17 Август 2016
Ҳар сол дар Тоҷикистон 18-уми август рўзи мавлуди Шайхурраис Абўалӣ ибни Сино ва Рўзи кормандони тиб таҷлил карда мешавад. Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба ин муносибат маҷлиси тантанавӣ доир гардид.
Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода иштирокдорони тантана ва кулли кормандони соҳаи ҳифзи сиҳатии оммаро ба иди касбиашон шодбош гуфта, дар нигаҳдории тандурустии мардуми шариф ба шифокорон дастовардҳои назаррасро орзу кард.
“Дар таъриху фарҳанги халқи тоҷик, - гуфт Раиси шаҳр, - соҳаи тиб мақоми шоиста дошта, давоми қарнҳо аҷдодони мо, ба мисоли Закариёи Розӣ, Абўалӣ ибни Сино ва даҳҳои дигар ганҷинаи бебаҳои тибби ҷаҳониро ба вуҷуд овардаанд. Табибони муосир ворисони арзандаи гузаштагони худанд ва осору истеъдоди фитрии онҳо дар кишвар ва хориҷи он эътироф шуда, мавриди татбиқу амал қарор дорад”.
Гуфта шуд, ки бо дастгириву эҳтимоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маблағгузорӣ ба соҳаи нигаҳдории тандурустӣ сол ба сол меафзояд.
Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Нигина Ҳасанова табрикоти Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро ба самъи ҳозирин расонид. Гулнора Ғафурҷонова барои хизмати шоиста ва фаъолияти бенуқсони тўлонӣ дар соҳаи тиб бо нишони сарисинагии “Аълочии тандурустии Тоҷикистон” сарфарозонида шуд.
Бо амрҳои Раиси шаҳр ва Раёсати тандурустии вилоят як гуруҳ кормандони тиб барои фаъолияти пурмаҳсул дар соҳаи тандурустӣ ба муносибати иди касбиашон бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, Раёсати тандурустӣ ва тўҳфаҳои хотиравӣ тақдиронида шуданд.
Намояндагони соҳаи тандурустӣ Бойназари Бахтиёр ва Гавҳар Исоева миннатдории хешро ба Пешвои миллат, Мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр барои дастгирӣ ва ғамхориҳои рўзафзун нисбати пешбурди соҳа баён доштанд.
Дар интиҳо Раиси шаҳр ба кулли кормандони соҳаи нигаҳдории тандурустӣ барои меҳнати босадоқаташон сипос гуфта, бо иди касбӣ шодбош гуфт.