25 Июл 2016
Тибқи нақша – чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон аз ҷониби бахши кор бо занон ва оила ва шуъбаи Агентии давлатии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба ифтихори сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун-мусобиқаи «Адрасбофи беҳтарин» дар Маркази таълимӣ истеҳсолии «Сирдарё» гузаронида шуд.
Ҳадафи чорабинӣ рушди ҳунарҳои мардумӣ ва меҳнати хонагӣ, тарғиби фарҳанги либоси миллӣ, арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллии бофандагӣ, вусъати фарҳанги либосдўзии аҷдодӣ ва дарёфти беҳтарин ҳунармандони ҳунарҳои дастии адрасбофӣ буд.
Дар озмун-мусобиқа 10 нафар ҳунармандони шаҳр иштирок намуданд. Ҳунармандон Адолат Ҳоҷиева ва Ҳамида Содиқова аз Маркази таълимӣ истеҳсолии «Сирдарё» бо иҷрои шартҳои муайянгардида ва намоиши ҳунари дастони хеш аз тарафи ҳакамон беҳтарин дониста шуданд.
Ба ғолибон тӯҳфаҳои хотиравии бахши кор бо занон ва оила супорида шуд.