30 Май 2016
26-уми май Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода баъди боздид аз фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Ширкати кўҳӣ - саноатии Тоҷикистону Хитой» ва шиносоӣ аз вазъи ташкилоту корхонаҳои қаламрави шаҳрак дар бинои Ҷамоати шаҳрак машварати корӣ доир кард.
Тавре зикр гардид боми бинои муассисаҳои таълимии рақамҳои 6 ва 10 эҳтиёҷ ба таъмир доранд, бинои зисти сарбозони қисми низомӣ ҳам дорои шароити хуб нест, пардохти маблағи қувваи барқи истифодашуда дар сатҳи паст қарор дорад, ташкили шанбегиҳо бо мақсади таъмини тозагӣ, таъмини либоси ягонаи мактабӣ барои хонандагону омўзгорон ва омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 ва амсоли инҳо фавран бояд мавриди ҳаллу фасл қарор дода шаванд.
Матлубахон Амонзода таъкид дошт, ки бобати ислоҳи норасоиҳо дар ҳар даҳрўза маълумоти муфассал оид ба иҷрои онҳо ба унвонии Раиси шаҳр ирсол гардад.