28 Апрел 2016
27-уми апрели соли 2016 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр (даъвати панҷум) доир гардид. Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода кори иҷлосияро ифтитоҳ бахшид.
Баъди садо додани Суруди миллӣ вакилон котиботи иҷлосияро интихоб ва рўзномаи иҷлосияро иборат аз панҷ банд тасдиқ намуданд.
Аз рўи масъалаи аввал дар бораи иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми феврали соли 2016, №АП-681 дар бораи гузаронидани Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни шаҳрак, деҳа, маҳалла, хона ва оилаи намунавӣ ва «Оид ба рафти иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд аз 11-уми апрели соли 2015, № 178 “Дар бораи эълон намудани 500 рўзи меҳнати зарбдор бахшида ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода гузориши муфассал дод.
Баъдан роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр Абдуаҳад Каримов ҷиҳати омодагӣ баромад карда зикр дошт, ки ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати кумитаи тадорукот ва нақшаи чорабиниҳо иборат аз 66 банд таҳия шудааст. Ҳадафи асосӣ аз ин тадбирҳо ба беҳтар намудани симои шаҳру шаҳракҳо, тоза намудани маҳалли зист, вусъати корҳои ободкориву созандагӣ, ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои баланди меҳнатӣ ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни Истиқлолият мебошад.
Вакил аз ҳавзаи интихоботии №34 Каромат Қосимова ва раиси Ҷамоати шаҳраки Зарнисор Шаҳло Шарифова ба музокира баромаданд.
Доир ба “Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои саноат, сохтмон, алоқа, хоҷагии коммуналӣ ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ” вакил аз ҳавзаи интихоботӣ №25, раиси комиссия Бахтиёр Маҷидов сухан кард.
Ҳамчунин вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии “Фирдавсӣ” №3 Сўҳроб Мамадҷоновро оид ба рафти иҷрои ваколати вакилӣ шуниданд.
Оид ба баррасии қарори Раиси шаҳр “Дар бораи эълон намудани Рўзи шаҳри Гулистон – 15-уми сентябр” ва озмун барои таҳияи рамзи шаҳр мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Илҳом Мадализода гузориш дод. Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ин иқдоми фараҳбахшро якдилона ҷонибдорӣ карданд.
Вакилони иҷлосия ҳамчунин якчанд қарорҳои ба тасвиб расидаи Раиси шаҳрро марбут ба масоили гуногуни иҷтимоӣ ва ҷудо намудани маблағ тасдиқ намуданд.
Дар кори иҷлосия Орифҷон Хоҷазод, муовини Раиси вилоят иштирок ва баромад кард.
Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода зимни баромади хеш таъкид дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар партави дастуру супоришҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вазифагузориҳои Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои олии созандагиву бунёдкорӣ, бо тақвияти ҳисси бештарӣ масъулиятшиносӣ ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни ҳумоюни 25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми имкониятҳоро роҳандозӣ хоҳанд кард.
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон (даъвати панҷум) баъди садо додани Суруди миллӣ ба охир расид.