07 Июл 2016
Корхонаҳои саноатии шаҳри соҳили «Баҳри тоҷик» сарфи назар аз мушкилиҳову монеаҳо, таъсири манфии бўҳрони шадиди молиявии ҷаҳонӣ тавонистанд дар шаш моҳи соли равон аз нақшаи дурнамо зиёд маҳсулоти бозоргири ҷавобгўй ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ва молҳои ниёзи мардум истеҳсол кунанд ва аз лиҳози саҳмгузорӣ дар маҷмўи маҳсулоти саноатии вилоят нишондиҳандаро ба зиёда аз 31 дарсад расонида, миёни шаҳру навоҳии шимоли кишвар ба мақоми аввал баромаданд.
Бино ба иттилои Фазлиддин Орифов, мудири бахши саноат ва энергетикаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар шаш моҳи соли равон кулли корхонаҳои саноатӣ сарфи назар аз моликияташон тавлиди маҳсулотро ба маблағи 877 миллиону 419 ҳазор сомонӣ роҳандозӣ кардаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2015 ба 142,3 дарсад баробар мебошад ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 260,7 миллион сомонӣ зиёд маҳсулот тавлид шудааст.
Мудири бахши саноати шаҳр ҳамзамон афзуд, ки кормандони саноати Гулистон дар ин фосилаи вақт муваффақ гаштанд иҷрои дурнаморо ба миқдори 143,7 дарсад ва иҷрои ўҳдадориро дар ҳадди 107, 9 дарсад таъмин намоянд, ки ин баландтарин нишондиҳанда дар қаламрави вилояти Суғд маҳсуб меёбад.
Чун ҳамешагӣ Ширкати кўҳи-саноатии Тоҷикистону Хитой, ҶМ ТКММ «Апрелевка», «Сахо и К», ҶДММ «Хубон», ҶДММ «Чархи гандумин», ҶДММ «Фаровон», ҶДММ «Равшан» дар сафи корхонаву ширкатҳои пешсафи шаҳри Гулистон ҷой гирифта, дар заминаи талаботи бозор истеҳсол ва коркарди маҳсулоти саноатӣ ва молҳои ниёзи мардумро ба роҳ мондаанд.