17 Май 2016
13-уми майи соли 2016 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати Матлубахон Амонзода, Раиси шаҳри Гулистон ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар он Раиси шаҳр таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба сафарбар кардани зарфиятҳои мавҷуда оид ба татбиқи нақшаву барномаҳои вобаста ба омодагиҳо ба истиқболи сазовори ҷашнҳои миллии 19-умин солгарди Рўзи Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ, қабл аз ҳама дар корҳои ободонию сабзу хуррамгардонӣ дар таносуби маҳаллаву шаҳракҳо, корхонаву идораҳо, боғу гулгаштҳо ва кўчаҳои шаҳру шаҳракҳо ҷалб намуда, дастур дод, ки дар ин самт тадбирҳоро боз ҳам густариш мебояд. Доир ба ин самт баҳри иҷрои Амри Президенти мамлакат аз 24 феврали соли 2016 дар шаҳр чорабиниҳои муайян роҳандозӣ шудаанд.
Мудири шуъбаи масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Илҳом Мадализода оид ба қарори Раиси шаҳр аз 11-уми апрели соли 2016, №98 «Дар бораи гузаронидани мусобиқа бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни шаҳрак, деҳот маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ» ҳарф зад. Муқаррароти умумии Мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ба самъи ҳозирин расонида шуд.
Матлубахон Амонзода, доир ба масъалаи пурзўр кардани назорати ҳолати санитарию эпидемиологии шаҳр ибрози андеша кард. Бо мақсади дар ҳолати хуби санитарӣ нигоҳдории шаҳр ва таъмини реҷаи барориши партовҳо дастурҳо дода шуд.
Вусъатбахшии корҳои оммавӣ алайҳи тамоюлҳои номатлуби ифротгароӣ дар ҷомеа мавриди гуфтугузори Раиси шаҳр қарор гирифт. Дар бораи як қатор корҳои ободкориву созандагӣ ва иншоотҳои ҷашнӣ, ки баҳри боз ҳам зебову дилрабо гардидани шаҳри Гулистон нигаронида шудаанд, иттилоъ дода, масъулинро Раиси шаҳр муваззаф кард, то дар амалисозии саривақтии нақшаҳои бунёдкора саъй намоянд.
Ҳадафи ҷаласаи кории Раиси шаҳри Гулистон ҷалби фаъолияти фаъолон ба омодагӣ ва истиқболи сазовори ҳумоюнҷашни миллии 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст.