20 Июл 2016
Ҷиҳати амалисозии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ ва дар ин замина бунёди иншооту коргоҳҳои истеҳсолӣ дар ҶМ ТКММ «Апрелевка» боз қадаме ба пеш гузошта шуд.
16-уми июли соли равон дар минтақаи кони амалкунандаи ҶМ ТКММ «Апрелевка» иншооти нодир оид ба тўдаи ишқорронии маъдан мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Шурўъ аз соли 1985 то ба имрўз ин ҷо зиёда аз 2,5 миллион тонна маъдани истихроҷшудаи камбағал, ки дар таркибаш миқдори ками тилло мавҷуд аст захира шудааст. Ба хотири коркарди самаранокии ин маъдани истихроҷшуда иншооти мазкур ба истифода дода шуд. Иқтидори коркарди маъдани мазкур тавассути иншооти нав 250-300 ҳазор тоннаро ташкил дода, дар як сол то 115-120 кило металли рақами 1 истеҳсол мешавад.
Боз шароит фароҳам омад, ки зиёда аз 100 нафар ҷавонони маҳалӣ аз шаҳраки Консой бо ҷойи кори доимӣ ва музди хуби маош таъмин шаванд.
Дар маросими ифтитоҳи иншооти мазкур Матлубахон Амонзода Раиси шаҳри Гулистон ва Заробиддин Файзуллозода, муовини Раиси вилоят иштирок доштанд.
Умуман ҶМ ТКММ «Апрелевка» 11 дар сади маҷмўи умумии маҳсулоти саноати шаҳри Гулистонро истеҳсол карда, дар он наздик 900 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд.