Матни равон

Дар нишасти матбуотии Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода, ки ба натоиҷи хоҷагии халқи шаҳр дар фарогирии ним соли сипаришудаи 2016 бахшида шуда буд намояндагони зиёда аз  20 нашрияю оҷонсӣ ва радиову телевизиони вилоятиву ҷумҳурӣ ва хориҷии васоити ахбори умум ширкат доштанд.

Бо ифтитоҳи нишасти матбуотӣ Раиси шаҳр қаблан ба таври ихчам аз натоиҷи шаш моҳи хоҷагии халқи шаҳр назди хабарнигорон гузориш дод. Мавсуф аз ҷумла зикр дошт, ки шаш моҳи соли 2016 сарфи назар аз таъсири манфии бўҳронию молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ барои бошандагони Гулистон бобарор буд.

Таъкид шуд, ки дар шаш моҳи соли равон ба қисми даромади буҷети давлатӣ ба маблағи 42,8 миллион сомонӣ маблағҳои андозу  пардохтҳо ворид гаштанд, ки 102,3 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳанд. Ба буҷети шаҳр аз нақша зиёд 964,5 ҳазор сомонӣ маблағ воридот шуд. Ё ин ки корхонаҳои саноатии шаҳр аз лиҳози сахмгузорӣ дар маҷмўи ташаккули маҳсулоти саноатии вилоят ишондиҳандаашонро ба зиёда аз 31 дар сад расонида, миёни дигар шаҳру навоҳии вилоят ба мақоми аввал баромаданд.

Вазъи соҳоти иҷтимоӣ, тандурустӣ, фарҳанг низ мўътадил буда, дар мадди назари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дорад.

Сипас хабарнигорон вобаста ба ҳамаи паҳлўҳои хоҷагии халқи шаҳр дар фосилаи шаш моҳ суолҳои худро ироа доштанд.

«Минбари халқ»- Мирзоаъзам Мақсудов:

-Омили асосии чунин пешравиҳо дар чи ифода меёбанд? Ва чаро бо вуҷуди чунин дастовардҳо қарзи музди меҳнат ба мушоҳида мерасад?

- Қабл аз ҳама ташкили дурусти кор, дарки масъулияти мутахассисони соҳот буд, ки чунин пешравиҳо насиби шаҳри Гулистон шуданд.

-Дар масъалаи  мавҷудияти қарзи музди маош бошад, ин дар равобит бо корхонаи маъдантозакунии «Адрасмон» мебошад, ки се соли охир фаъолият надорад. Аммо дар ин самт  бо мусоидати гурўҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо роҳандозӣ мешаванд, ки бояд то охири сол натиҷаи мусбӣ бахшад.

Суоли Ҷўра Юсуфӣ, бо намояндагӣ аз ҳафтавори «Дам»:  -Нақши корхонаҳои саноатии шаҳрро дар ҳалли масоили иҷтимоии шаҳракҳо чи тавр арзёбӣ мекунед?

-Албатта, мусбӣ мебошад. Маҳз бо дастгирии ҳамаҷонибаи чунин корхонаҳо дар шаҳракҳои Зарнисор, Консой  корҳои ободкориву созандагӣ, таъмири  мактабу беморхона, роҳҳои мошингард анҷом дода мешаванд, ки боиси қаноатмандист. Албатта, ин дастгириҳо ҳанўз ба таври кофӣ нест, вале дар ин ҷода корҳо идома хоҳанд ёфт.

-Вазъи  пешгирии ҷинояткорӣ, ба виҷа пайвастани ҷавонон ба гурўҳҳои тундрав дар шаҳри Гулистон чи тавр ба роҳ монда шудааст,- суол дод Масъуми Муҳаммадраҷаб, хабарнигори радиои «Озодӣ» дар вилояти Суғд.

- Хушбахтона, дар ин масъала  шаҳри Гулистон  дар канор аст ва баҳри боз ҳам ба таври ҷиддӣ пешгирӣ кардани ҷавонон аз чунин ҷиноятҳо аз ҷониби сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, аз ҷумла бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва дигар тадобири муассир андешида мешаванд.

Санавбар Мақсудова, хабарнигори радиои Тоҷикистон: -Бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Гулистон чи иншоотҳо мавриди бахрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт?

- Дар мардум анъанаи хубе ҳаст, ки бо дастовезу армуғонҳо иду айём ва санаҳои муҳими кишварро пешвоз намоянд. Имсол низ истисно нест  ва то охири сол, дар маҷмўъ 25 иншоотҳои гуногуни истеҳсоливу хизматрасонӣ сохта ба истифода дода мешавад.

