02 Апрел 2024
Имрӯз, 02.04.2024 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд вохӯрии вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода бо интихобкунандагон баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ вобаста ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, расонидани нуктаҳои муҳими мулоқоти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин, тақвияти корҳои ободонӣ ва дигар масъалаҳо суханронӣ карда шуд.
Вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода зимни суҳбат иброз дошт, ки дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитсон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар пешниҳод намуданд, ки ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад. Вобаста ба ин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2023 таҳти №668 Дар бораи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024 ба тасвиб расид.
Маърифати ҳуқуқӣ мафҳуми дар назари аввал мураккаб буда, дар асл моҳият, дарк ва фаҳмиши он мушкилӣ надорад — он иҷрои амалҳои ҳаррӯзаи ҳар шахс - шурӯъ аз сокини муқаррарӣ то масъули сатҳи гуногуни роҳбариро дар доираи қоидаҳо, қонунҳо, инчунин риояи меъёрҳои умумибашарии қабулшуда талаб менамояд.
Ҳамчунин, доир ба мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин ба интихобкунадагон маълумот дода шуд.
Зикр гардид, ки дар ҷараёни мулоқот бо намояндагони фаъоли ҷомеа ва ходимони дин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар оид ба ҷараёни татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” андешаронӣ карда, аз аҳли ҷомеаи кишвар риояи қатъии муқаррароти қонунҳоро талаб намуданд.
Дар вохӯрӣ доир ба равандҳое, ки дар ҷаҳони муосир идома доранд, аз ҷумла бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, «сиёсати дугона» нисбат ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва монанди инҳо, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд, инчунин, таъсири онҳо ба ҷомеа ва давлат ибрози андеша намуданд.
Аз интихобкунандагон даъват карда шуд, ки ҳар яки мо бояд ба тозагии гирду атроф, маҳал, деҳа, корхонаву муассиса, шаҳракҳо ва шаҳр аҳамияти ҷиддӣ диҳем. Корҳои ободониву созандагиро ба ифтихори таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тақвият бахшем. Дар ин кор бояд ҳар яки мо саҳмгузор бошем.