12 Август 2016
Солҳо паи ҳам мегузаранд. Гўиё дирўзакак буд, ки аз соҳибистиқлолии давлати тоҷикон муҷдаи фараҳ дар ақсои олам танин андохт. Дар арафаи ҷашни чаҳорякасраи Тоҷикистон чун як давлати пешрафтаву пуриқтидор шинохта гардид. Шукри истиқлолият ва ваҳдату якдигарфаҳмист, ки тавассути заҳмату талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ноил гардидан ба зиндагии шоиста қадам ба қадам дастовардҳо мефизояд.
Ҷамъомади бошукўҳе, ки 11-уми августи соли равон дар толори Шабакаҳои барқии Суғд ба вуқўъ пайваст мўҳтавояш фарогири мазмуни зикраш дар боло рафта буд, ки ба ифтихори 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд.
Сараввал Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода суханронӣ намуда, таваҷҷуҳи ҳузурдоштагони чорабиниро ба ҷанбаҳои таърихии истиқлолият ва саъю талошҳои арзишманди Пешвои миллат дар раванди таҳкими он ҷалб намуд.
-Истиқлолият ба мо заминаи мусоиди таърихиеро фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллиамонро таъсис, суннату арзишҳои миллиро эҳё, ормонҳои деринаи халқро амалӣ ва зиндагии озодонаи халқро ба роҳ монем.
Муҳимтарин дастоварди мо дар ин давра таъмини сулҳу оромӣ, аз хатари нобудӣ наҷот додани давлатдории миллӣ ва аз парокандагию фаношавӣ эмин доштани миллат аст, - зикр дошт Раиси шаҳр.
Директори Шабакаҳои барқии Суғд Тўра Атамов, ҷонишини раиси Ширкати саҳомии холдинги кушодаи Барқи тоҷик” Ғолиб Убайдуллозода, Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазод ва Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ оид ба бузургтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ки самари он барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдори миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандўстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон, ки ба шарофати раҳнамоии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдўсти тоҷик муяссар гардидааст, баромадҳои ҷолиб намуданд.
Шоир Нурмуҳаммад Ниёзӣ аз ашъори хеш шеърҳои навро ба аҳли ҷамъомадагон пешкаш кард, ки мақбули ҳамагон шуд. Ҷамъомади бошукуҳи барқчиён дар руҳияи ифтихор аз соҳибдавлативу соҳибистиқлолӣ басо хотирмон анҷом пазируфт.