18 Апрел 2016
Давоми соли 2015 ва тайи се моҳи соли ҷорӣ дар вилоят 559 нафар бо иттиҳоми терроризм ва экстремизм дастгир шуданд. Гаравидани ҷавонон ба гуруҳҳои иртиҷоии ва равияҳои тундгаро муаммои ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, пешгирӣ ва мубориза ба ин зуҳуроти номатлуб ҳамдастии кулли ҷомеаро тақозо дорад.
Ба иқдоми Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ даҳаи мубориза таҳти унвони “Интихоби ҷавонон: ҳаёт бидуни терроризм ва экстремизм” эълон гардидааст.
Бино бар шарҳи раиси кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ Сарфароз Юнусов қариб 1000 нафар ҷавонони Тоҷикистон дар сафҳои гуруҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” дар Сурия ва Ироқ қарор доранд.
Бо дастур ва ҳидояти Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода роҳҳои мубориза бо терроризм ва экстремизм пурзўр гардида, дар ин самт тадбирҳои мушаххасе роҳандозӣ шуданд. Бошандагон ва кулли ҷавонони шаҳр нисбати ин падидаи нанговар бетаваҷҷуҳ набуда, силсилаи чорабиниҳои тарғиботиву ташвиқотиро дар даҳрўзаи мубориза алайҳи терроризму экстремизм дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ бо ҷонибдорӣ аз ташаббус роҳандозӣ хоҳанд кард.