02 Июн 2016
Кўдакон ояндаи миллат ба шумор мераванд. Аз ин лиҳоз, давлату Ҳукумат баҳри фароҳам сохтани ҳама гуна шароит барои онҳо саъю талоши зиёд ба харҷ медиҳад.
Кўдакону наврасон ояндаи давлату миллатанд ва ҳамаи кўшишу заҳматро баҳри он равона бояд сохт, то онҳо дастгирӣ ёбанд, ҳуқуқҳояшон ҳифз шавад, дар муҳити созгору созанда ба камол расанд ва ворисони сазовори ин сарзамин гарданд.
Ҳамасола дар саросари ҷаҳон 1-уми июн ҳамчун Рўзи байналхалқии ҳифзи кўдакон ҷашн гирифта мешавад. Дар ҷумҳурии мо низ, аз ҷумла дар шаҳри Гулистон бахшида ба ин рўз силсилаи чорабиниҳо гузаронида шуданд. Ба ин муносибат 1-уми июн дар Кохи Истиқлол бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр чорабинии идона таҳти унвони “Кўдакон сарвати бебаҳоянд” баргузор гардид.
Чорабинии идона бо ташрифи Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода ва қироати шеъри “Тоҷикистон” дар иҷрои ғолиби озмуни шаҳрии “Шукуфаҳои Истиқлол” Нурия Исматова аз кўдакистони “Офтобак”, ки соҳиби “Шоҳҷоиза” гардида буд оғоз ёфт. Дар даромадгоҳ маҳсули ҳунару эҷод ва дастовардҳои кўдакону наврасон ба намоиш гузошта шуд. Баромади толибилмони мактабҳои маркази шаҳр бо иҷрои суруду таронаҳо дар васфи Ваҳдат, Сулҳ, Модар, Ватан, Тоҷикистон, саҳнаҳои ҷолиб ва рақсҳои дилангези онон шукуҳбахши маҳфили идона буд.
Идомаи силсилаи чорабиниҳо бахшида ба Рўзи байналхалқии ҳифзи кўдакон чун анъана дар фароғатгоҳи “Маниҷа” барои кўдакони имконияташон маҳдуд сурат гирифт. Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода дўстрўяконро ба ин санаи фархунда шодбош гуфт ва ба “Бунёди шафқати ба номи Турсуной Зокирова” барои оростани дастархони идона изҳори сипос кард.
Маҳфили фараҳу шодӣ он рўз бегоҳӣ дар маҳаллаҳои Дўстии халқҳо ва Мирзо Турсунзода бо доиркунии озмунҳои варзишию фарҳангӣ таҷлил карда шуд, ки писанди наврасон гардид. Дар чорабиниҳои идона намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ иштирок доштанд.
Шодии кўдаконро дар ин рўзи барои онҳо басо фараҳбахш ҳадду канор набуд.