16 Январ 2025
Санаи 14.01.2025 иҷрокунандаи Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода аз як қатор иншооти соҳаҳои гуногун дар шаҳраки Сирдарё дидан намуд.
Нахуст аз Маркази саломатии шаҳрак дидан карда шуд, иттилоъ дода шуд, ки маркази саломатӣ 7 сентбяри соли 2024 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.
Маркази нави саломатӣ дуошёна буда, аз 13 ҳуҷраи корӣ, аз ҷумла ҳуҷраҳои табиби дандон, ташхиси ултрасадо, тибби оилавӣ, хатна, амрози занона ва маҷлисгоҳ бо 25 ҷойи нишаст иборат аст.
Иншооти нави саломатӣ барои хизмат ба 862 хоҷагӣ ва 3 ҳазору 724 сокини шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистони бо сатҳу сифати ҷаобгӯ ба талаботи замони муосир пешбинӣ шудааст.
Бо бунёд гардидани бинои нави маркази саломатӣ дар шаҳраки Сирдарё 10 мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин карда шудаанд.
Маркази саломаттӣ барои беҳгардонии саломатии сокинон фаъолияти борамром дорад.
Сипас, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода аз мавзеи бунёди иншооти ҷашнӣ - боғи Парчами миллӣ дар шаҳрак ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуда, барои бо сифати баланд ва дар муҳлати муайян гардида бунёд намудани иншоот дастур дод.
Сипас, аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шаҳрак дидан карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаи мазкур 756 нафар хонанда таҳсил мекунад ва ба онҳо 44 нафар омӯзгор таълим медиҳад.
Илҳом Пӯлотзода пас аз шиносоӣ барои иваз намудани тахтаҳои синфӣ, таъмир намудани толори варзишии муассиса ва ошхона ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамчунин, аз муассисаи давлатии таълимии томактабии №22 “Бобуна” ва варзишгоҳи шаҳрак, ки барои навъи варзиши футбол равона гардидааст дидан карда шуд.