31 Май 2016
Нигаҳдорандаи ҳар ҷомеа, бақои ҳар миллат, идомадиҳандаи насли инсонӣ бешубҳа, ин кўдаконанд. Ғамхориву мехрубонӣ дар ҳаққи кўдакон, ин худ меҳрубонӣ ба давлату давлатдорӣ мебошад. Ҳамин аст, ки тибқи анъана ҳар сол рўзи якуми июн дар аксари кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, ҳамчун Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон арҷгузорӣ мешавад. Солҳост, ки ин рўз миёни мардуми мо низ чун аз рўзҳои муҳим маҳбубият дорад.
Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон 67 сол муқаддам бо қарори Анҷумани Шўрои федератсияи байналмилалии демократии занон таъсис ёфта, бори аввал соли 1950 дар даҳҳо кишвари дунё таҷлили худро ёфта буд. Ин сана ба мо – калонсолон ҳамеша ҳушдор медиҳад, ки масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кўдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда ба дўши мост.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд:
«Мо онҳоро бояд дўст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поки кўдакон ҷой диҳем».
Аз ин рў, ин санаи некро ҳамчун рўзи баробариву бародарӣ ва ҳифзи манфиатҳои кўдакони ҷаҳон ба ҳамаи шумо ва дар симои ҳар як кўдаки шаҳри Гулистон ба кўдакони тамоми Тоҷикистону сайёра самимона шодбош мегўям.
Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар ҷаҳон аз рўи нишондиҳандаҳои синну сол яке аз давлатҳои ҷавон ба ҳисоб рафта, имрўз 35 дарсади сокинони мамлакатамонро кўдакону наврасон ташкил медиҳанд. Бо мақсади таъмини ҳифзи иҷтимоии кўдакон, хусусан кўдакони маъюб, оид ба нигоҳубину парасторӣ, таҳсили бепул, таъминот бо нафақа, хобгоҳ, ҷои кор ва беҳтар намудани вазъи моддии кўдакон аз ҷониби Ҳукумат то ба имрўз тадбирҳои зиёде андешида шудаанд.
Ман ба ҳамаи кўдакону наврасони шаҳрамон саломативу хушбахтӣ ва осмони соф, сулҳу оромӣ орзумандам.
Сарбаланд, хушбахту баландиқбол ва номбардори Ватани хеш бошед, фарзандони азиз!