Роҳҳи автомобилгард дар самти шаҳраки Чоруқдаррон кай таъмир хоҳад шуд?- Саидҷон Сулаймонов, хабарнигори рўзномаи «Согдийская Правда».

- Ин масъала аз мадди назари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр берун намондааст ва соли дигар ҳалли мусбии худро пайдо хоҳад кард.

- Мутобик ба маълумоти оморӣ дар шаш моҳ дар ҳудуди шаҳр 97 ҳодисаи ҷиноят, аз ҷумла худкушӣ ба қайд гирифта шудааст, инро чи тавр арзёбӣ метавон кард?- Маҳмуд Муталибов, ширкати телевизион ва радиои «Диёр».

- Баъле, ин рақам дуруст аст ва  баҳри пешгирии ҷинояткорӣ дар ҳама самтҳо аз ҷониби сохторҳои ҳуқукӣ тадбирҳои мушаххас андешида мешавад, маврид ба зикр мебошад, ки кушоиши  сар задани ҷиноятҳо ба маротиб беҳтар мешавад ва ин моро ба дурнамои хуб далолат мекунонад.

-Фарогирии ятимону бепарасторон ва фарзандон аз оилаҳои серфарзанд ба мавсими осоиш дар лагерҳо дар шаҳри Гулистон чи тавр ба роҳ монда шудааст? Ва иваз шудани номи шаҳрро аҳолӣ чи тавр истиқбол кард,- суол медиҳад Нўъмон Раҷабзода, хабарнигори ҳафтавори «Омўзгор».

- Ба хотири ҳаллу фасли ин қазия соли равон аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 99 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шудааст, ки нисбат ба солҳои қаблӣ зиёд аст. Дар баробари фарогирии теъдоди чунин мактабиён ҳамзамон, қисме аз онҳо дар лагери «Шоҳин» фароғат мебинанд.

-Гулистон шудани шаҳр аз рўи мушоҳидаву хулосаи мардум метавон мусбӣ арзёбӣ кард.  Ҳама хурду калон имрўзҳо дар талошу тараддуд ҳастанд, ки шаҳр обод, дилпазир бошад. Кўшиш хоҳем кард, ки Гулистонро ба гулистони воқеӣ табдил диҳем.

- Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумлаи иқдомҳоест, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят назорат мекунад. Дар ин самт чи тадбирҳо дар Гулистон думболгирӣ мешаванд?

- Корҳои зиёд, ҳамзамон босамар анҷом дода шуд. Дар ин ҷода шаҳраки Сирдарё муваффақтар аст, ин ҷо ҳам маркази таълимӣ ва ҳам тарбияи шогирдон мувофиқи матлаб ба роҳ монда шудааст. Имрўз дар маҷмўъ аз марказҳои истеҳсолӣ 12 ҳазор сомонӣ манфиати молиявӣ ба даст омадааст. Имрўз зиёда аз 1000 метри мукааб метр маҳсулоти  атласу адрас бофта шудааст. Ҳунари дигари қадимӣ-заргарӣ низ дар шаҳри мо равнақи тоза касб мекунад ва нафарони зиёде ба ин шуғл машғул мешаванд.

Абдуаҳад Дадобоев, хабарнигори АМИТ «Ховар»? Дар соли фарди солим чи корҳо мушаххасан анҷом дода шудаанд ва саволи дигар сайёҳӣ чи тавр рушд мекунад?

-Дар Гулистон 22 муассисаи тиббӣ амал карда, вобаста ба имконотҳо  таъмиру тармим ва бо таҷҳизотҳои замонавӣ таъмин шудаанд. Дар ҳамаи шаҳракҳо мошинҳои ёрӣ таъҷилӣ дар хизмат мебошанд.

Гулистон бо дар ҳудуди худ доштани осоишгоҳҳои зиёд воқеан ҳам метавонад дар солҳои на чандон дур ба шаҳри сайёҳиву фароғатӣ мубаддал гардад. Барои ин бояд ҳамаи сохторҳои МИҲД-и шаҳр боз ҳам фаъолтар ва муассиртар фаъолият дошта бошанд.

Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода, дар поёни нишасти матбуотӣ барои ширкати фаъолона дар баргузории ҷорабинии мазкур ба кулли хабарнигорон арзи сипос дошта, онҳоро ба ҳамкории дуҷонибаи судманд даъват кард.


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:4313
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1666
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:13369
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:11751
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:35293
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8244805

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?