07 Феврал 2025
Имрӯз, 06.02.2025 тибқи нақшаи баргузории суҳбату мулоқоти ҳайати таблиғотии “Модарони Ваҳдатсаро” таҳти унвони “Бирав фарзанд, хизмати Ватан – Модар бикун!” ва “Террорист Ватан, миллат ва дин надорад” бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо афсарону сарбозони қисми ҳарбии 45025-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд вохӯрии доир гардид.
Дар вохӯрии мазкур муовини Раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон, муовини ректори МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Давлатзода Рухсора, Гулнози Тоҳириён шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Қосимова Каромат Маҳмудовна раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳри Гулистон, Матлуба Сатторова мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ҳамчунин раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр Ғайрат Оқилзода, комиссари ҳарбии шаҳр Хайрулло Сатторзода ва командири қисми ҳарбии 45025 Қурбозода Хусрав иштирок ва суханронӣ намуданд.
Муовини Раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон вохӯриро оғоз намуда баён дошт, ки ки аз таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷорӣ 32-сол сипарӣ мегардад ва мутмаинан 32-соли арзи ҳастӣ доштани Қувваҳои Мусаллаҳ бо дуои модарони меҳрубони Ватан рушду камол ёфт. Мутмаинан, ки имрӯз модари ҳар як сарбоз – модарони ҳамаи Шумо сарбозони содиқи Ватан шабу рӯз барои хизмати софдилонаву содиқонаи Шумо дуои нек мекунанд. Ҳамчунин, ҳазорон модароне ҳастанд, ки барои он афроде, ки ҷавонони моро фирефтаи доми худ гардонида ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ ҷалб мекунанд ва як доғи сиёҳу нангин барои хонаводаи онҳо меоранд ҳамарӯза ҳазорон нафрин мефиристанд.
Бигзор ҷавонмардони Ватан бо ҳамин шиори “Бирав фарзанд, хизмати Ватан – Модар бикун!” амалкарда, садоқатмандона хизмати модар – Ватанро адо намоянду модарон ҳамеша дар лаб дуои нек дошта бошанд.
Сипас, модарони Ваҳдатсаро фарорасии 32-юмин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба сарбозону афсарон муборакбод гуфта, доир ба мавзуъҳои баррасишаванда фикру мулоҳизаҳои худро баён дошта, барои сарбозон тансиҳатӣ, хотирҷамъӣ, рӯзгори босаодат ва хизмати содиқона ба Ватанро таманно намуданд.
Сипас, аз вазъи будубоши сарбозон дидан карда шуд. Масъулин иттилоъ доданд, ки барои хизмати сарбозон ҳамаи шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Ҳамчунин, дар ин рӯз барои сарбозон нону шириниҳо, меваҳо ва якчанд китобҳо аз ҷониби модарони ваҳдатсаро тақдим карда шуд. Инчунин, китоби тозанашри шоира Гулноз бо номи “Коинот” низ ба қисми ҳарбӣ туҳфа гардид.
Сарбозон аз шароити будубоши худ дар қисми ҳарбӣ ва баргузории вохӯрии самимона изҳори сипос намуданд.
Ҳамзамон, санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр баҳри хушҳолии сарбозон барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳод намуданд.