05 Август 2016
Ғолиб омадани Консой дар мусобиқаи беҳтарин шаҳрак дар Гулистон, ки ба истиқболи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бахшида шудааст бе ваҷҳ нест. Ҳадафи асосии мусобиқаи мазкур, ки бо амри Президенти мамлакат ҷараён гирифт, қабл аз ҳама беҳтар кардани вазъи иқтисодиву иҷтимоиёти маҳал, ноил шудан ба нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ, таъмину татбиқ кардани барномаҳои гуногун, ободониву кабудизоркунӣ, ҳифзи муҳити зист, самаранок ва мақсаднок баҳрабардор кардани неъматҳои табиати диёр мебошад.
Воқеан ҳам ҷиҳати амалӣ кардани он шартҳои мусобиқа, ки дар низомнома омадааст бошандагони Консой дар давоми 10 соли охир корҳои зиёду назаррасро ба субут расонидаанд. Имрўз симои шаҳрак ба куллӣ тағйир ёфта, зина ба зина ва марҳила ба марҳила рушд мекунаду пеш меравад. Фаъолияти мўътадилу бомароми ҶМ ТКММ «Апрелевка» чун гиреҳкушои кулли мушкилиҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳрак мусоидат мекунад, ки дар баробари бо ҷойи кор таъмин кардани сокинони маҳалӣ ба ривоҷу равнақи корҳои ободониву созандагии шаҳрак: таъмири роҳҳову муассисаҳои тандуристиву маориф, варзишу фарҳанг ба таваҷҷуҳи бештару беҳтар зоҳир кунад.
Имрўз басо хушу гуворост, ки тавассути роҳҳои таъмиршудаи дохили шаҳрак ҳаракат кардану аз иншоотҳои хурду миёнаи аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ дошта, ки дар маҳалаҳои гуногуни Консой қомат афрохта ба ҳусни шаҳрак ҳусн афзуда дар хизмати мардум қарор доранд.
Албатта, ҳамаи ин ободкориву созандагӣ самари замони соҳибистиқлолӣ, самари заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки аҳолӣ доимӣ дуогўй асту шукргузорӣ аз сарвари худ мекунаду шукргузорӣ аз давлатдории мустақили худ.
- Дар саромади ҳамаи пешравиҳои Консой таъсири мусбии ҶМ ТКММ «Апрелевка» ба хубӣ эҳсос мешавад,- мегўяд Мунира Халилова, раиси Ҷамоати шаҳрак,- ин ҳам бахту ҳам насиби мардуми шаҳрак будааст, ки чунин корхонаи азиму нерўманд доранд. Нақши «Апрелевка» дар ҳамаи чорабиниву маъракаҳои шаҳрак ба хубӣ ба мушоҳида мерасад. Тантанаҳои иди Наврўзу ҷашни соҳибистиқлолии Тоҷикистон маҳз бо дастгирии ҳамаҷонибаи ин корхона бо шукўҳ, шаҳомат ва рангину хотирмон ҷараён мегиранд.
Вазъи мўътадили иқтисодии ҷумҳурист, ки дар шаҳрак соҳибкорӣ низ вусъат пайдо карда, соҳибкорони маҳалӣ дар сохтмони коргоҳҳои хурди истеҳсоливу хизматрасонӣ, ободонӣ ва ин васила дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ саҳм мегузоранд. Имрўз теъдоди соҳибкорон дар Консой наздик ба 30 нафар расида ҳамоно тамоюли афзуншавӣ доранд. Соли 2013 дар шаҳрак ҶСК «Равшан» бо сехҳои дўзандагӣ ва заргарӣ ба истифода дода шуда, зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷойҳои корӣ гашт. Ду сол қабл бошад, боз як корхонаи хурд бо номи «Консой пласт» рўйи кор омада ин ҷо истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ ба роҳ монда шуд. Дар баробари «Апрелевка» ҷавонони шаҳрак дар корхонаи сементбарории «Хуаксин Ғаюрсемент» соҳиби ҷойҳои кори мавсимӣ мешаванд.
Иншоотҳои фарҳангиву варзишии Консой бо таври замонавӣ аз ҷониби «Апрелевка» таъмиру тармим шуда, ҳамеша дар хизмати сокинони шаҳр қарор доранд ва он ҷо чорабиниҳои гуногун доир мешаванд.
Мусаллам аст, ки ободии шаҳрак сахт марбут аст ба рушди иқтисодиёт, ба рушди истеҳсолот. Аз ваҷҳ хурду калони Консой ба фардои боз ҳам шукуфони диёри худ эътимоди комил пайдо карда, ҳамеша омодаанд дар сарсабзиву нумўяш ҳиссагузор бошанд.