 30-юми октябри соли 2025 тибқи нақшаи сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷиҳати баргузории вохӯриҳо бо усули “маҳал ба маҳал” ва “деҳа ба деҳа” дар маҳаллаи №4-и маркази шаҳр бо сокинон вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Дар вохӯрии мазкур муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Бахтиёр Каримов, сармеъмори МИҲД-и шаҳр Илҳом Ашуров ва мутахассиси пешбари бахши дин, танзими ҷашну маросими МИҲД-и шаҳр Шаҳбоз Раҳматов иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳайати гурӯҳи тарғиботӣ бо сокинон доир ба риояи меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ва фаҳмонидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2025, №2163 “Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” моддаи 253 қисми 1- вайрон кардани қоида аз меъёрҳои истифодаи қувваи барқ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми апрели соли 2025, №2164 “Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” моддаи 382 - риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ, пешгирии шомилшавӣ ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти экстремистиву террористӣ ва пешгирии тақлид ба фарҳанги бегона суханронӣ намуданд.
Инчунин, доир ба ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, пойдории Ваҳдати миллӣ, устувор нигоҳ доштани давлатдории миллӣ, сарҷамъии миллат, ҳифзи арзишҳои миллӣ, тарғиби андешаи миллӣ, вусъати корҳои ободонӣ, тозаву озода нигоҳ доштан хонаву манзили шахсии сокинон, захираи ғизои дусола, самаранок истифола бурдани заминҳои наздиҳавлегӣ, даъват ба корҳои ободониву созандагӣ таъкид карда шуд.
Сипас, бо сокинон суҳбати озод доир гардида, ба пурсишу пешниҳодҳо посух дода шуд.





















