Матни равон

Имрӯз, 25.01.2025 дар толори мактаби санъати маркази шаҳр вохӯрӣ бо сокинон , аъзои комиссияҳои учаткаҳои интихоботӣ вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон, коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Қурбонов ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси вилоят Исматҷон Ҷумаев иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 4 декабри соли 2024, №882 Дар бораи таъини интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ - Интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо 2 марти соли 2025 таъин карда шуд.

Дар Иҷлосияи ғайринавбатии бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати шашум масъалаҳои интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати ҳафтум, ташкил намудани Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати ҳафтум, миқдори ҳавзаҳои ҳудудии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати ҳафтум ба баррасӣ гузошта шуда, аз ҷониби вакилон қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати ҳафтум иборат аз 15 нафар ташкил гардид.

Бо мақсади муҳайё намудани шароити муносиб барои пешбарии номзадҳо ва барои гузаронидани интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати ҳафтум ба миқдори 35 ҳавзаҳои интихоботӣ бо муқаррароти ном, ҳудуд, рақам ва шумораи интихобкунандагон ташкил карда шуд.

Ҳамчунин, бо мақсади муҳайё намудани шароити муносиб барои интихобкунандагон, барои гузаронидани интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати ҳафтум ва вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати ҳафтум ба миқдори 35 участкаҳои интихоботӣ бо муқаррароти ҳудуд, рақам ва шумораи интихобкунандагон ташкил карда шуд,

Ҳамзамон, барои гузаронидани интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати ҳафтум, комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон ташкил карда шудааст.

Барои дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор намудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ коршиносон доир ба раванди интихобот суҳбат намуданд. Дар фарҷом изҳори итминон карда шуд, ки маъракаи муҳими сиёсӣ дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор мегардад.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1126
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1764
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:4624
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:12805
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:8207
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:68472
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8352780

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?