01 Июн 2016
Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон таҳти раёсати Матлубахон Амонзода ҷаласаи корӣ оид ба омодагӣ ба фаслҳои тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 ва ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои ободкориву созандагӣ баҳри истиқболи сазовори ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Котиби ситоди шаҳрӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 Фазлиддин Орифов дар бораи тадбирҳои иҷро гардида маълумоти муфассал дод. Тавре аз гузориши котиби ситод возеҳ гашт, алҳол баҳри иҷрои қарори Раиси шаҳр аз 5-уми майи соли 2016, таҳти №111 роҳандозии нақшаҳо айни матлаб нест.
Раиси шаҳр ҳолати иҷрои қарорро мавриди баррасӣ қарор дода, раисони Ҷамоати шаҳракҳо ва мудирони шуъбаю бахш, роҳбарони ташкилоту корхона ва раисони кумитаи маҳаллаҳоро вазифадор намуд, ки захираи ангишт, ҳезум, корҳои оинабандӣ, таъмиру тармими биноҳо, хатти озоди барқ ба муассисаҳои таълимию томактабӣ, регу намак барои пешгирии лағҷиш дар роҳҳоро таҳти назорат гиранд. Баҳри фаъолияти мураттаби таъмини аҳолӣ бо қувваи барқ ва оби ошомиданӣ ба соҳаҳои хоҷагидори шаҳр супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар иртибот ба истиқбол ва таҷлили сазовори ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳадафи дар сатҳи баланди ташкилию ғоявӣ гузаронидаи ба масъулин дастур дода шуд, ки чораҳои таъхирнопазир андешиданд. Ҳамчунин Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, Соли фарди солим, Соли маҳалла, деҳа ва шаҳраки обод ва 500 рўзи меҳнати зарбдор ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуд.