26 Сентябр 2024
Бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд аз 29.12.2023, №411 “Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи чорабиниҳои асоси оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2024 ” ва қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 04.01.2024, №3 ва Нақшаи чорабиниҳои асоси дар ин самт тасдиқ гардидаи шаҳри Гулистон, санаи 24 сентябри соли 2024 дар ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” баҳри ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда машқи иншооти да мавзӯи “Амали ҳайати роҳбарикунанда, қувва ва воситаҳои иншоот ҳангоми заҳролудшавӣ аз моддаҳои сахттаъсири заҳролудкунанда” ташкил ва гузаронида шуд.
Дар машқи мазкур қувва ва воситаҳои ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой”, дастаи Хадамоти ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳии Хуҷанд, хадамоти тиббии шаҳраки Зарнисор ва хадамоти ҳифзи тартиботи ҷаъмиятии ШВКД-и шаҳраки Зарнисор дар шаҳри Гулистон бо шумораи умумии зиёда аз 85 нафар ҷалб карда шуда, соати 08:50 дақиқа тариқи маркази идоракунии иншоот бонги “Хатар” эълон карда шуда, амали қувва ва воситаҳои ҷалб гардида ҳангоми сар задани сӯхтор ва бартараф намудани оҷибатҳои он, корҳои наҷотдиҳӣ аз дохили кони зеризаминӣ ва расонидани ёрии аввалини тиббӣ, муайян намудани зарари расонидашуда, бурдани корҳои бартарафсозӣ ва дигар корҳои таъхирнопазир санҷида шуд.
Инчунин фаъолияти хизматии хадамоти ҳифзи тартиботи ҷаъмиятии ШВКД-и шаҳраки Зарнисор дар шаҳри Гулистон низ баҳри иҳота намудани минтақаи ҳолати фавқулодда, маҳдуд кардани даромад ва баромади шаҳрвандон ва воситаҳои нақлиёт минтақаи ҳолати фавқулодда, нигоҳ доштани тартиботи ҷаъмиятӣ дар ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд, пешгири ва ошкор намудани кирдорҳои ҷинояткорӣ, ташкил намудани хадамоти комендантӣ дар минтақаи ҳолати фавқулодда ва дигар чорабиниҳо вобаста ба таъмини бехатарӣ дар маҳалҳо ташкил карда шуд.
Дар натиҷа аз тарафи Роҳбари машқ санаи 24 сентябри соли 2024 машқи иншоотии мудофиаи гражданӣ дар ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой”ҷамъбаст, таҳлил ва хуб баҳогузорӣ карда шуд.