25 Май 2016
Чунин ном дошт филми ҳунарии коргардони соҳибзавқи телевизиону кинои тоҷик Баҳроми Сайфиддин, ки дар Кохи Истиқлол пешкаши тамошобинони шаҳри Гулистон гашт.
Филм дар деҳаи Вешаби ноҳияи Айнӣ ба навор гирифта шудааст. Сужаи асосӣ аз ишқи софу беолоиши ду навҷавони кўҳистон Ворису Моҳпарӣ ва дар ин роҳ уфтода хестанҳои эшон, талоши онҳо ҷиҳати ба соҳили мурод расиданҳост, ки хеле самимиву оддӣ ба навор бардошта шуда, инъикоси воқеии ҳаёти кунунист. Суруду тарона ва рақсҳои ҷолиби миллӣ муҳтавои рухдодҳоро пурра намудааст.
Тамошои филм бинандаро ба андеша водор карда, аз содир кардани иштибоҳҳову ноҷўриҳои рўзгор ва пешгирӣ аз онҳо ҳушдор медиҳад. Нақшҳои асосиро ҳунармандони шинохта Нурулло Абдуллоев, Гулсара Абдуллоева, Фатҳулло Абдуллоев, Дилбар Умарова, Каримҷон Ғафуров, Ҷумъахон Сироҷов, Савлатмоҳ Ақназарова, Фарҳод Холҷонов ва дигарон басо моҳирона бозидаанд.
Дар муаррифӣ ва тамошои филм Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода низ ҳузур дошт.