Матни равон

Дар маҷлиси ҳисоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон раиси ҳизб Каромат Қосимова ёдовар шуд, ки Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб дар нимсолаи якуми соли 2016 аз рўи нақшаи кории солонаи худ фаъолияташро идома дод. Аъзоёни ҳизб дар чорабиниҳои сатҳи шаҳрӣ фаъолона иштирок карданд.

Дар ин давра Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб оид ба тарғибу ташвиқи нуктаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша-чорабиниҳо тартиб дода, дар 6 Ҷамоати шаҳракҳо ва маркази шаҳр маҷлису вохўриҳо гузаронид.

Нуруллоҳ Оқилзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нуктаҳои ҷудогонаи ин санади муҳимро ба шаҳрвандон шарҳ дод.

Дар Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб дар нимсолаи якуми соли 2016 як маҷлиси комиҷроия ва 2 маҷлиси Раёсат гузаронида шуд. Дар ин муддат ба қабулгоҳи ҷамъиятӣ аз ҷониби шаҳрвандон 18 шикоят ворид шудааст, ки ҳамаи онҳо ба таври қаноатбахш ҳалли худро ёфтанд.

Дар шаҳр то 1 июли 2016 35 ташкилоти ибтидоӣ фаъолият бурда дар онҳо 3257 нафар аъзои ҲХДТ ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 1672 нафар занон ва 1276 нафар ҷавонон мебошад. Тайи 6 моҳи соли ҷорӣ 170 нафар ба узвияти ҳизб қабул ва 2 ташкилоти нави ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуд. Баробари ин Каромат Қосимова баргузории чорабиниҳои муҳими соли равонро як навъ санҷиши кору фаъолияти аъзои ҲХДТ чун нерўи пешбаранда ва ояндасози ҷомеа арзёбӣ намуда аз ҳозирин тақозо кард, ки дар атрофи сиёсати раҳнамунсози Раиси ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, баҳри рушду нумўи кишвар саҳми назаррас дошта бошанд.

Баъдан раисони ташкилотҳои ибтидоии Ҷамоати шаҳраки Адрасмон Сафар Нурматов, беморхонаи шаҳраки Консой Мирзомат Назмиддинов ва маркази тарбиявии назди шуъбаи маориф Нориниссо Қаҳҳорова ба музокира баромаданд.

Иштирокдорони ҷаласа нақшаи фаъолияти КИ шаҳрии ҲХДТ-ро барои нимсолаи дуюми соли 2016 тасдиқ ва рафти иҷрои “Обуна - 2017” ба рўзномаҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Сухани халқ”-ро мавриди ҳаллу фасл қарор доданд. Қарори ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ тасдиқ карда шуд.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Илҳом Мадализода роҷеъ ба дастовардҳои ҳизб ва омодагиҳо ба ҳумоюнҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф зад.

Дар суханронии худ мудири шуъбаи таблиғотии дастгоҳи КИ вилоятии ҲХДТ Фирдавс Ҳоҷиев қайд кард, ки аз гузориши раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ маълум шуд, ки дар ин муддат корҳои зиёде ба сомон расонида шудааст. Кўшиш бояд кард, ки ба сафи ҳизб бештар ҷавонони донишманд ҷалб карда шаванд, теъдоди аъзоён зиёд ва обуна ба рўзномаҳои ҳизбӣ то ҷашни Истиқлолият анҷом ёбад, - гуфт ў.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:4841
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2713
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:12263
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17685
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:90650
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90276
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7630495

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?