30 Май 2016
26-уми май муовини Раиси вилояти Суғд Заробиддин Файзуллозода бо ҳадафи шиносоӣ аз фаъолияти ҶДММ «Ширкати кўҳӣ - саноатии Тоҷикистону Хитой» ба шаҳраки Зарнисор сафар намуд.
Ўро Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода, муовин, мудирони шуъбаю бахш ва сарварони ташкилоту корхонаҳои масъул ҳамроҳӣ карданд. Натоиҷи сафар дар ҷаласа таҳти раёсати муовини Раиси вилояти Суғд Заробиддин Файзуллозода мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Яке аз самтҳои асосии сиёсати кунунии Эмомалӣ Раҳмон бевосита ба беҳтар намудани вазъи некўаҳволии мардум нигаронида шудааст, - таъкид дошт Заробиддин Файзуллозода. Ҳарчанд яке аз корхонаҳои калони саноатӣ дар ҳудуди Ҷамоати шаҳрак фаъолият дорад ва нишондиҳандаҳои он шоёни қайд аст, аммо норасоиҳои шаҳрак боиси нигаронист. Роҳи автомобилгарди Зарнисор – Бўстон таъмирталаб, ба тозагии ҷойҳои корӣ эътибор дода намешавад, ошхона ва ҷойи хўрокхўрӣ ба талаботи санитарӣ – эпидемиологӣ ҷавобгў нест, музди маоши кормандони маҳаллӣ паст, шароити зист дар хобгоҳҳо беҳбудӣ металабад ва вусъати корҳои ободкориву созандагӣ бо мадади Ширкат тамоман ба назар намерасад, ки ин аз фориғболии масъулин дарак медиҳад.
Дар фароварди ҷаласа муовини Раиси вилоят таваҷҷуҳи ҳозиринро ба ислоҳи норасоиҳои мавҷуда ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб ва ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.