Матни равон

Имрӯз, 23.01.2025 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба шунавандагони курси омӯзишии пайравони Пешвои миллат дарси навбатӣ дар мавзуи “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ” баргузор карда шуд.

Дар дарси мазкур мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов ва мутахассиси татбиқи забон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани истиқлоли миллӣ, ки орзуву ормони ҳазорон фарзандони ҷонфидои он буд марҳилаи нави ташаккулро оғоз намуд. Вале мутаассифона ба гирдоби кашмакашҳои дохилӣ бо дастандаркории шахсону гурӯҳҳои манфиатхоҳи дохиливу берунӣ кашида шуд. Хушбахтона хиради азалии миллати тоҷик ба зулму торикӣ пирӯз гардид ва бо ба роҳбарии кишвар омадани фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошу пайкорҳои фидокоронаашон халқи тоҷик сарҷамъ гардида, ба кашмакашҳои дохилӣ нуқта гузошта шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи воқеаҳои мудҳиши низоъҳои дохилӣ чунин зикр намудаанд, ки: “Воқеаҳои фоҷиабори солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои миллати мо як имтиҳони ҷиддии таърихӣ буданд ва мо аз он давраи ниҳоят сангин барои имрӯзу ояндаи худ сабақҳои фаромӯшнашуданӣ гирифтем”.

Дар ҳақиқат таҷрибаи талхи сипаригардида барои мардуми мо сабақҳои фаромӯшнашуданӣ дод. Насли он замон, ки чунин рӯзҳои мудҳишро паси сар намудаанд ба ҳеҷ ваҷҳ намехоҳанд, ки дигар чунин рӯзҳоро бубинанд. Бинобар ин хуб дарк мекунанд, ки Истиқлолу озодӣ ва сулҳу оромӣ бузургтарин неъмат барои ҳар як давлат ба ҳисоб меравад.

Дар мавриди аҳамияти истиқлол Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки: “Арзиши истиқлолияту озодии Ватан бо ягон ченак арзёбӣ карда намешавад. Истиқлолият бузургтарин сарват ва бебаҳотарин неъмат барои ҳар миллате мебошад, ки худро шинохтааст ва таъриху тамадуни хешро медонаду аз онҳо ифтихор мекунад”.

Имрӯз халқи тоҷик шукрона аз сулҳу ваҳдату озодиву соҳибистиқлолӣ мекунанд. Маҳз, соҳибистиқлолӣ буд, ки тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Сиёсати “дарҳои кушод” ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд обрӯ ва мақоми Тоҷикистонро дар арсаи олам хеле боло бурд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи хосаи худро касб намуд.

Ба андешаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Агар дар мамлакат сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, сарҷамъии миллат ва ваҳдати миллӣ ҳукмфармо бошад, тамоми нияту ҳадафҳои нек ва нақшаву барномаҳо иҷро мегарданд ва ҳамаи масъалаву мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ба тадриҷ бартараф карда мешаванд”.

Барои давлат, ки аз муҳимтарин ниҳодҳои ҷомеа арзёбӣ гардида ва он фарогири гурӯҳи муайяни инсонҳо аст, ваҳдати миллӣ ва ҳифзу нигоҳдории он барои мавҷудияти минбаъда ва таъмини хушбахтии инсон ҳадафи усулӣ ба ҳисоб меравад. Ин воқеиятест, ки аксарияти ҷомеашиносон чунин назар доранд. Зеро дар шароити муосир соҳиб гардидан ба рушди устувори давлат дар ҳама соҳа ва рақобатпазир будан дар раванди бозиҳои сиёсӣ танҳо бо ваҳдату якдилӣ ва муттаҳидии қишрҳои ҷомеа имконпазир аст. Воқеияти сиёсӣ ва ҳақиқатҳои рӯзгор бозгӯйи онанд, ки ба василаи ваҳдати миллӣ давлатҳо муҳимтарину бузургтарин ормону ҳадафҳои миллии худро амалӣ гардонидаанд. Чунин воқеиятро таҷриба ва таърихи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври дақиқ собит намуда, ки ваҳдати миллӣ омили муҳимтарини пешрафти шахс, ҷомеа ва давлат мебошад.

Дар шароити имрӯзаи ҷаҳон ва зуҳури таҳдидҳои нав ба нав нақши ваҳдати миллӣ дар нигоҳдории суботи ҷомеа афзоиш ёфтааст. Дар асоси мушоҳида, таҳлил ва хулосаи равандҳои сиёсии ҷаҳон, бозиҳои геосиёсӣ ва ҷангҳои иттилоотӣ дар фазои маҷозӣ гуфтан мумкин аст, ки барои давлатҳои миллӣ дар оянда масъалаи ҳифз ва нигоҳдории ваҳдати миллӣ аҳамияти бештарро касб менамояд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:735
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1764
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:4233
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:12805
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:7816
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:68472
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8352389

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?