01 Июн 2016
31-уми май дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Конфронси VII Шўрои собиқадорони ҷангу меҳнат доир гардид.
Вакилони конфронс панҷ масъаларо мавриди ҳаллу фасл қарор доданд. Аз рўи масъалаи аввал оид ба ҳисоботи Шўрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Гулистон аз моҳи августи соли 2011 то моҳи майи соли 2016 Муҳаммадҷон Файзуллоев , раиси Шўрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр баромад намуд. Собиқадорони меҳнат Абдурасул Қодиров ва Санавбар Нуруллоева ба музокира баромаданд. Баъдан ҳисоботи раиси комиссияи тафтишотии ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнат А.Эгамбердиев шунида шуд. Аз рўи ин масъала вакили конфронс Султон Каримбердиев музокира кард.
Тибқи рўзномаҳои навбатӣ вакилон ҳайати Шўрои ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр, комиссияи тафтишотии ташкилоти собиқадорон ва вакилонро ба конфронси ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят интихоб намуданд.
Доир ба ҳамаи масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул ва аз ҷониби вакилони конфронс тасдиқ карда шуд.
Дар кори конфронс муавини Раиси шаҳри Гулистон Ғайратҷон Оқилов ва раиси Шўрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят Мўҳсин Раҳимов иштирок ва баромад намуданд.