20 Май 2016
Қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 5-уми майи соли 2016, таҳти №111 “Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳр барои фаъолияти мунтазам ва самарабахши солҳои 2016-2017” ба тасвиб расид.
Нақшаи чорабиниҳо, ҳайати ситоди шаҳрӣ, рўйхати эҳтиёҷоти муассисаҳои тиббию маориф ва фарҳанг ба ангишту ҳезум, сўзишворӣ барои генератор замимаю муайян гардидааст.