07 Июл 2016
Дар барои даъвати иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр (даъвати панҷум)
Мутобиқи моддаҳои 12 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», қарор мекунам:
1. Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр. даъвати панҷум 15-уми июли соли 2016, соати 9:00 даъват карда шавад.
2. Ба баррасии иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати панҷум масъалаҳои зерин пешниҳод карда мешавад:
2.1. Рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми октябри соли 2011, №480 «Дар бораи тасдиқи Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020».
2.2. Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ.
2.3. Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии «Ҷомӣ», №30 Ҳомидова Дилдора Содиқовна оид ба рафти иҷрои ваколати вакилӣ.
2.4. Тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳр.
3. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр Каримов А.Қ. гузошта шавад.